Абу Довуд, яке аз мубаллиғони аслии гуруҳи ба ном “Давлати исломӣ” аз Тоҷикистон дар зиндони шаҳраки Африни Сурия нигаҳ дошта мешавад. Дар ин бора радиои озодӣ аз рӯи гузориши Агентии иттилоотии ТРТ Туркия иттилоъ додааст. Дар наворе, ки шабакаи телевзиионии туркӣ ТРТ раонаӣ кардааст, Парвиз Саидраҳмонов машҳур ба Абу Довуд дастикам се маротиба нишон дода шудааст.
Дар ҳамин ҳол Радиои Озодӣ менависад, тавассути нафароне, ки ӯро мешиносанд, муайян карда шуд, ки дар воқеъ шахси дар наворбуда Абудовуд аст. Ба ин расона манобеаш гуфтаанд, ки аз ҳаракатҳои ӯ дар Сурия огаҳ будаанд. Зоҳиран Абу Довуд тобистони имсол ҳангоми фирораш аз шаҳри Бағуз, охирин такягоҳи ДОИШ дар вилояти Идлиби Сурия дастгир шудааст.
Гуфтанист, Парвиз Саидраҳмонов аз ибтидои таъсиси ДОИШ дар соли 2014 пайваста дар видеоҳои таблиғотӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо мешуд ва ақидаҳои ин созмони ифротиро ба забони тоҷикӣ таблиғ мекард.
Телевизиони TRT-и Туркия, ки гузориши муфассалеро дар бораи зиндони шаҳраки Африн намоиш додааст, дар он Парвиз Саидраҳмонов дида мешавад. Ӯ дар ин гузориш ба забони арабӣ суҳбат мекунад ва мегӯяд, ки аз Тоҷикистон аст ва ба Сурия, “барои ҷанг омадааст.”
Радиои Озодӣ менависад, ки тавассути корбаронаш маълумот пайдо кардааст, ки як ҷангҷӯи дигар аз Тоҷикистон Тоҷиддин Назаров маъруф бо номи Абу Усомаи Норакӣ ҳам аз тарафи размандагони курд дар Сурия дастгир шудааст ва дар зиндоне бо номи Ҳаққулумр дар шаҳри Дайр аз Зур нигаҳ дошта мешавад.
“Абу Усомаи Норакӣ” сокини 32-солаи шаҳри Норак аст, ки мақомот ӯро аз “хатарноктарин” таблиғгари тоҷикзабони ДОИШ номидаанд.