11 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

Дар семоҳаи севвум муҳоҷирон аз Русия $830 млн интиқол доданд

Моҳҳои июл-сентябр муҳоҷирони кории тоҷик ба кишвар  $830 млн интиқол додаанд. Тибқи иттилоъи Бонки марказии Русия, бештар аз тоҷикон танҳо сокинони Ӯзбекистон аз ин кишвар ба ватанашон тавонистаанд маблағ ирсол кунанд. 

Шаҳрвандони Ӯзбекистон бо ирсоли $1 млрд. 457 млн  аз кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ сабқат гирифтаанд.  Қирғизҳо, ки $525 млн. интиқол додаанд, дар ҷои саввум қарор доранд. 

Ҳаҷми миёнаи як интиқол низ ба Ӯзбекистон бештар аз ама буда $397-ро ташкил додааст. Ин нишондиҳанда ба Қирғизистон $192, ба Тоҷикистон – $173 ва  Қазоқистон – $137-ро ташкил додааст.

Дар ҳамин ҳол ҳаҷми интиқол аз Тоҷикистон ба Русия ҳамагӣ $28 млн-ро ташкил додааст, ки ҳамагӣ 3,3 дарсади интиқолҳои фаросарҳадии байни ду кишварро ташкил медиҳад.

Дар 9 моҳи соли ҷорӣ бошад, муҳоҷирони корӣ аз русия ба Тоҷикистон $2 млрд. 490 млн интиқол додаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта афзоиши 7%-ро нишон медиҳад.

Тибқи пешбинии коршиносон ҳаҷми интиқоли пул дар семоҳаи охир, бинобар тасмими нави Бонки миллӣ, метавонад камтар аз ончӣ пешбинӣ шудааст бошад. Бинобар бӯҳроне. ки ин тасмими Бонки Миллӣ ба вуҷуд овардааст, муҳоҷирон дар ҷустуҷӯи роҳҳои алтернативии интиқоли пул ҳастанд. Гуфтанист дар омор танҳо маблағҳое ба ҳисоб гирифта мешаванд, ки расман тавассути бонкҳо интиқол мегарданд.  

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *