Рубрики Хабарҳо

Ду узви Раёсати Олии ҲНИТ баъди шиканҷа дар зиндон ба беморхона фаромадаанд

Муҳаммадалии Файзмуҳаммад ва Ҷалолиддини Маҳмуд, зиндониёни сиёсӣ ва аъзои Раёсати Олии ҲНИТ дар натиҷаи шиканҷа вазъи саломатиашон вахим гардида, ба бемористони шаҳри Ваҳдат интиқол дода шудаанд.

Дар ин бора Кумитаи наҷоти зиндониён ва асирони сиёсӣ бо истинод ба манобеъи худ, дар саҳифаи расмиаш хабар додааст.

“Тибқи иттилои манобеъи гуногун, ин ду нафарро ба хотири гирифтани эътирофоте алайҳи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон зери шиканҷаи шадид қарор додаанд. Аз онҳо хоста шудааст мисли Айёмиддин Сатторов назди дурбин алайҳи ҲНИТ изҳорот диҳанд” — омадааст дар хабар.

Қаблан Паём дар бораи аз зиндон ба боздоштгоҳи муваққатӣ интиқол дода шудан Муҳаммадалии Файзмуҳаммад ва Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода хабар дода буд ва тахмин ҳам мезад, ки сабаби интиқолашон маҳз гирифтани эътирофот аст.

Ҳамчунин тибқи иттилоъи манбаъи Паём, Айёмиддин Сатторов ба назди аъзои зиндонии Раёсати Олии ҲНИТ рафта, аз онҳо даъват кардааст дар пайравӣ аз ӯ алайҳи ҲНИТ баромад кунанд. Манбаъ мегӯяд Сатторов 9 соат дар зиндон қарор доштааст.  

Ҷалолиддини Маҳмуд соли 2013 ба 5 соли зиндон маҳкум шуда буд ва бояд рӯзҳои наздик ба озодӣ барояд.

Муҳаммадалии Файзмуҳаммад ҳамроҳ бо 13 узви дигари Раёсати олии ҲНИТ боздошт гардида, ба 23 соли зиндон маҳкум шудааст.  

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *