Сокинон, ба хусус соҳибкорони хурду миёна аз афзоиши бесобиқаи ҷаримаҳо дар Тоҷикистон дар ду ҳафтаи охир хабар медиҳанд. Мо даҳҳо нома дарёфт кардем, ки сокинонро чанд сохтор бо баҳонаҳои ночиз ва аксари вақт тӯҳмат ҷарима мекунанд.
Аз байни номаҳо мо се номае, ки якеро корманди шӯъбаи Вазорати дохила дуввумиро як корманди Кумитаи андоз ва саввумиро як соҳибкор навиштаанд ва дар якҷоягӣ баёнгари воқеъияти имрӯзи кишваранд, интихоб кардем.
Корманди пулис менависад “як ҳафта мешавад ки тамоми кормандони ҳифзи ҳуқуқро маҷбур доранд, ки ҳар яки онҳо дар як рӯз на кам аз ду протоколи қоидавайронкунӣ тартиб дода, ҷаримабандӣ кунанд ва ба раёсат пешниҳод намоянд, яъне ки ба буҷа даромад ворид созанд”.
Ба навиштаи ӯ “кормандони БДА, нозирони минтақа (участковийҳо) нозирони Ҳифзи муҳити зист, нозирони СЭС, кормандони оташнишонӣ, назорати танзим дар роҳои нақлиётӣ, кормандони Тоҷиксдандарт ва дигар сохторҳое ки ваколати ҷаримабандиро доранд” чунин як фармонро дарёфт кардаанд.
Ин корманди ВКД ҳмчунин навиштааст “агар кадом нозире ки чунин ҷаримабандиро аз ӯҳдааш намебарояд, бояд аризаи аз кор рафтанашро нависад”.
Ӯ мегӯяд на танҳо мардум, худи кормандони мақомот аз ин зулми саросарӣ ба ҷон омадаанд: “Ба Худо қасам, ман худам дар дохили ҳамин ҳукумат кор мекунам аз ҷонамон сер шудаем. Рӯз то руз қашшоқ шуда истодаем, ҳатто кормандони милитсия формаи милитсиягиро аз пули худашон мехаранд. Гоҳе мешавад ки корманди милитсия ҳамон рӯз ягон протокол тартиб дода наметавонад, маҷбур мешавад бо номи ягон шиносашон протоколи қалбакӣ тартиб дода, ҷаримаи онро аз кисааш супорад. Дар кӯчаҳо одам нест, киро ҷарима карданро намедонем”.
Номаи корманди Кумитаи андоз низ як номаи дод аст. Ӯ мегӯяд аз хиҷолат намедонад худашро дар куҷо пинҳон кунад. “Ба як мағоза барои тафтишу ҷаримабандӣ мефиристанд. Ранги паридаю шикояти соҳиби мағозаро мебинӣ, гиряат меояд. Бечора дӯкондорҳо аксараш қарздор, ба зарар кор мекунад”.
Ӯ менависад “мо кормандони андозро рататсия карда ба нуқтаҳои савдо ва ташкилотҳои тиҷоратӣ равон намудаанд, ки ҳисобу китоби соли 2020-и ҳар як нуқтаи савдоро аз сари нав ҳисоб карда бо баҳонае ки нозири пешина нодуруст ҳисоб намудааст, андози иловагӣ бандем. Бояд маҷбур кунем, ки ҳамин қадари дигар маблағ пардохт кунад. Яъне даромадашро аз 20 то 30% зиёд карда, санад тартиб дода маҷбур маблағ рӯёнида истодаанд”.
Ин корманди андоз навиштааст ба онҳо мегӯянд, ки давлат барои мубориза бо вируси коруно маблағ надорад ва бояд ҷамъоварӣ шавад: “Майлашу бо ин кор баъди се-чор моҳ ҳамаи соҳибкорон банкрот шуда, аз вирус не, аз гуруснагӣ мемуранд”.
Ин корманди андоз ҳамчунин менависад, тамоми соҳибкорони “каме ба чашм менамудагӣ”-ро ба идораҳои андоз даъват карда, ба дӯши онҳо пардохту ҷаримаҳои ҳангуфте бор мекунанд. Барои тасдиқи гуфтаҳояш як намунаи даъвати соҳибкорро низ ба Паём фиристодааст.
Ин соҳибкор ҳамчунин менависад, ки дар сурати нарасидани зӯри шӯъбаи андоз, мақомот шӯъбаи корҳои дохилӣ ва амниятро вориди кор месозанд:
“Як бародар аз ҳамин тафтишу таҳдидҳо безор шуда гуфт, ки гиред ҳамин корхонаамро, ман аз баҳраш баромадам, лекин дигар ягон тин намедиҳам. Пагоҳаш кормнадони милиса бардошта бурданд, ҳам пули фондро дод ҳам ба милисаҳо пораи калон дода, базӯр халос шуд”.
Сообщение ПАЁМ.net.