Дар нуқтаҳои фуруши сузишвории минтақаи Бохтари вилояти Хатлон нархи газ яку якбора аз се сомониву 30 дирам ба 4 сомонӣ расидааст, ки ин вазъ ронандагони воситаҳои нақлиёт ва сокинонро ба ташвиш овардааст
Тавре сомонаи “Фараж” хабар медиҳад, дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон арзиши гази моеъ ба якборагӣ гарон шудаст ва сокинон аз қимммат шудани он изҳори нигаронӣ мекунанд, Сокинон бештар аз он дар ҳаросанд, ки бо гарон шудани нархи газ роҳкиро низ аз ҷониби ронандагон боло бурда мешавад.
Сабаби боло рафтани нархи сӯзишворӣ, аз ҷумла гази моеъро фурӯшандагони нуқтаҳои сӯзишвории минтақаи Бохтар дар омилҳои беруна медонанд. Ба қавли як фурӯшандаи нуқтаи сӯзишворӣ дар шаҳри Бохтар, онҳо газро аз хориҷа бо нархи гарон харидорӣ мекунанд.
Дар ҳамин ҳол, коршиносони маҳаллӣ омили болоравии ин мушкилро низ аз коркард нашудани конҳои нафтии кишвар медонанд. Ба қавли онҳо, воридоти сӯзишворӣ дар Тоҷикистон танҳо ба 2-3 ширкат рабт дорад, ки онҳо дар нархгузорӣ озоданд.
Агар ширкатҳои воридкунандаи сӯзишворӣ дар мамлакат бештар бошанд, бо рақобат пайдо шудан, нарх поён хоҳад рафт. Дар ҳамин ҳол, гуфта мешавад, ки аз болои нарх бояд Хадамоти зиддиинҳисорӣ назорат кунад.