Давлати Лаҳистон дар асл сиёсати зидди муҳоҷират дорад. Аммо таҳқиқоти ҷадид фош сохтаанд консулгариҳои Лаҳистон дар ивази дарёфти ришва барои дархосткунандагон аз кишварҳои африқоӣ ва осиёӣ виза содир кардаанд. Расонаҳо аз “садҳо ҳазор маврид” гузориш додаанд. Ду соли охир садҳо шаҳрвнади Тоҷикистон низ вориди Лаҳистон шудаанд.
Моҷарои фасод дар судури виза тавассути консулгариҳои Лаҳистон ин рӯзҳо баҳсҳои шадидеро дар ин кишвар ба роҳ андохтааст. Бар асоси гузоришҳо гуфта мешавад дархосткуннадагон дарёфти визаи Лаҳистон, бо пардохти ришва раванди судури визаро суръат бахшида ва дар бархе маврид ҳатто бидуни тай кардани марҳилаҳои амниятӣ муваффақ ба вуруди Лаҳистон шудаанд.
Лаҳистон бинобар рушди иқтисодии қобили таваҷҷуҳ дар солҳои гузашта, беш аз пеш мӯҳтоҷи нерӯи кори хориҷӣ аст. Ҳарчанд давлати ин кишвар рӯйкарди муҳоҷирпазир надорад, аммо ба воситаи дархост ва фишори анҷуманҳои иқтисодӣ, санъатӣ ва кишоварзӣ, ки вуруди садҳо ҳазор муҳоҷирро зарурӣ медонанд, то ҳадде таслими ин фишорҳо шудааст. То ҷое, ки ба гузориши рӯзномаи “Rzeczpospolita” ва бо истинод ба омори расмии Иттиҳодияи Аврупо, Лаҳистон дар миёни кишварҳои узви ин иттиҳодия, бештарин теъдоди визаи кориро барои муҳоҷирон содир кардааст.
Дар се соли гузашта ҳудуди ду миллион дархосткунанда, визаи вуруд ба Лаҳистонро дарёфт кардаанд, ки бештари онон, шаҳрвандони укроинӣ ва беларусӣ будаанд. Дар ин байн аммо садҳо ҳазор табааи дигар кишварҳо низ бо истифода аз визаи корӣ дар ҳоле ба Лаҳистон омадаанд, ки Лаҳистон расман тамоюле ба пазириши муҳоҷир аз он кишварҳо надорад.
Мақомоти давлатӣ то бад ин ҷо фасоди молӣ дар раванди судури визаро таъйид кардаанд аммо нуктаи ҷанҷолбарангез, мизони густурдагии ин парванда будааст. Оморе, ки расонаҳои мунтақиди давлат ироа кардаанд, ҳокӣ аз садҳо ҳазор маврид виза будааст.
Ба гузориши сайти “Тогс Шоу” Ярослав Качинский, раҳбари ҳизби муҳофизакори “Қонун ва Адолат”, дар ҷаласае бо аъзои ин ҳизб бо талош барои кӯчак ҷилва додани парвандаи фасод дар судури виза гуфт, ниҳодҳои зирабт соли гузашта ба сарнахҳое дар ин заминаи даст пайдо карданд ва нахустин гурӯҳ аз қонуншиканон низ дар моҳи марти имсол боздошт шуданд. Качинский гуфт давлат ба вазифаҳои худ дар ин замина мутобиқ бо қонуни асосӣ амал хоҳад кард ва муддаӣ шуд кулли моҷаро бар сари судури “ҳудуд сад мавриди виза буда ва на садҳо ҳазор.”
Сукути мақомоти давлатӣ
Нуктаи ҷанҷолбарангез ва интиқодӣ аммо сукути мақомоти давлатӣ дар ин робита дар як соли гузашта будааст. Ин мавзӯъ пас аз он ба афкори умумӣ роҳ ёфт, ки чанд расона, ахиран гузоришҳоеро дар ин робита мунташир карданд. Гуфта мешавад ин расонаҳо зоҳиран аз сӯи манобеъи амрикоӣ аз ин мавзӯъ огоҳӣ пайдо карда буданд. Моҷаро низ ба он ҷо боз мегашт, ки гурӯҳе аз муҳоҷирони ҳиндӣ, ки худро ба ҷойи рақсандаҳои боливудӣ ҷо зада буданд, аз роҳҳои ғайри мустақим муваффақ ба вуруди ба хоки Амрико шуданд. Баррасии мадорики ин афрод нишон медод, ки онҳо визои шенгени Лаҳистонро дошта ва аз ҳамин тариқ аз Ҳинд хориҷ шуда буданд.
Ба назар мерасад ширкатҳои хадамотӣ, ки аз чанд соли пеш ба манзури коҳиши фишор бар консулгарии Лаҳистон, анҷоми бахшҳое аз мароҳили раводидро бар ӯҳда доштаанд, бо гирифтани ришва дар судури эҳтимолии ғайриқонунии виза барои дархосткунандагон нақш доштаанд. Дар ин байн ба гуфтаи мухолифони давлати Лаҳистон, дар Минск пойтахти Беларус чандин мавриди виза дар ҷараёни ин парвандаи фасод барои дархосткунандагон содир шудааст.
Доналд Тоск, раҳбари бузургтарин ҳизби мухолиф ва рақиби аслии Качинский дар интихоботи пешорӯ, муддаӣ шуда “250 ҳазор раводиди машкук” ба муҳоҷироне аз Осиё ва Африқо дода шудааст. Ў гуфт: “ҳизби қонун ва адолат аз ҳамон ибтидо қасд дошт то аз мавзӯъи муҳоҷират барои эҷоди як ҷанги равонӣ истифода кунад ва фазои нижодпарастона ва зидди муҳоҷир эҷод кунад, аммо ҳамзамон теъдоди зиёде муҳоҷир ба дохили кишвар биоварад ва аз ин роҳ касби даромад кунад. Асли мушкил ҳаминҷост.”
Бо ин ҳоли назарсанҷиҳо нишон медиҳанд моҷарои фасод дар судури раводид, мӯҷиби коҳиши чашмгири маҳбубияти ҳизби ҳокими қонун ва адолат нашудааст. Дар як назарсанҷӣ, ки ахиран дар Лаҳистон анҷом шуд як панҷуми пурсишшавандагон гуфта буданд, ки то ба ҳол чизе дар мавриди ин парвандаи фасод нашунидаанд ва аз моҷаро иттилое надоранд.