Иёлоти муттаҳида барои як размоиши муштарак бо Суид барои аввалин бор бомбафканҳои худро ба ин кишвар фиристод. Иқдоме, ки аввалин паёми он барои Русия аст. Ин дар ҳолест, ки Туркия ҳамчунон аз пайвастани Суид ба НАТО мамониъат мекунад.
Барои аввалин бор ду бомбафкани амрикоӣ барои манёври низомӣ дар хоки Суид фуруд омаданд. Луис Лоин, сухангӯи нерӯи ҳавоии Суид гуфт, ки ду фарванд ҷангандаи B-1B Лансери Амрико рӯзи душанбе 19 июн дар фурудгоҳи Лулия Калакс дар шимоли Суид фуруд омаданд то “манёври муштараки нерӯи ҳавоӣ ва артиши ин кишвар бо нерӯи зарбатии ин бомбафканҳо” анҷом шавад.
Ин нахустин мартаба дар таърихи муосири Суид аст, ки ҳавопаймоҳои ҷангии Амрико дар ин кишвар фуруд меоянд. Артиши Суид бар ин таъкид кард, ки “дар ҳоле, ки мунтазири узвият дар НАТО ҳастем, доштани шарикҳои қавиӣ муҳим аст”.
Улф Кристерсон, нахуствазири Суид пешопеш бо истиқрори нерӯҳои НАТО ва таҷҳизот дар хоки Суид мувофиқат карда буд. Ба бовари ӯ ҳузури ин нерӯҳо бояд нақше пешгирона дар баробари иқдомоти эҳтимолии Русия ифо кунад. Кристерсон инро “паёми равшане ба Русия” ва иқдоме дар ҷиҳати тақвияти тавоноии дифоъии Суид донист.
Суид ва Финланд пас аз чандин даҳаи адами тааҳҳуди низомӣ, дар майи 2022 ва таҳти таъсири таҳоҷуми Русия ба Укроин, дархости узвият дар НАТО-ро ироа карданд. Ин дархост бояд тавассути тамоми 31 кишвар узви тасвиб шавад. Дар ҳоле, ки Финланд оғози моҳи апрел ба узвияти НАТО пазируфта шуд, дархости Суид то кунун тавассути Туркия ва Венгрия ба бунбаст бархурдааст.
Анқара Суидро биҳиште барои “террористҳо” ташбеҳ мекунад. Ишораи ин кишвар ба ҳузури аъзои ҳизби Коргарони Курдистон (PKK) дар Суид аст. Туркия бо ҷидият хоҳони истирдоди даҳҳо фаъоли сиёсӣ аст ва онро шарти мувофиқат бо узвияти Суид дар НАТО қарор додааст.