Рубрики Хабарҳо

Туркия ҳанӯз бо пайвастани Суид ба НАТО мухолиф аст

Суид (Шветсия) мегӯяд ба ваъдаҳои худ барои пайвастани ба НАТО амал кардааст, аммо Туркия ҳанӯз даст аз мухолифати худ барнадоштааст. Туркия хоҳони таҳвили шуморе аз фаъолони курд дар Суид аст аммо Стокголм ин шартро ғайри қобили қабул медонад. 

Ба гуфтаи Улф Кристерссон, нахуствазири Суид, давлати Туркия таъкид кардааст, Суид ба он чи, ки ваъда дода буда, амал карда аммо ҳанӯз бо пайвастани ин кишвар ба НАТО мухолифат мекунад. 

Ӯ дар ин росто изҳор дошт, Суид ба унвони узве аз эътилофи низомӣ, аз ҷумла моил аст дар системи дифоъи мушакии муштараки НАТО ва дар гаштзании ҳавои бар фарози кишварҳои Балтика, Баҳри Сиёҳ ва Исландия ширкат кунад. 

Кристерссон рӯзи якшанбе ҳаштуми январ дар суханронии худ дар як конфронси амниятӣ ва дифоъӣ дар Селен воқеъ дар ғарби Суид гуфт, Анқара хостҳои беш аз инҳо матраҳ кардааст, хостҳое, ки амалӣ нестанд. 

Нахуствазири Суид дар идомаи суханонаш таъкид кард: “Туркия бо пайвастани Суид мувофиқат хоҳад кард. Мо фақат намедонем чӣ замоне.” 

Эъломи ҳамбастагии Финланд 

Суид ва Финланд дар моҳи майи 2022 пас аз таҳоҷуми низомии Русия ба Укроин дархости узвият дар НАТО карданд. Пекка Хаависто, вазири умури хориҷаи Финланд дар конфронси амниятии Селен гуфт, кишвараш мунтазири Суид хоҳад монд то бо якдигар ба НАТО бипайванданд. Ў тасреҳ кард: “мо бо ҳам дархост ба НАТО-ро ироа кардем ва бо ҳам ин равандро такмил хоҳем кард. Суид беҳтарин дӯст ва шарики мост. Пайвастан бидуни Суид ба нафъи Финланд нест.” 

Туркия бо истинод ба иддаои “ҳимояти Суид аз созмонҳои террористӣ монанди ҳизби ППК”, аз пайвастани кишварҳои шимоли Аврупо ба НАТО ҷилавгирӣ мекунад. Анқара хостори муборизаи шадидтари ин кишварҳо бо “тероризм” ва истирдоди даҳҳо нафар аст. 

Йенс Столтенберг, дабири кулли НАТО низ дар конфронси рӯзи якшанбе гуфт: “мутмаинам, ки Туркия узвияти Суид ва Финландро таъйид хоҳад кард ва фикр мекунам ин бояд дар камтарин фурсат ин иттифоқ бияфтад.” 

Пайвастани як узви ҷадид ба паймони низомии Атлантики шимолӣ — НАТО, танҳо дар сурати мувофиқати тамоми аъзои ин паймони низомӣ имконпазир аст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *