Тоҷикистон ният дорад дар 12 соли оянда ҳаҷми Маҷмӯъаи маҳсулоти дохилиро 3,1 баробар афзоиш дода, то соли 2030 онро ба 207,7 миллиард сомонӣ расонад.
Ин нақшаи бузург дар Барномаи рушди миллии Тоҷикистон то соли 2030 пешбинӣ шудааст.
Гуфтанист, ки соли ҷорӣ ММД-и ҷумҳурӣ дар ҳаҷми 66,8 миллиард сомонӣ ба нақша гирифта шудааст. Нақшаи пешбинишудаи он барои соли оянда 78,2 миллиард сомонӣ ($8,3 млрд) мебошад.
Барнома пешбинӣ кардааст, ки ҳамин тавр соли 2030 ҳаҷми ММД ба 207,7 миллиард сомонӣ мерасад.
Такяи асосӣ болои танаввӯъи (диверсификатсия) иқтисодӣ, аз ҷумла афзоиши истеҳсоли барқ ва маҳсулоти саноъатӣ карда мешавад.
Дар барнома қайд шудааст, ки дар сурати татбиқи пурраи Барномаи рушди миллии кишвар то соли 2030, ҳаҷми истеҳсоли барқ аз 18 млрд. кВт/соати имрӯза ба 45 млрд. кВт/с расонида мешавад. Барномарезон ба ин назаранд, ки маҳз расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ангезаи рушди соҳаҳои дигар, ба хусус соҳаи саноъат хоҳад буд.
Умеди асосии барномарезон ба соҳаи энергетика, ба хусус ба кор даромадани НОБ-и Роғун аст. Дар сурати пурра ба кор оғоз кардани ин нерӯгоҳ, истеҳсоли барқ дар Тоҷикистон аз 18 млрд. кВт/с дар сол то 31 млрд. кВт/с мерасад.
Муаллифони барнома дар ҳоле ба соҳаи энергетика ва истеҳсоли барқ умед бастаанд, ки авалин “аммо”-ҳо дар мавриди содироти нерӯи барқ пайдо шудаанд.
Покистон тасмим гирифтааст дар пружаи минтақавии CASA-1000 тарҳи “ҷараёни баргашт”-ро пешниҳод кунад. Як мансабдори баландпояи Вазорати энерҷии Покистон ба рӯзномаи The News International гуфтааст, ки Покистон ба созишномаи хариди барқ моддаи “ҷараёни баргашт”-ро ворид хоҳад кард.
Барқчиёни Покистон ният доранд ин масъаларо бо ҳамтоёни тоҷики худ баррасӣ кунанд. Яъне Покистон тасмим гирифтааст баъди ба кор оғоз кардани хати минтақавии интиқоли барқ CASA-1000, тавассути он дар зимистон ба Тоҷикистон барқ содир кунад.
Ҷониби Тоҷикистон ба ин пешниҳод чӣ гуна вокуниш хоҳад кард, ҳанӯз маълум нест. Вале ин изҳороти мансабдори покистонӣ чанд “аммо”-ву “чаро” ба вуҷуд меорад ва ба назар мерасад ин пружаи таблиғшуда ба ҳамон ҳаде, ки мақомот мехоҳанд нишон диҳанд “дурахшон” нест.
Ин изҳороти мансабдори покистонӣ ба ин маънист, ки ин кишвар дар зимистон ниёзе ба барқ надошта, на танҳо нияти харидории онро надорад, балки мехоҳад барқи худашро содирот намояд. Пружаи CASA-1000 аслан барои интиқоли барқи Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистон роҳандозӣ шуда буд, вале ин изҳороти мансабдори покистонӣ гувоҳи он аст, ки дар имзои созишномаи интиқоли барқ баҳсҳои зиёде сурат хоҳад гирифт.
Ин талаби Покистон метавонад замони расидан ба созишро тӯл диҳад ва ё ҳатто ҷонибҳоро аз он мунҳариф созад. Дар сурати даст кашидани Покистон аз хариди барқ дар зимистон, Тоҷикистонро лозим меояд дар ҷустуҷӯи харидорони нави барқ шавад. Дар ҳоле, ки Ӯзбекистон тасмим гирифтааст дар се соли оянда чанд НОБ сохта талаботи дохилиашро таъмин намояд, пайдо кардани харидор барои барқи тоҷик осон нахоҳад буд.
Дар сурати худкифо шудани Ӯзбекистон, Тоҷикистон яке аз харидорони аслии барқашро аз даст хоҳад дод. Афғонистон ҳам чанд пружаи дохилиро рӯи даст гирифтааст, ки микон дорад солҳои наздик талаботи ин кишвар ба барқро камтар созад.
Дар ҳамин ҳол, тибқи хушбинонатарин пешбиниҳо, пружаи CASA-1000 танҳо соли 2021 анҷом меёбад. Пешбиниҳои дигар солҳои 2023-24-ро нишон медиҳанд. То он замон баъид нест, ки Ӯзбекситон пурра барқашро аз тавлидоти дохилӣ таъмин созад ва Афғонистон низ таваҷҷӯҳашро ба пружаҳои дохилияш бештар кунад.
3-4 сол дар замони муосир, ки техника бо суръати кайҳонӣ рушд мекунад, замони хеле бузург аст. Барои мисол нерӯгоҳҳои офтобиву бодӣ бо суръат такмил ва арзонтар мешаванд. Чанд кишвари бузурги иқтисодӣ аллакай ба омӯзиши масъалаи саросарӣ кардани нерӯгоҳҳои офтобӣ пардохтаанд. Аз суръати рушд ва таваҷӯҳе, ки ба ин намуди нерӯгоҳҳо зоҳир мешавад, метавон пешбинӣ кард, ки ба зудӣ он рақиби аслии НОБ-у НАБ-ҳо хоҳад шуд.
Баъид нест, ки дар ин се-чор сол назари Покистон ҳам ба истеҳсол ва воридоти барқ тағйир ёбад.