Рубрики Хабарҳо

Таъқиби сокинони маҳаллаи Лучоби Душанбе баъди эътирозашон ба убури мошинҳои бузургҳаҷм

Сокинони маҳаллаҳои Луҷоби боло ва Лучоби поёни ноҳияи Синои пойтахт баъди эътирозашон ба убури мошинҳои калонҳаҷм аз назди хонаҳояшон, зери фишору таъқиби мақомоти интизомӣ қарор гирифтаанд. 

Ҳафтаи гузашта гурӯҳе аз сокинони ин маҳаллаҳо бо эътироз ба харобшавии роҳҳои маҳалла аз убури мошинҳои 60-тоннагӣ шағалкашонӣ ба кӯчаҳо баромада, аз ҳаракати ин намуди мошинҳо ҷилавирӣ карданд.

Як сокини ин маҳалла, ки нахост ноаш ифшо шавад ба Паём гуфт, ки ҳаракати мошинҳои калонҳаҷм роҳҳои маҳалларо пурра хароб кардааст.

Ҳамагӣ баъди чанд дақиқаи ҷамъшавии мардум дар роҳҳо пулис онҷо ҳозир шуда бо зӯру таҳдид мардумро пароканда кард. Ҳамаи ширкаткунандаҳои эътироз аз тарафи пулис номнавис гардиданд.

Баъди ин эътироз мақомоти шуъбаи Вазорати корҳои дохилаи ноҳияи Сино ва додситонии ин ноҳия ширкаткунандагони онро бо даъват кардан ба идораҳои худ тарс медиҳанд ва ҳатто чанд нафарро ҷарима кардаанд.

Тибқи иттлоъи манбаъи Паём ин мошинҳо ба раиси ноҳияи Сино Нусратулло Салимзода таъаллуқ доранд. Ҳамчунин Салимзода дар Лучоб карери шахсӣ дорад, ки бо мошинҳои бузургҳаҷмаш аз онҷо шағалу санг мекашонад. Ин ҳам дар ҳолест, ки қонун ба мансабдорони давлатӣ тиҷоратро манъ кардааст.  

Нусратулло Салимзода, вазири собиқи тандурустӣ яке аз пуррӯтарин ришвахорон аст, ки беибо аз ҳар кас ришва талаб мекунад. Аз дасти Салимзода на кормандони ҳукумат ва на раисони маҳалаҳо рӯз надоранд. Бо вуҷуди дороиҳои зиёде, ки замони вазириаш аз буҷа дуздидааст,  Салимзода ҳамаро – аз кӯчактарин дӯкони савдо, то соҳибкорони миёнаву бузург “доля бастааст”. Таҳқиқоти Паём дар бораи Нусратулло Салимзодаро низ мунтазир бошед.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *