686 шаҳрванди Русия, ки дар Тоҷикистон дармондаанд, метавонанд бо мошинҳои худ тавассути Ӯзбекистону Қазақистон Тоҷикситонро тарк кунанд. “Долони сабз” барои онҳо ба зудӣ боз мешавад.
Бештари ин шаҳрвандони Русия тоҷикони муқими ин кишвар ҳастанд, ки бо мошинҳояшон ба зиёрати наздиконашон ба Тоҷикистон омада буданд ва бинобар баста шудани сарҳадҳо ба сабаби COVID-19 дармонданд.
Ҳамаи имзоҳо барои бозкунии “долони сабз” ҷамъоварӣ шудааст ва мусофирон метавонанд ба зудӣ хоки Тоҷикистонро тарк кунанд.
Ҷониби Қазоқистону Ӯзбекистон баъди дахолати мақомти Русия розӣ шудаанд барои ин гурӯҳи бузурги шаҳрвнадон “долони сабз” боз кунанд.