Агар мо хоҳем, ки як ҷомеаи демократӣ, соҳибистиқлол, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ бисозем, пеш аз ҳама матбуоти озод, озодии сухан, озодии ВАО – и мустақил, озодии виҷдон ва ақида, интихоботҳои шаффоф,озод, демократӣ ва эҳтиром ба Қонуни асосии ҷумҳурӣ дошта бошем. Яъне, на танҳо, раиси ҷумҳур, депутатҳои МН МО, балки раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва судяҳои ҳамаи зинаҳо ( аз судяҳои шаҳру ноҳияҳо то Судӣ олӣ ) бо роҳи интихобот – интихоб карда шавад.То ки мардум худ шахсҳои арзандаро интихоб намояд ва аз онҳо ҳуқуқи шаҳрвандии худро талаб карда тавонад.
Оиди воситаҳои ахбори омма фармони раисҷумҳур Эмомали Раҳмон аз 07. 02. 2009 дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма ба имзо расидааст. Барои мустаҳкам намудани интизоми мақомоти иҷроия, баланд бардоштани нақши воситаҳои ахбори омма дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодии ҷомеъа фармон ба имзо расидааст:
1. Фаъолияти воситаҳои ахбори омма, ки ба ҳамкории созанда ва самаранок ба вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба инъикоси ҷараёни дигаргунсозиҳои иҷтимоию иқтисодӣ, дар мамлакат равона гардидааст, дастгирӣ карда шавад;
2. Роҳбарони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ:
– ҷиҳати вокуниш ба мулоҳизаҳои танқидӣ ва пешниҳодҳо, ки дар воситаҳои ахбори омма иброз мегардад, дар мӯҳлати тибқи қонунгузории ҷумҳурӣ муқаррар гардида тадбирҳои бетаъхир мушаххас андешида, аз натиҷаи баррасии онҳо ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон ва воситаҳои ахбори оммаи дахлдор иттилоъ диҳанд.
Пас аз хондани ин фармон, дар зеҳнам андешаҳо ва пешниҳодҳо ба вуҷуд омад, ки онро барои мутолиаи хонандагони арҷманд пешкаш менамоям:
а) Дар боби 5 – уми Сарқонуни ҷумҳурии Тоҷикистон, дар бораи Ҳукумати, моддаи 93-юми он омадааст, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ аз Сарвазир, муовини якум ва муовинони ӯ, вазирон, раисони кумитаҳои давлатӣ иборат аст.
Ба фикри банда вақте,ки боб боби Ҳукумат аст бояд, танҳо дар бораи Ҳукумат бошад. Барои равшанӣ андохтан ба Сарқонуни Русия рӯ меорам. Дар қонуни Федератсияи Русия омадааст: ” Раиси ҳукумат, ҷонишинони ва вазирон”.
Дар Сарқонуни Тоҷикистон, ҳам раиси ҳукумат аст ва ҳам сарвазир. Дар Сарқонуни ягон кишвари дунё ҳам раиси ҳукумат ва ҳам сарвазир наомадааст. Дар тамоми мамлакатҳои соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона раиси ҳукумат ва ё сарвазир омадааст на ҳарду! Ман дар хотир дорам оиди ин масъала рӯзноманигорон, сиёсатмадорон бисёр гуфтанд ва гуфта истодаанд. Ба фикрам ин масъала то ҳалли худро наёбад, сухан баланд мекунанд.
Раисҷумҳур бояд номзадии раиси ҳукумат ва ё сарвазирро ба МН МО пешниҳод намояд, депутатҳо бо овоздиҳии махфӣ интихоб мекунанд, дар сурати намояндаи раисҷумҳур интихоб нашудан боз такрорӣ пешниҳод менамояд. Дар натиҷаи се маротиба номзади раисҷумҳур пешниҳоднамуда, овози заруриро нагирифтан, депутатҳо ба истефоъ фиристонда мешаванд.
Дар Сарқонуни ҷумҳурии Тоҷикистон минтақа ва шахс ба назар гирифта шудааст, ки ин хело иштибоҳи бузарг аст. Дар қабул ва эълони Сарқонун ва ҳар қонуне, ки намояндагони МО қабул мекунанд, набояд минтақа ва шахсҳои алоҳида ба назар гирифта шавад. Чаро ки он ба манфиати миллат набуда, балки бар зарари он аст. Мансаби Сарвазир ва раиси Ҳукуматро бояд муттаҳид намуд. Бояд як нафар бошад!
Агар мақсади Ҳукумат намояндагии ҳама минтақаҳоро дар назар дошта бошад, бояд ба Сарвазир қудрати воқеӣ дода шавад.
Оқил Оқилов, ки як шахсияти бомаърифат буд, ҳангоми Сарвазириаш аз ӯҳдаи ҳалли ягон масъала набаромада, дар як сӯҳбати хосса ба алам гуфтааст: “лаънат ба ин сарвазирии ман”. Яъне аз нотавонӣ, беқудратӣ, бедардии худаш худашро чунин таҳқир кардааст. Чи бояд кард? Дар Сарқонун навишта шавад, ки ҳукумати ҷумҳурӣ аз раис, ҷонишини аввал, ҷонишинон, вазирон ва раисони кумитаҳо иборат аст. Ин масъаларо дар сатҳи болоӣ дида, дар наздиктарин интихоботҳо ба раъйпурсии умумихалқӣ гузошта шавад;
б) Дар як ҷумҳурии кучак тамоми сохторҳои давлатӣ аз ҳад васеъ шудааст, ки ин на ба манфиати Ҳукумат, на ба манфиати миллат, балки бар зарари халқ аст. Аз ин лиҳоз пешниҳод менамоям: – бояд пай дар пай, се сол, дар сохторҳои давлатӣ аз 10% то 20% кормандони сохторҳои давлатиро ихтисор намуд; – вазоратҳо, кумитаҳо, шӯъбаҳои вилояти ва шаҳрию ноҳиявии бо ҳам наздик муттаҳид карда шавад. Вазорати корҳои дохилӣ бо Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасод. Вазорати кишоварзӣ бо хоҷагии об ва мелиоратсия. Вазорати маориф ва илм бо Вазорати фарҳанг, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳон. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ бо идораҳои экологӣ ва ҳифзи муҳити зист. Кумитаи андоз бо Хадамоти Гумрукии назди Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигарҳо;
Ба маврид аст, ки Кумитаи андозро мисол биёрам. Дар Кумитаи андоз кормандони зиёд ҷамъ шуда, танҳо ба ҷарима бандӣ машғуланд. Дар кишвар аз дасти кормандони Кумитаи андоз, ҳазорон соҳибкорон, тоҷирони хурду миёна, аз ҷаримабандӣ ба дод омада, фаъолияти соҳибкории худро қатъ намуданд. Аз рӯи маълумотҳои расмӣ дар Тоҷикистон аз якуми январ то якуми октябри соли 2019 зиёда 260 000 соҳибкор фаъолияти худро қатъ кардааст. Сабаб: зулм, фишор, фасод, ҷаримабандӣ, аз тарафи кормандони мақомоти сохторҳои давлатӣ, андози баланд…
Барои як корманди андозро бо моҳона таъмин намудан, бояд 10 нафар соҳибкор ё тоҷир ҷарима бандӣ шавад. Барои таъмини моҳонаи 10 нафар корманди Кумитаи андоз, бояд 100 нафар соҳибкор ҷаримабандӣ шавад. Барои рӯзгори 10 нафарро обод намудан, бояд рӯзгори 100 нафарро хароб кард! Суол: барои рушди иқтисодиёт, рӯзгори ободу беҳтари миллат, 10 нафар корманди андозро нигоҳ дорем ё ба 100 нафар соҳибкор шароит корӣ ба вуҷуд овардан беҳтар аст? Умедворкунанда буд, ки раисҷумҳур ба раиси Кумитаи андоз Нусратулло Давлатзода супориш дод,ки кормандони сохторро ихтисор намояд. Вале ба ҷои ихтисор шумораи кормандони андоз зиёд шудааст.
Дар интиҳои ин банд, зарур донистам,ки аз суханронӣ ва фаъолияти сарварони ду кишвари хориҷӣ иқтибос биёрам: – Сарвазири кишвари Арманистон, Никол Пашинян, дар ҷаласаи Ҳукумат ( моҳи декабри соли 2018 ) дар суханронии худ қайд намуд, ки шумораи вазоратхонаҳо аз 17 адад то 12 адад кам карда мешавад. Чанде аз Вазоратҳо аз байн хоҳад рафт. Буҷаи кишвари Арманистон зиёда 3 млрд. доллар, аҳолиаш 3, 58 млн. нафар.
Тоҷикистон ва Арманистон пас аз барҳам хӯрдани ИҶШС, бе ягон мушкилот истиқлолиятро ба даст оварданд. Кишвареро мисол меорем, истиқлолияти худро дар натиҷаи раъйпурсӣ ба даст овардааст. Ин кишвар Хорватия дар нимҷазираи Балкон, ҷанубии Европа ҷойгир аст. Хорватия 25 – уми майи соли 1991 аз Ҷумҳурии Сотсиалистии Федеративии Югославия, дар натиҷаи раъйпурсии мардумӣ бо 93, 94% – и овози худ истиқлолиятро ба даст овард. Пас аз 14 соли истиқлолият рӯзи 19 феврали соли 2015, дар натиҷаи интихоботи шаффоф, озод, демократӣ, сиёсатмадор Калон-да Грабар – Китарович, сарвари давлати Хорватия интихоб шуд. Ӯ бо ҳафт забон роҳат суханронӣ мекунад. Калинда корро аз фурӯши самолёти Президентӣ ва 35 мерседеси қимматарзиши шахсони мансабдорони давлатӣ оғоз кард. Дуввумин коре, ки ба анҷом расонда шуд, Калинда моҳонаи худ ва вазиронро 30% ва маоши сафирон ва консулҳоро 60% кам кард. Саввум, моҳонаи минималии мардумро оз 400 то 540 доллари амрикоӣ боло бурд. Чаҳорум, ҳар сол буҷаи соҳаҳои маориф, тандурустӣ, иҷтимоӣ 3 % афзуда истодааст. Ин фаъолияти муддати кутоҳи Никол Пашинян ва Калинда Грабар – Китарович барои мо, миллати тоҷик бояд дарс бошад! Омӯзем, андеша намоем, дар ҳаёт ва фаъолияти зиндагии худ истифода ва татбиқ намоем.
в) Дар як чунин ҷумҳурӣ монанди Тоҷикистон, ки иқтисоди он ба буҳрони шадид гирифтор шуда, ба ботлоқи бепоён ғута задааст, ду вилоят яъне вилояти Суғд ва Хатлон зарур аст ё на? Шахсоне, ки тарафдор ҳастанд, исбот намоянд, ки вилоятҳо заруранд ва ҷиҳатҳои мусбӣ ва манфии онро шарҳ диҳанд. Яъне ҳар соле ба буҷаи давлат чӣ қадар даромад меорад ва чанде барои нигоҳ доштани сохторҳои вилоятӣ аз буҷаи давлат сарф када мешавад.
Ин масъала бояд дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ шуда, дар наздиктарин вақт ба раъйпурсии умумихалқӣ гузошта шавад! Асри 21 асри интернетӣ аст. Ҳукумати ҷумҳурӣ, дар вазорату кумитаҳо мутахассисонро ба кор ҷалб кунад, то ки дар интернет, роёна (компютер) бояду шояд кор карда тавонанд. Вақте ки интернетро мекушояд, ҳамаи маълумотҳо ва гузоришҳои моҳонаю солонаи шаҳру ноҳияҳоро дастрас намояд. Меҳнатдӯст бошад, софдилона кору фаъолият кунад, ҳар як соати кориро самаранок истифода бурда тавонад.
Корбариро аз кишварҳои пешрафта омӯхт, нагуем, ки мо истиқлолиятро нав ба даст овардем, на! Мо дар давраи Шӯравӣ ҳама чизро, аз илм то саноатро доштем, вале нигоҳ дошта натавонистем. Агар дар байни ҷомеъа раъйпурсӣ гузаронед мардум ба собиқ Шӯравӣ бо хурсандӣ овоз медиҳад. Дар раъйпурсии охирон, барои нигоҳ доштани собиқ мамлакати Шӯравӣ 98% мардуми Тоҷикистон овоз дода буд.
Баъзе сохторҳоро тамоман барҳам додан зарур аст. Ба монанди Тоҷикматлубот дар шароити имрӯзаи Тоҷикистон ин сохтор кадом корҳоро иҷро менамояд? Мағозаҳои давлатӣ барҳам хӯрдааст аз хориҷи кишвар молу коло оварда наметавонад. Ҳатто дар дохилӣ кишвар, меваю сабзавот, пӯсту пашмро ҳам захира намуда, ба хориҷи кишвар содир наменамояд. Ва ё мардумро бо маҳсулоти саноатӣ ва озуқаворӣ таъмин карда наметавонад. Ҳамаи ин корҳоро соҳибкорон ва тоҷирони маҳаллӣ иҷро мекунанд. Дар солҳои охир шӯъбаи амниятии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон барҳам хӯрд ва барҳамдиҳӣ дар дигар сохторҳо давом дода шавад.
д) Ноҳияҳои хурдро бо ҳам муттаҳид карда, баъзеи онҳо ба шаҳрҳои Хуҷанд ва Душанбе ҳамроҳ карда шавад. Масалан ба Агломератсияи шаҳри Хуҷанд, шаҳрҳои Бӯстон, Гулистон, Истиқлол ва ноҳияи Б. Ғафуров. Шаҳракҳои дар қаламрави дигар ноҳияҳо буда, ба тобеияти ҳамон ноҳияҳо дода шавад. Сабаб: Аввалан бисёрии онҳо ба шаҳри Хуҷанд наздиканд ва пайваст шуда истодаанд. Фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд, воқеъ дар шаҳри Бӯстон, дар маркази ноҳияи Б.Гафуров, стансияи роҳи оҳани Хуҷанд, дар шаҳри Гулистон (собиқ Қайроққум) неругоҳи барқи обии ” Дустии халқҳо ” барои шаҳри Хуҷанд сохта шуда буд, шаҳри Гулистон ба шаҳри Хуҷанд хело наздик шудааст ва ҳоказо. Сониян, буҷаи панҷ воҳиди маъмурӣ якҷоя карда шавад, барои рушди соҳаҳои саноат, сохтмон, нақлиёт, роҳҳои нақлиёти автомобилгард, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, (заминҳои кишти пахтаи ноҳияи Б. Ғафуров, ба зироатҳои зарурӣ ва боғдорӣ, токпарварӣ бар гардонда мешавад), барои пайдоиши ҷои корӣ, шароити мусоид фароҳам меояд. Аз ҳисоби ихтисори кормандони се шаҳр ва ноҳия буҷаи марказонидашуда ғанӣ гардонида шавад. Қисмате аз деҳаҳои ноҳияи Б. Ғафуровро ба ноҳияи Мастчоҳ ҳамроҳ карда шавад. Ноҳияи Ҷ. Расулов бо н. Спитамен, н. Шаҳристонро ба ноҳияи Истаравшан, н. К. Масчоҳро бо н. Масчоҳ, ноҳияи Зафарободро ба н. Деваштич (қисмати шарқӣ) Истаравшан (қисмати миёна), Айни (қисмати ғарбӣ), марзи хоҷагиҳоро ба назар гирифта, тақсимбандӣ карда шавад. Дар ин тақсимбандии маъмурӣ 18 воҳиди маъмуриро ба 10 адад воҳиди маъмурӣ табдил додан мумкин аст.
Ҳамин тавр ба Агломератсияи шаҳри Душанбе ноҳияҳои Варзоб ва Рӯдакиро (ба ҷуз қисмати ҷанубӣ- ғарбиаш) дохил карда ба чор ноҳияи шаҳри Душанбе тақсим карда, аз ҳисоби заминҳои ворид шуда барои аҳолии шаҳри Душанбе, маҳсулоти кишоварзӣ ба монанди сабзавоту меваҷот ва маҳсулоти ширию гӯштӣ таъмин карда шавад (заминҳои кишти пахта ба зироатҳои талаботи ҳаррӯзаи аҳолӣ бар гардонида шавад, тавзеҳоти мукаммали онро дар бандҳои зер интишор менамоем). Қисми ҷанубӣ – ғарбии ноҳияи Рӯдакӣ ба шаҳрҳои Ҳисор ё Турсунзода ворид карда мешавад. Дар минтақаи кӯҳии шаҳр, нуқтаҳои профилактикӣ, санаторияҳо, ҷойҳои истироҳатӣ, шифохонаҳо, истгоҳҳои фароғатӣ- варзишӣ, варзишӣ – сайёҳиро ташкил намуда, аҳолӣ аз ҳисоби буҷаи шаҳр истироҳат ва муолиҷа мекунанд.
Дар ноҳияҳои тобеъи ҷумҳур ва вилояти Хатлон ҳам чунин тақсимбандии маъмурӣ гузаронда шавад. Воҳиди ноҳияҳои маъмурии Тоҷикистонро аз 62 воҳид, ба 30 – 35 адад воҳиди маъмурӣ фароварда шавад. Воҳиди маъмурии ноҳияҳо чӣ қадар кам шавад ҳамон қадар ба фоидаи миллат ва давлат аст.
Як лаҳзаи таърихиро дар шакли мухтасар ба хотир меорам. Дар давраи Шӯравӣ баъзе шахсони мансабталабу мансабталош барои хостаҳои худро амалӣ намудан, ноҳияи Ғармро (ҳозира Рашт ) тақсим карданӣ мешаванд. Яъне ба ноҳияи Ғарм ва Тоҷикобод. Хело талошҳои зиёдеро анҷом медиҳанд. Масъулони КМ ПКТ барои халосӣ аз ин роҳи интихобкардаи мансабталошон ба сарварони ду хоҷагии калони вилояти Ленинобод ҳозира Суғд, ба раиси хоҷагии ба номи “Москва ” ҳоло ” С. Урунхуҷаев “, ноҳияи Хуҷанд, (ҳоло Бобоҷон Ғафуров) ба С. Урунхуҷаев ва ба раиси хоҷагии ба номи “Ленин ” (ҳоло А. Самадов) – и ноҳияи Пролетар, (Ҷ. Расулов) ба А. Самадов ва ба Котиби якуми партияи коммунистии ноҳияи Ғарм супориш дода мешавад оиди даромади солонаи хоҷагиҳои худ гузориш омода намоянд. Пас маҷлиси солонаи ҳисоботи ноҳиявӣ даъват карда мешавад. Дар маҷлис намояндаи КМ ПКТ масъулони ноҳиявӣ, хоҷагиҳо, мансабталошон, С. Урунхуҷаев ва А. Самадов иштирок мекунанд. Дар навбати аввал ба Котиби якуми партияи коммунистӣ ноҳиявӣ, оиди даромади солонаи ноҳия сухан дода мешавад ва баромад кунанда, нуқта ба нуқта аз даромади солонаи ноҳия гузориш медиҳад. Баъд ба раиси хоҷагии “Москва” С. Урунхуҷаев ва ба раиси хоҷагии ба номи Ленин А. Самадов оиди дастовардҳои солонаи хоҷагии худ гузориш медиҳанд. Маълум мешавад, ки даромади солонаи хоҷагиҳо, дар алоҳидагӣ, аз даромади солонаи ноҳияи Ғарм баланд будааст. Баъд аз хотимаи маҷлис мансабталабонро ба шаҳри Душанбе даъват мекунанд…
Бо пешниҳоди С. Урунхуҷаев пас аз Ҷанги Бузурги Ватанӣ 22 хоҷагӣ ба як хоҷагии нисбатан бузург муттаҳид карда мешавад. Пас аз чанд соли муттаҳидшавӣ аз ҳисоби даромади хоҷагӣ Қасри Арбоб, аз рӯи лоиҳаи муҳандисони Петербурги сохта ба истифода дода шуд. Боз мактаб интернат бо зодгоҳаш барои 600 нафар хонанда, санатория дар мавзеи Ҳавотоғ (дар ноҳияи Истаравшан ) беморхона 3 – дармонгоҳ, 16 бунгоҳи тиббӣ, боғчаҳои бачагона сохта шудааст.
Дар интиҳои ин банд, сухани хотимавии худро бо сухани арзишманди хонум Ҳалимаи Яъқуб раиси ҷумҳурии Сингопур, ба интиҳо мерасонам. Вақте, ки дар масдари қудрат қарор гирифт фасодро дар Сингопур ба сифр расонд! Ӯ мегуяд: “Хатарноктарин фард барои як ҷомеа ва як кишвар касе аст, ки бихоҳад мудом дар қудрат бимонад! Ӯ ватанфуруш ва хоинтарин шахс аст, чаро ки бо иҷозат надодан дар ба қудрат нарасидани дигарон, фурсати хидмати нухбагон ва афкори тозаву пешрафтаро аз он ҷомеа ва аз он кишвар ҷудо мекунад. Бо чунин касе бояд ба монанди як душман мубориза кард! Ман Ҳалима Яъқуб, бандае аз бандагони Худо ҳастам ва аз Худо метарсам. Ҳар касе мехоҳад бо ман барои мардумӣ Сингопур кор кунад, ман ба хотири Худо хоҳари ӯ ҳастам”.
Додоҷон Ёқубов