Рубрики Хабарҳо

Амрико шаш бомбафкани В-52 ба Уқёнуси Ҳинд фиристод

Нерӯи ҳавоии Амрико шаш бомбафкан ба як пойгоҳи низомӣ дар Уқёнуси Ҳинд фиристодааст. Пас аз куштани Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи нерӯҳои Сипоҳи Қудси Эрон, тавассути нерӯҳои амрикоӣ дар Ироқ, таниш дар минтақаи Ховари Миёна ба шиддат афзоиш ёфтааст. 

Шабакаи хабарии Fox News мегӯяд ин тозатарин иқдоми низомии Амрико пас аз он аст, ки гурӯҳи шибҳинизомии Катоъиби Ҳизбуллоҳи Ироқ дар мавриди ҳамалоти талофиҷуёна ба нерӯҳои амрикоӣ ҳушдор дод. 

Бар асоси ин гузориш ин бомбафканҳо аз пойгоҳи ҳавоии Барксдейл дар Иёлоти Луизиана ба ҷазираи Диего-Гарсия  дар Уқёнуси Ҳинд мунтақил мешаванд. Ин ҷазира 3700 километр аз ҷанубитарин нуқтаи Эрон фосила дорад. 

Ин ҷазира, ки дар иҷораи Амрико аст яке аз муҳимтарин пойгоҳҳои низомии ин кишвар дар Уқёнуси Ҳинд маҳсуб мешавад. 

Ба навиштаи Fox News ҳавопаймоҳои В-52 дорои ҳашт муҳаррик аст ва барои ҳамли як анбори бузурги силоҳ аз ҷумла мушакҳои Круз, бомбаҳои ҳидоятшавнда ва бомбаи ҳастаӣ В-61 қобили истифода ҳастанд. 

Пеш аз ин Доналд Трамп, раисҷумҳури Иёлоти муттаҳидаи Амрико таҳдид карда буд, ки дар сурати вокуниши Эрон ба кушта шудани Қосим Сулаймонӣ дар Ироқ, Амрико 52 нуқта аз Эронро ҳадаф қарор хоҳад дод. 

Ӯ тасреҳ кард ин аҳдоф ба талофи 52 дипломати амрикоӣ, ки аз чаҳоруми ноябри 1979 ба муддати 444 рӯз дар Эрон гаравгон буданд, интихоб шудаанд. Ба гуфтаи Трамп бархе аз марокизи фарҳангии Эрон низ дар миёни ин аҳдоф қарор доранд. 

Трамп бо ин ҳол таъкид мекунад, ки дар пайи ҷанг бо Эрон нест.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *