Ҳукумати Русия бо як қарораш машғул ба кор шудани муҳоҷирон дар бахше аз соҳаҳоро манъ ва дар бахше аз соҳаҳои дигарро маҳдуд кард.
Тибқи иттилоъи нашрияии давлатии , минбаъд муҳоҷирон дар иншооти муваққатии савдо ва бозорҳо, дорухонаҳо, савдои берун аз мағоза, хайма ва бозорҳо манъ гашт.
Дар соҳаҳои сохтмон, бахши кишоварзӣ, савдо ва нақлиёт бошад ҳиссаи муҳоҷирон кам мешавад.
Гуфтанист, дар сохтмон ҳиссаи иҷозашудаи муҳоҷирон – 80% шудааст. Аз ин нишондиҳана Маскав, Бурятия, вилояти Амур истисно ҳастанд, барои муҳоҷирон дар ин минтақаҳо маҳдудият вуҷуд надорад. Аммо дар Доғистон ҳисаи муҳоҷирон 50% муқаррар шудааст.
Дар соҳаи кишоварзӣ муҳоҷирон метавонанд то 50% ҷойҳои кориро ишғол кунанд. .
Дар савдои машрубот ва тамоку дар мағозаҳои махсус ба муҳоҷирон иҷозаи камтар дода шудааст, ки шумори онҳо набояд бештар аз 15% аз шумори умумии кормандони ташкилот бошад.
Дар “фаъолият дар соҳаи варзиш” ҳиссаи муҳоҷирон набояд бештар аз 25% ва қариб ҳамин миқдор ҳисса – 26% дар корхонаҳои нақлиёти заминии мусофирбар ва автомобилии боркаш пешбинӣ шудааст.