Дар Тоҷикистон қонун дар бораи мубориза бо экстремизм ба иҷро даромад, ки ба гуфтаи мақомот роҳҳои нави пешгирӣ аз ифротгароиро дар назар дорад. Қонунро моҳи декабри соли 2019 вакилони порлумон қабул карда буданд, аммо ҷузъиёташ маълум набуд. Бо нашри қонун дар матуботи расмии Тоҷикистон дар оғози моҳи январи имсол тафсилоти қонун дастраси умум гардид.
Дар қонуни нав мақомот шарҳ додаанд, ки киро ҳамчун ифротгаро мешиносанд ва кадом амалҳо ҳамчун ифротгароӣ тавсиф мешавад. Баъзе аз ҳомиёни ҳуқуқ қонунро барои пешгирӣ аз ифротгароӣ дар кишвар муҳим мешуморанд, аммо аз он нигаронанд, ки дар санад мафҳуми ифротгароӣ ба таври пурра ва фаҳмо шарҳ дода нашудааст ва метавонад мавриди суистифодаи мақомот қарор гирад.
Бино ба қонуни нав, амалҳое, ки ба ноустувор кардани амнияти миллӣ ва қобилияти дифоии давлат;
даъвати оммавӣ бо роҳи зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимияти давлатӣ ё бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохтори конститутсионӣ;
ҳаракатҳое, ки ба барангехтани кинаву адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ё динӣ (мазҳабӣ) равона шудаанд, амалҳои ифротгароӣ шинохта мешаванд.
Аммо қонуни нав баъзе мафҳумҳоро на мушаххас, балки дар шакли васеъ пешбинӣ кардааст. Аз ҷумла, дақиқ нест, кадом амалҳо ба “ноустувор сохтани амнияти миллӣ ва қобилияти мудофиавии давлат” дохил мешаванд.
Ҳамин номуайянӣ, ба гуфтаи Шуҳрат Қудратов, ҳуқуқшиноси тоҷик, боис мешавад, ки аз қонун суистифода сурат гирад ва бо баҳонаи мубориза бо экстремизм афроди гуногунандеш ва мунтақид низ зери зарба раванд.