Ҳукумати Тоҷикистон бахше аз қарзҳои “Барқи тоҷик” аз нерӯгоҳи “Сангтӯда-1” пардохт кардааст. Аниқтараш 98,5 млн. сомонӣ (беш аз 10 млн. доллар) қарзи “Сангтӯда-1” аз андоз аз тарафи давлат “бахшида” шуда, ҳамин миқдор қарзи “Барқи тоҷик” аз ин нерӯгоҳ кам карда шудааст.
Дар навбати худ, ҳамин миҷдор маблағ ба ҳайси саҳми ҳукумати Тоҷикистон ба сармояи оинномавии “Барқи тоҷик” гузаронида мешавад. Пардохти қарзи монополисти соҳаи барқ “дастгирии давлатии молиявии ширкати “Барқи тоҷик”” гуфта мешавад.
Бори аввал нест, ки қарзи ширкати “Барқи тоҷик” назди нерӯгоҳи “Сангтӯда-1” аз эътибор соқит карда мешавад. Ин кор кайҳо ба анъана табдил шудааст ва ҳар сол ҳукумати Тоҷикистон “саховатмандона” даҳҳо миллион қарзи “Барқи тоҷик”-ро аз ҳисоби мардум “мебахшад”. Соли гузашта ҳам ҳудуди 5 млн. доллар қарзи ин ширкат беэътибор гардонида шуда буд.
Гуфта мешавад қарзи “Барқи тоҷик” назди нерӯгоҳи “Сангтӯда-1” дар ҳоли ҳозир беш аз 1,3 млрд. сомонӣ (134 млн. доллар)-ро ташкил медиҳад. Қарзи умумии ин ширкат, ки наздик ба ду сол аст дигар эълон намешавад, бори охир ба 3 миллиард доллар наздик шуда буд ва бо гумони ғолиб аз ин марз ҳам гузаштааст.
Корхонаи муштараки Тоҷикистону Русия – ҶСК «Нерӯгоҳи обӣ-барқии Сангтӯда-1» соли 2006 бо ҳадафи бунёди нерӯгоҳи обӣ-барқӣ дар рӯдхонаи Вахши Тоҷикистон таъсис ёфта, ҳамагӣ 25%-и саҳмияҳои он ба Тоҷикистон мутаъаллиқ аст.
Иқтидори тавлидотии нерӯгоҳ 670 мегаватт гуфта мешавад. Агрегати аввали нерӯгоҳ 20-уми январи соли 2008 ва чаҳор агрегати диари он 31-уми июли соли 2009 пурра мавриди истифода қарор гирифтанд. «Сангтӯда-1» ҳудуди 15% барқ дар Тоҷикистонро истеҳсол мекунад.