Рубрики Хабарҳо

АБДУЛЛОҲ ИБНИ МУБОРАК

Олим, муҳаддис, фақеҳ, муҷоҳид. 

Номи пурраи ӯ Абӯ Абдурраҳмон Абдуллоҳ ибни ал-Мубарак ибни Водӣ ал-Ханзалӣ ат-Турки ал-Марвазӣ аст. Соли мелодаш 736-ум. Аввалин устоди ӯ ар-Рабӣ  ибни Анас ал-Хурасонӣ буд. Аз соли 758 ӯ дар ҷустуҷӯи дониш ба олами ислом сафар мекунад, ҳадисҳоро аз Сулаймон ал-Таймӣ, Ҳишам ибни Урва, Сулаймон ал-Амаш, Абдуллоҳ ибни Аюн, ал-Аузай, Абу Ҳанифа, Ибни Ҷураҷ, Суфиён ас-Саурӣ, Шуба ибни Ҳаҷҷа, Анс ал-ал-Ҳаҷаҷ, Малика ва ибни Саъд, Исмоил ибни Айяш, Суфян ибни Уйайна ва бисёр дигарон меомӯзад.  Бисёр шогирдонаш аз ӯ ҳадис ривоят кардаанд: Абу Довуд, Яхё ибни Майн, Ибни Абу Шейба, Абд ар-Раззак ас-Санонӣ, Яхия ал-Каттан, Абдурраҳмон ибни Маҳдӣ ва дигарон.

Абдуллоҳ ибни ал-Мубарак дар даҳаи охири моҳи Рамазон соли 797 даргузашт ва дар шаҳри Ҳит дар ғарби Ироқ дафн карда шуд.

Замони дар қайди ҳаёт буданаш донишманди он даврон Исмоил ибни Яшир гуфта буд: “Дар дунё донишмандеро фақеҳу покизаву амалкунанда, чун Абдуллоҳи Муборак надидам. Гӯё Худованд ҳар бузургие, ки барои як инсон хос медонад, дар сирати Абдуллоҳ сириштааст. “  

Донишманди дигаре бо номи Ибни Асбар мегуфт, ки Абдуллоҳи Муборак хеле хислатҳои монанди Расули акрамро дорад, агарчанде ягон маротиб бо он ҳазрат вонахӯрдаву аз дидорашон шарафёб нагардидааст”

Шумо дар ҳайрат хоҳед афтод, агар суханони бузургвореро монанди Суфён ибни Уяйна дар бораи Абдуллоҳи Муборак бишнавед. Суфён мегуфт :”Ман саҳобагони киромро медидам ва Абдуллоҳи Муборакро низ дидам. Дар қиёс ин баргузидагони аҳли ислом ҳамин қадар тафовут доранд, ки Саҳобагон ҳазрати паёмбарро (дуруд бар равонашон) дида буданд, аммо Абдуллоҳ Ибни Муборак аз ин  бахт бархӯрдор набуд. Абдуллоҳро низ дар даврони дар қайди ҳаёт буданаш унвони Амирулмӯъминин муносиб шуда буд. Ин унвон баландтарин мартабаи миёни инсоният маҳсуб меёфт ва ҳанӯзам чунин аст. Агар нафаре ба миқдори 100 000 адад аҳодиси саҳеҳи ҳазрати паёмбарро азбар медонист, барояш тахаллуси ҳофиз медоданд. Агар ин миқдор ба 300 000 расида бошад, унвони ҳуҷҷат медоданд. Агар умуми аҳодисро дар зеҳн фаро мегирифт, мулаққаби ҳоким медонистандаш. Агар бештар аз ин ҳама бошад, ки дар донишу дарк фузунӣ, яъне бартарӣ дорад, амиралуламо  унвон мегирифт. Афроде бо чунин унвон хеле ангушт шуморанд. 

Абдуллоҳ Ибни Муборак ҳанӯз даҳ сол дошт, ки мавъизаеро мешуниду дар бори аввали шуниданаш нуқта ба нуқта азбар мекард. 

Имом Яҳё ибни Муъин ва Имом Молик нишаста буданд, ки Абдуллоҳи Муборак наздашон ташриф овард. Чун Абдуллоҳ дар аввал иҷозаи вуруд пурсид, Имом Молик зуд аз ҷояш каме ба як тараф ҷунбиду барои Абдуллоҳ Ибни Муборак дар паҳлӯяш ҷойи нишаст омода сохт. Яҳё ибни Муъин мегӯяд, ки дар давоми ин ҳама дӯстӣ, ки бо Имом Молик дошт, боре ҳам надида буд, ки барои нафаре дар паҳлӯяш ҷой омода сохта бошад. 

Бештари рӯзҳои зиндагиаш рӯзадор буд ва ҳангоми ифтор аз ғизояш аввал ба атрофиёнаш тақсим мекард. Боре ба Кӯфа сафарӣ буд, ки он минтақаро гуруснагии шадиде фаро гирифта буд. Чашмаш ба духтари кӯчаке афтод, ки аз партовгоҳ зоғи мурдаеро пайдо карда, шитобон ба манзилаш мешитофт. Абдуллоҳи Муборак аз ҳамсафаронаш нафареро фиристод, то рафтори духтари кӯчакро пайгирӣ намояд. Он ҳамсафар хабар овард, ки чанд рӯзе аҳли хонадони ин тифл ғизое пайи бархӯрдорӣ надоранд ва ҳамин зоғро барои тановул бурдааст. Абдуллоҳи Муборак даст бар рухсорааш пӯшид ва зор-зор гирист, ки ӯро мурғи бирён ҳасту бандаеро дар ин шаҳр рӯзаш ба парандаи ҳароммурда мондааст. 

Абдуллоҳ ибни Муборак (р) имоми фиқҳу ҳадис тоҷир ва сармоядор буд, фоидаи солонаи тиҷораташро ба донишмандон, фақехону муҳаддисон сарф мекард.

Боре имом Молик (р) барояш табақе аз хурмои Мадина фиристод, Ибни Муборак табақро пур аз динор (тангаи тилло) карда, бозпас гардонид.

Имом сабаби ин кафолату инъомро низ баён карда мегуфт: “Мехохам донишмандонро аз мухтоҷ шудан ба сӯи амирону молдорон нигоҳ дорам.”

Олими раббоние ин хислати Ибни Муборакро ёдовар шуда, илова кард:

“Ибни Муборак чӣ басо ҷомеа ва аҳли онро хуб мешинохтаанд.

Аз Имом Абу Ҳанифа (р) низ ривоёт омада, ки дар охири сол фоидаи аз тиҷорат ба дастовардаашро ба фақеҳону муҳаддисон тақсим мекард…

Худо аз Абу Ҳанифаву Ибни Муборак… розӣ бод.

Чӣ басо равоншиносону ҷомеашиносони хубе буданд ва чӣ басо илм барояшон азиз буд.

На танҳо барои ҳамсарони худ, балки барои илм, ки мероси паёмбарон аст, низ рашк доштанд.

На танҳо илми дар синаи худ доштаро ҳифз мекарданд, балки мехостанд илми дигарон низ хору беарзиш нашавад.

***

Ба фарзандат дуои бад кардӣ?

Марде назди Абдуллоҳ ибни Муборак омада, аз фарзандаш шикоят кард.

Абдуллоҳ ибни Муборак гуфт:

– Боре ҳам ба фарзандат дуои бад кардаӣ?

Мард:

– Бале, дуои бад карда будам.

Абдуллоҳи Муборак чунин ҷавоб дод:

– Модоме, ки дуои бад карда бошӣ, пас, чаро шикоят мекунӣ? Ту худ фарзандатро бо дуои бад, беадаб кардаӣ.

Соима Саидӣ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *