Рубрики Хабарҳо

Талаби 22 соли зиндон ба раиси “Манзили дастрас”

Намояндаи додситонӣ рӯзи ҷумъаи 10-уми январ аз додгоҳ хост, ки Нурулло Наимов, раиси пешини ширкати “Манзили дастрас”-ро барои 22 сол аз озодӣ маҳрум кунад. Муштариёни “Манзили дастрас” ҳоло нигаронанд, ки баъд аз эълони ҳукм, сарнавишти маблағҳои онҳо чӣ мешавад ва оё онро бозпас гирифта метавонанд ё на.

Додситонӣ дар баробари Нуруллоҳ Наимов, барои ҳамроҳони ӯ Рустам Раҷабов 18 сол, Маҳина Раҷабова, Хуҷамқул Расулов, Хуршед Хоҷаев ва Алиев 10-солӣ зиндон талаб кардааст.

Боздошти Наимов ва ҳамроҳонаш бар асоси шикояти муштариёни тарҳи “Манзили дастрас” сурат гирифта, баррасии ин парванда аз як сол беш ба ин тараф идома дорад. Парвандаи онҳо дар оғоз аз ҷониби додситонии пойтахт ва сипас аз сӯи Додситонии кулли Тоҷикистон таҳқиқ ва ба Додгоҳи шаҳри Душанбе ирсол шуд.

Мақомот Нуруллоҳ Наимов ва ҳамроҳонашро барои аз худ кардани пули муштариён муттаҳам мекунанд. Мақомоти додситонии шаҳри Душанбе қаблан гуфта буд, ки даҳҳо тан аз муштариёни ин тарҳ шикоят кардаанд, ки масъулини “Манзили дастрас” аз онҳо пул дарёфт карда ва ба хазинаи ин тарҳ ворид накардаанд.

Мақомот низ дар гузашта гуфта буданд, ки таҳлили фаъолияти ин корхона муайян намуд, ки роҳбарияти корхона аз шаҳрвандон маблағи пулӣ қабул намуда, онро ба хазинаи корхона ворид накардааст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *