Сомон Маҳмадбеков, ки қаҳрамони ҷаҳон оид ба дзюдо миёни ҷавонон дар соли 2019 ба ҳисоб меравад, шонси бештар барои гирифтани роҳхат ба Бозиҳои олимпии Токио – 2020 – ро дорад
Сомонаи Варзиш хабар медихад, Сомон Маҳмадбеков қаҳрамони тоҷик оид ба дзюдо барои ба даст овардани роҳхат ба Бозиҳои олимпии Токио – 2020 ҷиддан ба тамрин машғул аст.
Аз ин рӯ, Сомонпаҳлавон барои самаранок истифода намудан аз имконоти мавҷуда, тасмим гирифтааст, ки дар ҳамаи мусобиқаҳои литсензионии Федератсияи байналмилалии дзюдо ширкат карда, имтиёз ба даст орад.
Феълан, варзишгари тоҷик барои иштирок дар мусобиқаи Гран-При Тел-Авив дар кишвари Ҷопон тамрин мекунад.
Манбаъ меафзояд, Сомон Маҳмадбеков ҳамроҳи 18 нафар ҷудочиёни Иркутский аз 11 то 19 – уми январ дар яке аз донишгоҳҳои шаҳри Токио тамрин мекунад.
Пас аз анҷоми тамринҳо, интизор меравад Сомон аз шаҳри Токио ба кишвари Исроил раҳсипор шавад, ва дар мусобиқаи Гран – При Тел – Авив иштирок намояд.