Маҷмаъи ҷаҳонии иқтисод дар остонаи нишасти Давос дар Суис (Швейтсария) гузориши солонаи худро мунташир кард. Дар гузориши марбут ба “таҳдидои ҷаҳонӣ” , ки бар асоси назароти 750 коршинос танзим шуда, масоили зисти муҳитӣ бузургтарин таҳдид дар ҷаҳон шинохта шудааст.
Дар назарсанҷии Маҷмаъи ҷаҳонии иқтисод, ки рӯзи чаҳоршанбе 15 январ барои понздаҳумин бор интишор ёфт, дар бораи мавзӯъи бузургтарин хатароте, ки ҷаҳонро таҳдид мекунанд пурсида шудааст. Ба ташхиси ширкаткунандагони ин назарсанҷӣ, ки теъдоди он ба 750 нафар мерасад дар дарозмуддат муҳити зист “муҳимтарин ва бузургтарин таҳдиди ҷаҳонӣ” қаламдод шудааст.
Ширкаткунандагон нигаронанд, ки мушкилоти зистимуҳитӣ рушд ва тавсеаи кураи заминро бо хатар мувоҷиҳ мекунад.
Нигаронии аслии посухдиҳандагон дар бораи таҳдидот дар 10 соли оянда тағйироти иқлимӣ ва мушкилоти зистмуҳитӣ аст. Дар бахше аз гузориш таъкид шудааст: “тағйироти обуҳавоии сахттар ва сареътар аз он чи интизор меравад иттифоқ хоҳад афтод. Дар панҷ соли гузашта гармтарин айём дар ҷаҳон сабт шудааст. Бештарин балоёи табииро ҳам ҷаҳониён дар панҷ соли гузашта таҷриба кардаанд.”
Яке дигар аз нигарониҳои ширкаткунандагон назарсанҷии Маҷмаъи ҷаҳонии иқтисод “инқирози гунаҳои мухталифи ҷонварӣ ва гиёҳӣ” аст. Тибқи ин назарсанҷӣ суръати инқирози бархе гунаҳои ҷонварӣ ва гиёҳӣ ҳазоронбор бештар аз миёнгинӣ аст, ки дар тӯли 10 миллион сол иттифоқ афтодааст. Дар ин гузориш ҳушдор дода шудааст, ки инқирози гунаҳои ҷонварӣ ва гиёҳӣ авоқиби чашмгире барои ҷаҳон ва башарият хоҳад дошт.
Дар гузориши ёдшуда хатароти иқтисодӣ ва сиёсӣ низ бахше аз таҳдидоти ҷаҳонӣ маҳсуб мешавад, ки тавоноии давлатҳо ва ҷомеаи ҷаҳониро дар вокуниши муносиб нисбат ба осебҳои густурдаи зистмуҳитӣ коҳиш медиҳад.
Дар гузориши Маҷмаъи ҷаҳонии иқтисод ба таҳдидоти кӯтоҳмуддат барои соли 2020 ҳам ишора мешавад. Дар гузориши марбут ба соли ҷорӣ ҷанги иқтисодӣ дар садри таҳдидоти ҷаҳонӣ қарор мегирад. Кашмакашҳои дохилӣ низ дар ҷойгоҳи баъдии таҳдидоти ҷаҳонӣ ҷой гирифтааст.
Ин гузориш аз вазъияти нопойдори геополотика дар соли ҷорӣ сухан гуфта ва интиқод кардааст, ки кишварҳои ҷаҳон ба таври фазояндае фурсатҳо ва таҳдидҳоро якҷониба мебинанд. Дар ин гузориш перомуни рӯйкардҳои носиунолистӣ, ки ба паёмадҳои геополотикӣ таваҷҷуҳи чандоне надоранд низ ҳушдор дода шудааст.
Қарор аст иҷлоси сарони Давос аз 21 то 24 январ дар Суис баргузор шавад. Дар ин иҷлос беш аз се ҳазор сиёсатмадор ва намояндагони ниҳодҳои маданӣ аз 100 кишвар ширкат хоҳанд кард.