Рубрики Хабарҳо

Русия хостори эҷоди механизми амниятии муштарак дар Халиҷи Форс шуд

Дар пайи афзоиши танишҳо дар Ховари Миёна Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия хостори ҳамкориҳои амниятии кишварҳои воқеъ дар минтақаи Халиҷи Форс шуд. Вазири хориҷаи Русия ҳамчунин аз баргузории размоишҳои муштарак аз сӯи кишварҳои минтақа сухан гуфтааст. 

Хабаргузории Рейтерз имрӯз, чаҳоршанбе 15 январ бо интишори гузорише аз Деҳлии Нав ба суханони Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия дар бораи вазъияти буҳронии ҳоким бар Халиҷи Форс пардохтааст. 

Лавров бо ишора ба афзоиши таниш дар Ховари Миёна ва ба вижа дар Халиҷи Форс, хостори эҷоди механизмии амниятӣ дар ин минтақа шудааст. 

Вазири умури хориҷаи Русия дар айни ҳол гуфтааст: “Мо ба кишварҳои воқеъ дар ҳавзаи Халиҷи Форс пешниҳод кардаем дар бораи эҷоди як механизми амниятии муштарак фикр кунанд.” 

Ба бовари Лавров иқдомоти нозир бар эҷоди ҳиси эътимод байни кишварҳои ин минтақа метавонад гоми нахуст дар эҷоди чунин механизми муштарак бошад. 

Афзӯн бар ин, вазири умури хориҷаи Русия хостори баргузории размоишҳои муштарак аз сӯи кишварҳои минтақа шудааст. 

Дар Деҳлии нав ин рӯзҳо конфронси амниятӣ баргузор мешавад. Бар асоси ахбори мунташиршуда аз сӯи хабаргузориҳо ҳудуди 700 намоянда аз сад кишвари ҷаҳон дар ин конфронс ҳузур доранд. Муҳаммадҷавод Зариф, вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон низ аз ҷумлаи касоне аст, ки барои ширкат дар ин конфронс роҳии Ҳинд шудааст. 

Пардохтан ба мавзӯъи таниш байни Эрон ва Амрико ва таъсироти он бар амнияти минтақаи Халиҷи Форс аз меҳварҳои аслии музокироти намояндагони кишварҳои ширкаткунанда дар конфронси амниятии Деҳлии Нав аст. 

Бар асоси гузориши хабаргузории Рейтерз, кушта шудани Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи сипоҳи Қудс тавассути Амрико ва ҳамчунин партоби мушак аз сӯи Эрон ба мавозеъи Амрико дар пойгоҳҳои Ироқ бар доманаи таниш дар ин минтақа афзудааст. 

Сергей Лавров аз вазъияти буҳронии ҳоким бар Халиҷи Форс ибрози нигаронӣ кардааст. 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *