Рубрики Хабарҳо

Ёздаҳ низомии амрикоӣ дар ҳамлаи мушакии Эрон ба Айн-ул-асад зарбаи мағзӣ шуданд

Сухангӯи фармондеҳи марказии Амрико эълом кард, ки дар ҳамлаи мушакии ахири Эрон ба пойгоҳи ҳавоии Айн-ул-асад дар Ироқ 11 низомии амрикоӣ ба хотири зарбаи мулоими мағзӣ таҳти мудово қарор гирифтаанд. 

Бил Арбин, сухангӯи фармондеҳи марказии Амрико “CENTCOM” дар баёнияе эълом кард: дар ҳоле, ки ҳеҷ нерӯи низомии Иёлоти муттаҳида дар ҳамлаи 8 январи Эрон ба пойгоҳи Амрико дар Айн-ул-асад дар устони Ал-Анбори Ироқ кушта нашуданд, 11 низомӣ ба далели аломатҳои осеби мағзии ношӣ аз инфиҷор, таҳти мудово қарор гирифта ва арзёбии вазъияти онҳо идома дорад”. 

Вай дар идома афзуд: “8 тан нерӯи низомӣ дар ростои иқдомоти эҳтиётӣ аз Айн-ул-асад ба маркази дармонии Лондстули Олмон мунтақил шуда ва 3 низомии дигар низ ба  Қувайт фиристода шуданд то таҳти муоинаи бештар қарор гиранд”. 

Дар ҳамин росто, Ҷонатан Ҳофман, сухангӯи вазорати дифоъи Амрико низ дар мусоҳиба бо CNN гуфт: “Мо имрӯз ин оморро тасҳеҳ кардем. Дафтари вазири дифоъ имрӯз аз омори захмиҳо матлаъ шуд ва дастур дод фавран баёниае содир шавад. Низомиёни захмӣ ҳафтаи ҷорӣ барои мудово ба бемористонҳои низомии Амрико дар Қувайт ва Лендстули Олмон эъзом шуданд то барои дармон осеб мағзӣ ва анҷоми муоиноти бештар таҳти мудово қарор бигирнд”. 

Ин дарҳолест, ки мақомоти амрикоӣ пеш аз ин эълом карда буданд, ки ҳеҷ низомии амрикоӣ дар ин ҳамла, ки ба талофи куштани Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи нерӯи Қудси сипоҳи посдорони Эрон дар ҳамлаи паҳподии амрикоӣ дар Бағдод анҷом шуд, кушта ё маҷрӯҳ нашудааст. 

Гуфтанист дар пайи кушта шудани Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи нерӯи Қудси сипоҳи посдорони Эрон дар Ироқ аз сӯи Амрико дар бомдодо 3 январи ҷорӣ танишҳо байни Теҳрои ва Вашингтон боло гирифта ва Эрон бомдоди ду рӯз пас дар вокуниш ба кушта шудан Сулаймонӣ даҳҳо фарванд мушаки баллистик ба самт пойгоҳи Айн-ул-Асад, маҳалли истиқрори неруҳои амрикоии воқеъ дар устони Ал-Анбори Ироқ шиллик кард. 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *