11 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

Sony аз мошини электрониаш рӯнамоӣ кард

Сонӣ  (Sony) бо рӯнамоӣ аз як мошини электирикӣ, ҳозирон дар намоишгоҳи маҳсулоти электируникии Лас-Вегасро шигифтзада кард. 

Сонӣ мехоҳад ҳузури пуррангтаре дар ояндаи санъати худрав дошта бошад. Қасди ширкати Сонӣ аз сохти ин мошин, ки Vision-S номида шуда, намоиши фановариҳое аст, ки Сонӣ дар назар дорад, ба зудӣ ба бозор арза кунад. 

Коничиро Юшидо, мудири Сонӣ ҳангоми рӯнамоии мошин гуфт ҳамон тавр, ки телефони ҳамроҳи ҳушманд таъсиргузортарин фановарии даҳаи гузашта буд, ҳамлу нақл муҳимтарин фановарии оянда хоҳад буд. 

Имконоти мошин аз тариқи интернети пурсураът бурӯз мешавад. Системи омили мошин ҳушманд аст ва бо таваҷҷуҳ ба одати ронанда, бахшҳои мухталифи мошинро танзим мекунад. Масалан мошин медонад, ки ронанда пеш аз савор шудан чӣ оҳанге гӯш мекунад ва ба маҳзи нишастан дар мошин идомаи мусиқӣ аз баландгуҳо пахш мешавад. Сонӣ бо ироаи ин имконот мехоҳад таҷрибае мутафовит барои сарнишинон фароҳам карда ва аз ин тариқ худро аз рақибонаш мутамоиз кунад. 

Системи савтии мошин ҳам мунҳасир ба фард (уникалӣ) аст. Баландгӯҳо рӯйи ҳар сандалӣ дар пушти сари сарнишин насб шуда ва Сонӣ мегӯяд садои 360 дараҷа тавлид мекунад, ки ихтироъи ҷадиди Сонӣ аст ва мусиқиро бо кайфияти беҳтар аз системи стерео ба гӯш мерасонад. 

Vision-S ҳамчунин ба 33 ҳисгар ва радари лазерӣ муҷаҳҳаз аст, ки ба гуфта Сонӣ бо мушоҳида перомуни мошин, сатҳи тозае аз эминиро барои сарнишинон фароҳам мекунад. Ҳисгарҳое, ки дар утоқ насб шуда бо ташхиси ронанда, сандалиҳо ва дигар имконотро ба таносуб тағйир медиҳад. 

Сонӣ таъкид карда, ки қасде барои тавлиди анбӯҳи ин мошин надорад ва аз Vision-S танҳо ҳамин як дастгоҳ сохта шудааст. Аммо мошин тақрибан барои тавлид омодааст ва ҳамин сабаб гумоназаниҳои зиёде дар бораи барномаҳои ояндаи Сонӣ шудааст. Ин ширкат ҳамчунин эълом карда ба зудӣ озмоиши фановариҳои худронро оғоз хоҳад кард.

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *