Ҳабиб ба разми Мейвезер меравад
Падари Ҳабиб Нурмагомедов, қаҳрамони UFC дар вазни сабук Абдулманоф Нурмагомедов, дар бораи рақобати писараш бо Флойд Мейверзер, муштзани машҳури амрикоӣ хабар дода гуфт, ки ин рақобат баъд аз рақобати Ҳабиб бо Тони сурат хоҳад гирифт,
Тавре Шабакаи телевизионии Варзиш хабар медиҳад, Абдулманоф Нурмагомедов оиди шартҳои баргузории рақобат гуфтааст, ки “Мейвезер 50 рақобат дораду, боре ҳам мағлуб нашудааст ва дар бокс беҳамто мебошад. Акнун мехоҳад бо нафаре қувваозмоӣ кунад, ки мисли худаш боре ҳам дучори шикаст нагардидааст.
Абдулманоф Нурмагомедов мегӯяд, Ҳабиб ба муҳориба омода аст, аммо ҳоло дар навбат Тони Фергюсон мебошад. Баъдан ним сол бо дастаи боксёри украинӣ Василий Ломаченко Ҳабиб тамрин хоҳад кард. Баъди он бо Мейвезер қувваозмоӣ мекунад. Қаблан Мейвезер худаш дар саҳифаи “Твиттер”-аш бо як матлаб рақобати худро бо қаҳрамони феълии UFC дар вазни сабук Ҳабиб Нурмагомедов эълон карда буд.
Хотиррасон мекунем, ки Флойд Мейвезер ва президенти UFC Дана Уайт лоиҳаи муштаракро оиди баргаштани боксёр ба варзиши ҳирфаӣ омода карда истодаанд. Ҷузъиёти карордоди онҳо маълум нест. Интизорӣ меравад, ки Флойд тирамоҳи соли 2020 рақобати худро доир мекунад.