Рубрики Хабарҳо

“БОРИ АВВАЛ ДАР ТОҶИКИСТОН”: боз картошка!

Роҳбарияти ҳар кишвар барои рушди иқтисодиёт ва баланд бардоштани маҷмӯи маҳсулоти дохилии худ мунтазам чораҳои саривақтӣ ва замонавӣ меандешад. Кишварҳои пешрафта бештар ба рушди соҳаи хадамот ва истеҳсоли маҳсулоти технологии пешрафта такя мекунанд. Кишварҳои дорои иқтисоди ба истилоҳ “тараққикардаситода” бештар ба рушди саноат, тиҷоратҳои хурду миёна ва хадамот аҳамияти бештар медиҳанд.

Ҳукумати Тоҷикистон низ бо ташаббусҳои беназиру фавқулода, ки аслан ба гӯшаи хаёли ҳукуматдорони кишварҳои пешрафта намеояд, иқтисоди кишварро бо қадамҳои устувору ҳафтфарсахӣ рӯ ба тараққӣ мебарад. 

Ба таври мисол, агентии миллии иттилоотии “Ховар” бо унвони “БОРИ АВВАЛ ДАР ТОҶИКИСТОН” (ҳарфҳои калон низ аз агентӣ буда, аҳамияти ин хабарро таъкид мекунанд) хабари муҳимеро қайд кардааст. Мутмаинан бо хондани ин сарлавҳа хонанда гумон мекунад, ки бо “сиёсати хирадмандона”-и раисҷумҳур ва “тадбирҳои саривақтӣ”-и ҳукумат дар Тоҷикистон бори аввал мушаки кайҳонӣ, радифи маснӯи замин (спутник) ё ҳадди ақал автомобили электрикӣ истеҳсол шудааст.

Вале ҳақиқат хеле соддатар аз он аст. “БОРИ АВВАЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Фестивали намоиш-фурӯши картошка ва тайёр намудани хӯрокҳо аз он доир мешавад” — хабар медиҳад агентӣ.

Ба қавли манбаъ, 26 ноябр дар бозори «Меҳргон»-и шаҳри Душанбе бори аввал «Фестивали намоиш-фурӯши картошка ва тайёр намудани хӯрокҳо аз он» баргузор мегардад.

Агентии “Ховар” боз ҳам таъкид меканд, ки “Эмомалӣ Раҳмон 14-16 ноябри соли равон зимни сафари корӣ ба вилояти Суғд доир ба баргузории «Фестивали намоиш-фурӯши картошка ва тайёр намудани хӯрокҳо аз он» дастур доданд”.

Албатта, дастури Раҳмон бояд амалӣ шавад, ҳар қадар ки ғайримантиқӣ ва ҳатто хандаовар ҳам бошад. Бинобар ин, хабаргузорӣ қайд мекунад, ки “Вазорати кишоварзии мамлакат фестивали мазкурро ҷиҳати иҷрои саривақтии дастури Пешвои миллат доир менамояд”.

Яъне гузаронидани “Фестивали картошка”, ки ҳамчу ташаббуси беназир ва намунае аз “сиёсати хирадмандона” қаламдод мешавад, аслан сатҳи фикрронии як роҳбари совхози шӯравие мебошад, ки на аз пешравии ҷаҳон хабаре дораду на аз тадбирҳои воқеии ислоҳот дар соҳаҳои иқтисодӣ, аз ҷумла кишоварзӣ чизе шунидааст.

Гузаронидани чунин як “фестивал” барои деҳқонон як дарди сари изофагӣ ва хароҷоти калону беҳудае мебошад. Ҳукумат деҳқононҳоро маҷбур мекунад аз ҳисоби худ маҳсулоташонро ба садҳо километр интиқол диҳанд, чанд рӯзе умрашонро дар як маъракаи беҳудаи рақсу суруду сайругашт сарф кунанд ва ба хона дасти холӣ баргарданд, зеро тамоми маҳсулоти онҳо пас аз “фестивал” аз тарафи кормандони ҳукумату мақомот талаву тороҷ мешаванд. Бар ивази ин қадар заҳмату хароҷот деҳқон ҳатто “раҳмат”-и хушку холие ҳам намешунавад. 

“Ховар” ҳамчунин хабар медиҳад, ки тибқи маълумоти Вазорати кишоварзӣ, соли равон ҳосили умумии картошкаи ҷамъоваришуда, то 18 ноябри соли равон дар хоҷагиҳои деҳқони ва ҷамоавӣ 821 ҳазору 340 тоннаро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли 2021 185 ҳазору 181 тонна зиёд аст”.

Вале қаблан дар расонаҳо хабарҳое нашр шуда буданд, ки ҳосилнокии картошка ҳам аз ҷиҳати ҳаҷми умумӣ, ҳам аз ҷиҳати ҳосилнокии картошка аз ҳар як гектар кам шудааст.

Вале 17 ноябр ASIA-Plus дар матлаби худ бо нақл аз Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ қайд кард, ки дар Тоҷикистон аз нақша камтар картошка ҷамъоварӣ шудааст. “Дар давраи аз моҳи январ то ноябр дар Тоҷикистон зиёда аз 700 ҳазор тонна, аз ҷумла дар вилояти Суғд ҳудуди 500 ҳазор тонна картошка ҷамъоварӣ шуд”, гуфта мешавад дар хабар.

Ҳамчунин моҳи сентябри соли ҷорӣ низ ASIA-Plus хабар дода буд, ки миқдори умумии ҳосили ҷамъоварда то аввали  ин моҳ 358 ҳазору 457 тоннаро ташкил додааст, ки 1 ҳазору 636 тонна камтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 аст. Илова бар он, ҳосилнокии картошка поин рафта, агар дар охири соли гузашта ин нишондиҳанда 227 сентнер аз 1 гектарро ташкил дода бошад, пас дар ҳамин давраи соли равон он ба 208 сентнер аз 1 гектар баробар шудааст, гуфта мешавад дар хабар. 

Чӣ гуна дар аввали моҳи ноябр ҷамъоварии картошка аз нақша ва ҳатто нисбат ба соли гузашта камтар буд, вале то 18 ноябр, ки иттифоқан ба дастури “пешво” дар мавриди фестивали картошка мувофиқ омад, якбора аз нақша зиёд шудааст ва нисбат ба соли гузашта бештар аз 185 ҳазор тонна бештар шудааст, маълум нест. Зоҳиран ин ҷаҳиш на ба “сиёсати хирадмандона”-и раисҷумҳур, ё “тадбирҳои саривақтӣ”-и ҳукумат, балки ба зиёданависии вазорати кишоварзӣ бастагӣ дорад. Аниқтараш ба “сиёсати хирадмандона”-и раисҷумҳуру “тадбирҳои саривақтӣ”-и ҳукумат дар зиёданависӣ.

Ҳукумат ҳамеша даъво мекунад, ки соҳаи кишоварзӣ яке аз соҳаҳои муҳими иқтисоди миллӣ ба ҳисоб меравад ва дар солҳои охир дар сатҳи зарурӣ рушд намуда истодааст. Ба қавли ҳукумат, он “баҳри таъмини фаровонии бозори дохилӣ бо маҳсулоти тару тоза ва кам кардани вобастагии бозори истеъмолӣ аз маҳсулоти озуқаворӣ мусоидат намуд”. Ҳақиқатан, агар ба омори пешниҳодшудаи Агентии омор назар андозем, истеҳсоли картошка сол аз сол зиёд мешавад. Вале бо вуҷуди ин, борҳо дар кишвар норасоии ҷиддии картошка ба назар расида буд. Дар натиҷаи кам шудани ин маҳсулоти хоҷагии қишлоқ, нархи он ба осмон печида буду мардум аз харидану истеъмоли он даст кашида буданд. Илова бар ин, дар бозорҳои кишвар картошкаи истеҳсоли Покистон сол аз сол бештар мешавад, ки нишондиҳандаи норасоии маҳсулоти ватанӣ мебошад.

Дар асл ҳукумат ҳеҷ тадбире барои беҳтар намудани шароити кории деҳқонон намеандешад. Амалан ҳеҷ деҳқоне аз тарафи ҳукумат дастгирӣ кардан як тараф истад, ҳатто ба ҳолаш намегузорад, ки бо меҳнати ҳалоли худ зиндагияшро пеш барад. Ягона коре, ки ин ҳукумат метавонад кунад, ин аст, ки деҳқононро маҷбур ба хароҷоти беҳудаву хандаоваре чун “фестивалҳо”, ярмаркаҳо, намоишгоҳҳо ва иди кадуву бодирингу тарбуз намояд.

Саволе, ки ба зеҳни мардум имрӯз меояд, ин аст, ки гузаронидани “фестивали картошка” барои зиёд кардани истеҳсоли картошка ё бештар таъмаин кардани аҳолӣ бо ин маҳсулоти хоҷагии қишлоқ чӣ фоида дорад? Оё дар ин фестивал ба ҷои кадупирамида ва тарбузпирамида имсол картошкапирамида сохта мешавад?  Ё шояд, акнун аз картошка мисли солҳои гузашта трактор на, балки ягон техникаи пешрафтатаре ба монанди ҳавопаймо ё мушак месозанд?

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *