Рубрики Хабарҳо

Амрико шаш ширкати муртабит бо саноеъи петрушими Эронро таҳрим кард

Хазинадории Амрико ду шахс ва шаш ширкати байналмилалии муртабит бо саноеъи нафт ва петрушими Эронро ба феҳристи таҳримҳои Ҷумҳурии Исломӣ афзуд. Ин ширкатҳо ба коргузорӣ барои таъмини манобеъи молии сипоҳи Қудс барои фаъолият дар Ховари Миёна муттаҳам шудаанд. 

Дафтари контроли дороиҳои хориҷии вазорати хазинадории Амрико OFAC чаҳор ширкати байналмилалии петрушимӣ ва нафтиро ба далели мушорикат дар содироти ширкати миллии нафти Эрон ва интиқоли садҳо миллион доллар пул таҳрим кард. Ин ширкатҳо ба таъмини манобеъи молии сипоҳи Қудс барои фаъолият дар Ховари Миёна муттаҳам шудаанд. 

Стивен Мнучин, вазир дороии Амрико гуфт: “бахшҳои петрушимӣ ва нафти Эрон манобеъи аслии таъмини эътибор барои фаъолиятҳои террористии Ҷумҳури Исломӣ ва аъмоли хушунат алайҳи шаҳрвандони дохилӣ ҳастанд.”

Дар баёнияи вазорати хазинадории Амрико, ки дар веб-сайти ин вазоратхона мунташир шуда омадааст: “Як эронӣ, як чинӣ ва шаш ширкати мустақар дар Амороти муттаҳида ва Гонконг ба далели иртибот бо саноеъи петрушими Эрон таҳрим мешаванд.” 

Номи ашхоси мавриди таҳрим, Алӣ Бандирён ва Ҷейк Ван эълом шудааст. Ширкатҳо иборатанд аз аз ду ширкати ҳонконгии Hong Kong-based Triliance Petrochemical ва Sage Energy HK Limited, як ширкати чинӣ – Peakview Industry ва ширктаи аморотии Beneathco DMCC.

Вазорати хизинадории Амрико эълом карда, ки ширкати Triliance Petrochemical Co. Ltd, коргузори мустақар дар Гонконг, ки шӯъбаҳое дар Эрон , Аморот муттаҳидаи арабӣ, Чин ва Олмон дорад, дар соли 2019 зимни махфӣ кардани манишои эронӣ маҳмулоти нафтӣ, тартиби интиқоли миллионҳо доллар ба ширкатҳои путрушими Эронро аз тариқи Дубай доду фурӯш миллионҳо доллари нафти ширкати Naftiran Intertrade Company ба ширкатҳои чинӣ низ кумак кардааст. 

Хазинадории Амрико менависад ширкати Триланс кеш низ, ки шӯъбаи ин ширкат дар Эрон аст, ахиран исми худро иваз карда ва бо номи путрушимии Тибо Порсиён Кеш фаъолият мекунад. 

Ин вазоратхона эълом карда, ки куллияи дороиҳо ва амволи ашхос ва ширкатҳои номбурда блок шудаанд ва касе ҳаққи муомила бо онҳоро надорад. Хазонадории Амрико ҳамчунин ҳушдор дода, ки ҳар ширкат ё фарде, ки ба мубодилоти банкӣ ва молӣ таҳримшудагон кумак кунад, мутаоқибан дар маърази таҳрими Иёлоти муттаҳида қарор хоҳад гирифт.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *