Ҳудуди 24,4 ҳазор соҳибкорони инфиродӣ дар Тоҷикистон соли гузашта ба фаъолияти худ хотима дода, шаҳодатномаву патенташонро бекор карданд.
Тибқи иттилоъи Агенти омори Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24,4 ҳазор соҳибкорон, ки дар январ-декабри 2019 аз фаъолият даст кашиданд, 3 ҳазор нафар бо шаҳодатнома ва 19,4 ҳазори дигар бо патент кор мекардаанд ва 2 ҳазорашон хоҷагиҳои деҳқонӣ будаанд. .
Агентӣ иттлоъ медиҳад, ки дар оғози моҳи январи соли ҷорӣ 561,3 ҳазор нафар соҳибкор дар қайди мақомот қарор доштанд.
Аммо шумори онҳое, ки фаъолияти воқеъи доранд ҳамагӣ 295,5 ҳаор буда, 155,6 ҳазори онро хоҷагиҳои деҳқонӣ ташкил медиҳанд.