Салом додан ва алейк гирифтан
Салом додан ба дигарон ҳамеша рамзи одобу садоқат мебошад. Ба ҳамсоя салом додан, ӯро аз аҳволаш пурсидан, кӯчактарин некие аст, ки шумо дар ҳаққи ҳамсоя мекунед. Агар ҳамсояатон мусалмон бошад, албатта бо таҳияи мусалмонон “Ассалому алейкум” гӯён, салом медиҳед. Агар ҳамсояи шумо ғайримусалмон бошад, ба ҷои “Ассалому алейкум” бо таҳнияти дигар ба ӯ салом диҳед. Албатта ҳар як кишвар урфи хоси худро дорад, ба урфи ҷои зистатон нигоҳ карда, салом диҳед. Оиди салом додан ба ғайримусалмонҳоро дида баромада будем. Аксари уламо ба ҷуз “Ассалому алейкум” гуфтан бо дигар намуди таҳният салом доданро иҷозат додаанд. Хусусан дар кишварҳои ғарб, ки мусалмонҳо, ҳамчун муҳоҷир сафар кардаанд, барои дурӣ аз хатар ва шубҳаҳои атрофиён боке надорад, ки аввал шуда салом диҳем.
Даъвати ҳамсояро пазируфтан
Аз намудҳои эҳсон ба ҳамсоя, даъвати ҳамсояро пазируфтан мебошад. Аммо ҳукми пазируфтани даъват ба ҳолати ҳамсоя нигоҳ карда, фарқ мекунад.
Вақте ҳамсояи мусалмонатон шуморо ба хонааш даъват кард, хоҳ ба муносибати ҷашни арӯсӣ ва ё таоми оддӣ ҳатман даъвати ӯро пазиред. Дар меҳмонии ҳамсояи мусалмон, албатта макруҳот ва ё муҳаррамот ҷой надорад. Шумо шакке надоред, ки таоми ҳамсояи мусалмон шубҳанок бошад ва ё дар маҷлиси ӯ ягон амали номашрӯе вуҷуд дошта бошад. Ҳамсоя ҳар вақте, ки шуморо ба сари дастархонаш даъват кард, “Не” нагуфта қабул кунед. Дар саҳеҳи Бухорӣ ва Муслим омадааст, Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва саллам мегӯянд:
حق المسلم على المسلم خمس رد السلام و عيادة المريض و اتباع الجنائز و اجابة الدعوة و تشميت العاطس
Мусалмон бар мусалмон панҷ ҳақ дорад:
Ҷавоби салом додан, ба аёдати бемор рафтан, ба ҷанозааш рафтан, даъваташро пазируфтан, агар атса зад, ярҳамакаллоҳ гуфтан.
Вақте даъвати ҳамсояро беузр намепазиред, дар дили ҳамсоя нисбати шумо бадгумони пайдо мешавад. Напазируфтани даъвати дигарон беузр як намуди кибру худро бологирӣ ва дар айни замон шахси даъваткардаро пастшуморӣ ҳисобида мешавад. Вақте мо даъвати ҳамсояро қабул намекунем, фардо ӯ даъвати моро низ қабул намекунад, бо ҳамин буғзу адоват байни ҳамсоя пайдо мешавад.
Вақте ҳамсоя шуморо даъват кард ва узре пеш омад, ҳатман узратонро баён кунед, то гумонҳои бад бартараф шавад.
Баъзан дар ҳамсоягии мо нафароне зиндагӣ мекунанд, ки бо вуҷуди мусалмон будан, ҳамеша олудаи гуноҳ ҳастанд. Вақте меҳмон даъват мекунанд, ҳатман дар дастархони онҳо алколу таомҳои машкуки дигар вуҷуд дорад. Дар маҷлисҳояшон амалҳои номашрӯъ, мисли омехтагии зану мард, қимору лаҳвҳои дигар вуҷуд дорад. Пеш аз ҳама ҳар як мусалмон бояд симои исломии худ, одоби шаръии худро ба дигарон изҳор кунад. Ҳар як ҳамсоя, ҳар як дӯсту ҳамкори мо бояд бидонанд, ки мо дар доираи шариати Парвардигор зиндагӣ мекунем. Ба ҳаромкардаҳои Аллоҳ наздики намекунем, ҳамеша кӯшиш мекунем, мутобиқи шариат зиндагӣ дошта бошем. Вақте ҳамсояи шумо шуморо ба меҳмони даъват мекунад ва шумо медонед, ки дар он меҳмонӣ амалҳои муҳаррам вуҷуд дорад, алкол менӯшанд, рақсу бозӣ мекунанд, бо лафзҳои қабеҳ ҳазлу шухӣ доранд, дар ин вақт авзоъро бояд омӯзед. Агар яқин медонем, ки бо ҳамроҳ шудани мо ба ин меҳмонӣ мардум ба ҳаром даст намезананд, баръакс ислоҳ мешаванд, вуҷуди мо ҷамъияти олударо ислоҳ мекунад, дар ин вақт даъвати ҳамсояро пазируфта барои ислоҳи бародарои мусалмон шитобем.
Дар ҷомеа баъзе шахсоне ҳастанд, ки бо фазли Илоҳӣ ҷойгоҳи хос доранд, олими раббонӣ ва ё шахси солеҳи ҷомеа шинохта шудаанд, ба ҳар маҷлисе, ки рафтанд, ислоҳ мекунанд, вақте медонем бо рафтан ба маҷлисҳои олуда ислоҳгарӣ ҷомеа шуда метавонем тавоноии ислоҳгариро дорем, дар ин вақт шитобан барои ислоҳи муҷтамаъ даъватро қабул кунем.
Уламо мегӯянд: Вақте медонед, ки бо ҳузури шумо фасодкорӣ дар маҷлисҳо аз байн меравад ва шумо сабаби ислоҳи дигарон ҳастед, ҳатман балки воҷибан ба он маҷлисҳо биравед. Аммо вақте шумо медонед, ки бо рафтани шумо ба сари дастархони ҳамсоя чизе тағйир намеёбад, шумо тавони ислоҳи ҳозиринро надоред, бо гурӯҳи олудаи гуноҳ менишинед ва худро ҳақиру танҳо ҳис мекунед, дар ин вақт албатта узри худро ба ҳамсояатон баён кунед. Агар бо ҳамсоя хеле муомилаи хуб доред, ба ӯ бо услуби ҳакимона хабар диҳед, ки имони шумо иҷоза намедиҳад, ба сари суфраи пур аз гуноҳ нишинед, шумо узри шаръӣ доред. Ҳамсоя дарк кунад, ки шумо инсони солеҳ ҳастед, ба гуноҳ шарик намешавед.
Имом Ибни Қудома мегӯянд: Вақте ба меҳмоние рафтед ва онҷо олудаи гуноҳ буд, кӯшиш кунед, ислоҳ кунед ва агар ислоҳ карда наметавонед онҷоро тарк кунед.
Ислоҳи мардум бошад, тариқаи худро дорад. Аллоҳ дар китобаш мегӯяд:
ادع الى سبيل ربك بالحكمة و الموعظة الحسنة
Мардумро ба роҳи Парвардигорат бо ҳикмат ва пандҳои ҳасан даъват кун. (сураи Наҳл ояти 125)
Ҳар шахсе, ки мехоҳад ҳамсояи худ ва ё ҳар нафари дигарро ислоҳ кунад, бояд яқинан бидонад, ки бо гуфтани ин амалат куфр, бо ин кор кофир шудӣ ва ё дузахро харидӣ намешавад, касеро ислоҳ кард. Якбора ба шахсияти инсон расидан, ҳудуди дигаронро поймол кардан, ба ҷуз нафрат чизи дигаре намеорад. Пеш аз касеро ислоҳ кардан, роҳҳои ислоҳи мардумро бояд омӯзем.
Муҳимтар аз ҳама ҳидояти дигарон ба дасти Аллоҳ аст, мо бошем роҳнамо ҳастем, агар ҳидоят дар дасти мардум мебуд, фарзанди Нуҳ мусалмон мегашт, падари Иброҳим имон меовард, Абулаҳаб амуи Паёмбар кофир аз дунё намерафт.
Мегузарем ба даъвати ҳамсояе,ки ғайримусалмон аст.
Дар шароити имрӯзаи мо, ҳамагон медонем, ки аксарияти бародарону хоҳарон дар муҳоҷират зиндагӣ доранд. Он ҳам дар кишварҳое мисли Русия, ки ағлабият мусалмон нестанд. Дар ҳамсоягӣ бошад, албатта масеҳӣ ва ё ғайримусалмон зиндагӣ дорад. Вақте шуморо ғайри мусалмоне ба хонааш даъват кард, даъвати ӯро пазируфтан ҷоиз аст. Вақте Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва салламро яҳудизане таом пухта даъват мекунад, даъваташро мепазиранд ва ба таоми ӯ мераванд.
Аммо кӯшиш кунед, ҳамсояи ғайримусалмони шумо дарк кунад, ки дини шумо қонунҳои худро дорад, на ҳама таом барои мо ҳалол аст. Албатта ҳамсояе, ки аз диндории шумо бохабар аст, шуморо ба суфраи алколу гушти хук даъват намекунад.
Аммо вақте медонед, ҳамсояи ғайри мусалмон шуморо ба мизи пур аз гуноҳ даъват карда истодааст, дар ин вақт ба ҳолати ӯ нигоҳ карда сабаби даъваташро напазируфтанро баён кунед. Агар бо шумо муомилаи хеле хуб дорад, ба ӯ гӯед, ки шумо ба дастархон, ки алколу гушти хук дорад, ҳозир намешавед. Агар бо ҳамсоя он қадар наздик нестед ва медонед, ки бо баён кардани сабабҳо нисбати шумо бадбинӣ пайдо мекунад ва дар оянда амнияти шуморо ба хатар мебарад, дар ин вақт бо ҳар баҳонае даъваташро рад кунед.
Аммо фаромӯш насозед, ки ҳамсоя ҳар киву ҳар чӣ бошад ҳам, ҳаққи ҳамсоягӣ дорад.
Муслимаи Аҳмадӣ