Дар паи боздоштҳои ахири кишвар, дар ноҳияи Истаравшани Суғд низ даҳҳо нафар боздошт ва садҳо нафар бозпурсӣ шудаанд. Як нафар дар натиҷаи шиканҷа ҷон бохта, ҷанозааш то ҳол ба волидонаш таҳвил дода нашудааст.
Тибқи иттилоъи манобеъи Паём, аз оғози соли ҷорӣ даҳҳо нафар дар ноҳияи Истаравшан боздошт гардида, тақдири чанд нафар то ҳол номаълум боқӣ мемонад. Танҳо аз маҳаллаи Ясии ҷамоъати Гули Сурхи шаҳри Истаравшан ҳудуди 40 нафарро, ки байнашон муаззини 57-солаи масҷиди маҳалла низ ҳузур дорад боздошт кардаанд. Боздошти ин ҷамоъат дар паи ҳабси Абдусамад Латипов, муҳассили донишгоҳи Ал-Азҳари Миср ва мударриси собиқи мадрасаи Султон Абдулатиф сурат гирифтааст. Абдусамад Латипов ҳамроҳ бо муҳассили дигари ин донишгоҳ Зинатулло Файзуллоев 4 январи соли ҷорӣ боздошт шуда буданд.
Ҳамчунин даҳҳо нафар ҷавонзан, ки қаблан дар мадрасаи номбурда таҳсил карда буданд, бозпурсӣ шудаанд.
Як шоҳиди бозҷӯишуда ба Паём гуфт, ки танҳо дар посбонхонаи Шӯъбаи амнияти ноҳияи Истаравшан даҳҳо нафар нигоҳдорӣ мешаванд. Тибқи гуфтаи ӯ, ҳарчанд ин бино посбонхона номида мешавад, аслан ҷои хӯрокхӯрӣ ва истироҳати кормандони шӯъбаи КДАМ-и ноҳия аст. Он аз ду табақа иборат буда, ошхона ҳам дорад. Чор кати хоб дар онҷо мавҷуд аст, ки беш аз 40 нафар боздоштшуда бо навбат хоб мекунанд.
Ин манбаъ гуфт байни боздоштшудаҳо чанд нафар аз гузари Талро шинохтааст. Як манбаъи дигар гуфт аз ин гузар ҳудуи 50 нафар боздошт ва қисми камашон баъди бозпурсӣ озод шудаанд.
Манобеъ аз боздошти 10-12 нафар аз маҳаллаи Сари Мазор низ хабар медиҳанд.
8 нафар маҳбусони собиқ, ки баъзеашон чанд моҳ қабл бо авф аз зиндонҳо озод шуда буданд, дубора боздошт гардидаанд. Паём тавонист номи яке аз онҳоро маълум кунад. Ин сокини маҳаллаи Боботағо Султонов Баҳром аст, ки соли 2010 равонаӣ зиндон шуда, соли 2015 баъди адои ҷазояш ба озодӣ баромада буд.
Манбаъ мегӯяд ҳамаи 8 зиндонии собиқ, ки дубора боздошт шуданд, қаблан тибқи парвандаи маъруф ба “Парвандаи 53” (таркиш дар Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили вилояти Суғд, ки 53 нафарро ба зиндон бурд) боздошт ва зиндонӣ шуда буданд.
Яке аз зиндониҳои собиқи “Парвандаи 53” Юсупов Умедҷон, ки ӯ ҳам солҳои 2010 то 2015 адои ҷазо намудааст баъди ҳодиса дидбонгоҳи Султонобод боздошт шуда буд. Мақомот мегӯянд ӯро раҳо кардаанд, аммо ӯ ба хонааш барнагаштааст ва ҷустуҷӯи наздиконаш, аз ҷумла дар боздоштгоҳҳо то ҳанӯз бенатиҷа будааст. Яке аз манобеъи Паём мегӯяд ӯ таҳти шиканҷа дар боздоштгоҳи Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили вилояти Суғд ҷон бохтааст ва чанд корманди он ҷасадашро аз онҷо хориҷ карда, аммо маълум нест куҷо бурдаанд.
Ҳамчунин манобеъ аз бозпурсии домулло Нуъмонхон, рӯҳонии маъруфӣ истаравшанӣ, ки моҳи октябр тибқи авф ба озодӣ баромада буд, хабар медиҳанд.
Манбаъ мегӯяд, мударриси собиқи мадрасаи Султон Абдулатиф Зинатулло Файзуллоев, ки 4 январ ҳамроҳ бо Абдусамад Латипов дастгир шуда буд, даҳ рӯз пас – 14 январ раҳо шуд ва ба хонааш баргашт. Аммо фардояш ҳамроҳ бо писараш Руҳуллоҳ боздошт шуд ва инак 12 рӯз аст дар боздоштгоҳ қарор дорад.
Инчунин ду шогирди ӯ бо номҳои Ҳабибулло ва Сайфулло дастгир шудаанд. Ҳарсеи инҳо дар мадрасаи Султон Абдулатиф фаъолият доштанд.
Мадрасаи Султон Абдулатиф яке аз қадимтарин мадрасаҳои кишвар буд, ки замони сулолаи Темуриён аз тарафи Амир Абдулатиф сохта шудааст ва баъди шурӯъи фаъолияташ дар соли 2002, соли 2010 дубора баста шуд.
Гуфтанист, дар паи боздоштҳои ахир дар кишвар, садҳо нафар, аз ҷумла боздошт шудаанд, ки асмои қисмате аз онҳо тавассути , , ва расонаҳои дигар ифшо шуданд.
Бештари наздикони боздоштшудаҳо аз сӯҳбат бо расонаҳо ва ифшо кардани номи наздикони боздоштшудаашон ҳарос доранд. Ҳамчунин мақомот ба бештари онҳо таъкид кардаанд, ки аз расонаи кардани боздоштҳо худдорӣ кунанд ва боздоштшудаҳо баъди бозпурсӣ озод хоҳанд шуд. Наздикон ба ин ваъдаи мақомот бовар карда хомӯширо ихтиёр кардаанд.
Ин дар ҳолест, ки мақомот ҳамеша аз ин усул кор мегиранд ва наздикони боздоштшудаҳо замоне ангушти надомат мегазанд, ки наздиконашон барои чанд сол маҳкум ба зиндон мешаванд.
Паём аз тамоми ҳамватанон, ба хусус наздикони боздоштшудаҳо даъват мекунад ва ин ваъдаҳои ҳамешагии мақомот бовар накунанд ва ҳар маълумоте доранд дар ихтиёри мо гузоранд, то мардум ва ҷомеъаи ҷаҳониро аз он огоҳ созем. Расонаӣ шудани ин гуна қонуншиканиҳои мақомот онҳоро аз анҷоми ҷиноятҳои сахттар манъ мекунад.