11 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

Толибон: Як ҳавопаймои низомии Амрикоро сарнагун кардем (Аксу навор)

Мақомоти Афғонистон суқути як ҳавопайморо дар устони Ғазнӣ таъйид карданд бидуни зикр иллати суқут, мизони талафот ва мусофирӣ ё низомӣ будани ҳавопаймо. Ҳоло Толибон эълом карда, ки ҳавопаймое, ки ҳомили низомиёни амрикоӣ бударо сарнагун кардааст. 

Толибон эълом кард, ки ҳавопаймое, ки душанбе 27 январ дар шарқи Афғонистон суқут карда ҳавопаймое аст мутааллиқ ба нерӯҳои низомии Амрико. Ба гузориши хабаргузории Фаронса, Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи ин гурӯҳи шибҳинизомӣ гуфт: “Як ҳавопаймои ишғолгарони амрикоӣ дар устони Ғазнӣ сарнагун шуд.” 

Сухангӯи Толибон гуфт, ки тамоми сарнишинони ҳавопаймоӣ ёдшуда кушта шуданд. 

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибон ҳамчунин бо интишори баёнияе, ки нишони иморати исломии Толибон бар он нақш баста, навишт “як тайёраи ишғолгарони амрикоӣ дар Ғазнӣ соқит шуд, теъдоди зиёди афсарон дар он кушта шуданд.” 

Ӯ дар идома муддаӣ шудааст, ки “дар ин дастовард тайёра бо ҳама мусофир ва сарнишинони он ки шомили афсарони муҳими истихбороти Амрико (CIA) буд аз байн бурда шуданд.” 

Пештар расонаҳо аз суқути як фарванд “ҳавопаймои мусофирбарӣ” бо 83 сарнишин дар соати 13:10 дақиқаи имрӯз 27 январ хабар доданд, ки аз Ҳирот озими Кобул буда аммо дар Даҳик, минтақае дар устони Ғазнӣ Афғонистон сарнагун шудааст. 

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *