Аз ҳаҷми умумии нерӯи барқи соли гузашта дар Тоҷикистон истеҳсолшуда беш аз 4% ба ҳиссаи нерӯгоҳи барқи обии Роғун рост меояд. Дар нерӯгоҳи “Сангтӯда-2” низ қариб ҳамин миқдор барқ истеҳсол шудааст.
Тавре Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҶТ хабар медиҳад, соли 2019 ҳаҷми истеҳсоли нерӯи барқ дар нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” 840 млн. кВт/соатро ташкил дод.
Соли гузашта дар Тоҷикистон бо истифода аз ҳамаи иқтидорҳои мавҷуда ба сурати умум наздики 20,7 млрд. кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол шудааст, ки дар муқоиса бо соли 2018 ҳаҷми истеҳсоли он қариб 1 млрд. кВт/соат афзудааст.
Соли 2019 дар нерӯгоҳи “Сангтӯда-1” 2,3 млрд., “Сангтӯда-2” – 858 млн. кВт/соат, “Помир энержи” – 192 млн. кВт/соат ва дар корхонаҳои зертобеъи ширкати “Барқи тоҷик” – 16,4 млрд. кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол шудааст.
Дар ҳамин ҳол, беш аз 14%-и нерӯи барқи соли гузашта дар Тоҷикистон истеҳсолшуда ба кишварҳои ҳамсоя содирот шудааст.
Тибқи маълумоти Вазорати энергетика, дар ин давра ба маблағи наздики 90 млн. доллар ҳудуди 2,9 млрд. кВт/соат нерӯи барқ ба хориҷи кишвар содирот шудааст.
Аз ҷумла, 1 млрд. 453 млн. кВт/соат нерӯи барқ ба Ӯзбекистон ва 1 млрд. 425 млн. кВт/соати он ба Афғонистон интиқол дода шудааст.
Дар муқоиса бо соли 2018 ҳаҷми содироти нерӯи барқ аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар 400 млн. кВт/соат ва даромад ба андозаи 23 млн. доллар афзудааст.