Рубрики Хабарҳо

Чиниҳои Тоҷикистон аз муоина гузаронида мешаванд

Кормандони ширкатҳои Чин, ки ба амалисозии лоиҳаҳои зерсохторӣ дар Тоҷикистон машғуланд, бояд аз муоинаи тиббӣ гузаранд. Ин санҷиш ба хурӯҷи коронавирус дар Чин вобаста аст.

Дируз зимни нишасти матбуотӣ Суҳроб Мирзозода муовини вазири нақлиёти Тоҷикистон хабар дод, айни замон тибқи муроҷиати Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ ба таҳияи рӯйхати кормандони ширкатҳои Чин машғул хастанд, ки лоиҳаҳои зерсохториро дар қаламрави кишвар амалӣ месозанд”.

Ӯ қайд кард, ки сарфи назар аз миллату мансаби ишғолкарда, ҳамаи кормандони ин ширкатҳо ба рӯйхат шомил гардида, сипас он ҷиҳати баргузории муоинаи тиббӣ ба Вазорати тандурустӣ пешниҳод мегардад.

Мирзозода изҳор дошт, ки наздики 18% аз кормандони ин ширкатҳоро шаҳрвандони Чин ташкил медиҳанд.

Шумори шаҳрвандони Чин, ки дар амалисозии лоиҳаҳои зерсохтории Тоҷикистон машғули коранд, пешакӣ аз ҷониби Вазорати нақлиёт 266 нафар арзёбӣ мешавад.

Мирзозода инчунин қайд кард, ки дар робита ба хуруӯҷи коронавирус дар кишвари ҳамсоя, миёни Тоҷикистону Чин то 5 феврал қатъ карда шуд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *