Categories Хабарҳо

Бонги хатар! Моли қочоқ имрӯзҳо ҳам аз Чин вориди Тоҷикистон мешавад

Бо вуҷуди даъвои мақомоти тоҷик мабнӣ бар ин ки гузаргоҳи “Қулма” воқеъ дар сарҳади Тоҷикистону Чин баста шудааст, молҳои чинӣ бо роҳи қочоқ вориди Тоҷикистон мешаванд. 

Як манбаъи мӯътамади Паём гуфт гузаргоҳ воқеъан барои молҳои тоҷирони оддӣ баста шудааст, аммо барои маҳсулоте, ки аъзои хонаводаи раисҷумҳур ва афроди наздик ба онҳо ворид мекунанд, боз аст. Ӯ гуфт қаблан ҳам бештари молҳои онҳо, аз ҷумла маҳсулоте, ки Таҳминаи Эмомалӣ ворид мекард, бидуни расмиёти гумрукӣ ворид мешуданд ва баста будани гузаргоҳ барои онҳо аҳамияте надорад. 

Ба гуфтаи ин манбаъ бештар маҳсулоти сохтмонӣ ва либосу техника ворид мешавад, аммо касе ҳақ надорад ҳатто дари контейнерҳоро боз кунад. 

Дирӯз муовини вазири савдо ва иқтисоди Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода дар нишасти матбуотиаш гуфта буд ҳарчанд гузаргоҳи “Қулма” бастааст, вале молҳои ғайрихӯрокии чинӣ тавассути кишварҳои сеюм вориди Тоҷикистон мешаванд. Ӯ нагуфт он кишварҳои севвум кадоманд, аммо аксари ҳамсояҳои Чин марзҳояшон бо ин кишварро бастаанд. 

Имрӯз, раиси Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон Муҳаммадсаид Убайдуллоев дар нишасти хабарии ин ниҳод хабар дод, ки воридоти маҳсулоти хӯрокворӣ аз Чин, бинобар густариши вируси короно дар ин кишвар, мамнӯъ шудааст. Ӯ гуфт қаблан ҳам ин кумита иҷозаи воридоти маҳсулоти хӯрокворӣ аз Чинро ба ҷуз чой ва тухмиҳо барои кишоварзӣ манъ карда буд, аммо баъди густариши вирус воридони онҳоро низ манъ кард. 

Аммо манъи вуруди маҳсулоти хӯрокворӣ, ба назар мерасад, илоҷи кор нест. Дар контейнерҳои маҳсулоти сохтмон ё ҳар маводи ғайрихӯрокии дигаре метавонад даҳҳо намуди хазандаву хояндаву ҳашароти гирифтори вирус ворид шавад. 

Як табиби тоҷик, ки аз аввал масъаларо пайгирӣ мекунад, ба Паём гуфт, ки имкони ворид шудани вирус ба Тоҷикистон тавассути хояндаву хазандаҳо ҳарчанд зиёд нест вале вуҷуд дорад. 

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *