Categories Хабарҳо

Рӯзи ҷудоии Бритониё аз иттиҳодияи Аврупо фаро расид

Пас аз сеюним соли  кашмакаш рӯзи ҷудоии Бритониё аз Иттиҳодияи Аврупо фаро расидааст. Бритониёиҳо таъми ҳузур дар ин иттиҳодияро то нимашаби ҷумъа 31 январ хоҳанд чашид. Бахше аз онон аз ин рӯйдод шодмон ҳастанд ва дастае дигар афсурда. 

Дар нахустин соати бомдоди рӯзи 24 июн 2016 буд, ки расонаҳо натиҷаи ҳамапурсии Бритониёро эълом карда ва аз хости бритониёиҳо барои хурӯҷ аз иттиҳодияи Аврупо хабар доданд. 

Бритониё баъд аз он ду нахуствазир ва ду интихоботи парлумониро таҷриба кард то натиҷаи ин реферундум саранҷоми муҳаққиқ шавад. Бинобар замонбандии таъйиншуда Брекзит соати 23 ба вақти аврупоӣ марказӣ ва соат 24 ба вақт Бритониё расман анҷом мегирад. 

Иттиҳодияи Аврупо барои нахустинбор дар тайи 47 соли гузашта, яъне аз баъди таъсиси худ то кунун, узверо аз даст медиҳад. 

Борис Ҷонсон, яке аз пешгомони ҷунбиши Брекзит ва нахуствазири кунунии Бритониё аз рӯзи бузург дар таърихи Бритониё сухан гуфтааст. 

Ин “руйдоди таърихӣ” албатта шикофи бузурге дар ҷомеаи Бритониё эҷод кардааст. Дастае аз бритониёиҳо шодмон ҳастанд, ки Иттиҳодияи Аврупоро тарк мекунанд ва дастае дигар низ нороҳат ва афсурда аз ин ҷудоӣ. 

Алорағми ин дудастагӣ равшан буд, ки наметавон то абад ба кашмакашҳо идома дод ва хастагӣ аз ин ҷидолҳо дар ниҳоят яке аз авомили таъсиргузор бар пирӯзии Борис Ҷонсон дар охирин интихоботи парлумонӣ дар Бритониё буд. Ў бо шиори “бигузоред Брекзитро билохира анҷом диҳем” вориди корзори интихоботии худ шуда буд. 

Албатта алорағми оғози ҷудоии расмии Бритониё ва Иттиҳодияи Аврупо бисёре аз масоил ва мавзӯъоти калидӣ ҳамчунон ҳал нашудаанд. 

Дар воқеъ бо ин оғози расмӣ аст, ки музокироти Бритониё ва Иттиҳодияи Аврупо бар сари ҷузъиёти тавофуқи тиҷорӣ ва равобити ҷорӣ шурӯъ хоҳад шуд ва ҳар ду тараф низ зери фишори замоне қарор хоҳанд дошт. 

Интизор меравад, ки Бритониё ва Иттиҳодияи Аврупо дар мавриди он чи “ҳаддиақали ҳаётӣ” хонда мешавад, тавофуқ ҳосил кунанд. Афзӯн бар ин, баид ба назар мерасад, ки иттиҳодияи Аврупо молиёти гумруки вежаи бар маҳсулоти Бритониё ё мизони воридоти онҳо таъйин кунад. 

Масъалаи кор ва иштиғоли шаҳрвандони Бритониё дар кишварҳои узви Иттиҳодия  Аврупо ва баръакс, ҳаққи баҳрабардорӣ аз обҳои Бритониё ва ҳамчунин масъалаи Ирландия шимолӣ аз мавзӯъоти меҳварӣ ин музокироти дуҷониба хоҳад буд. 

Барис Ҷонсон алорағми душворӣ ва печидагии гуфтугӯҳо хушбинии худро дар мавриди ин музокирот иброз доштааст. Албатта аксари коршиносон дар ин робита чандон хушбин нестанд. 

Давлат Бритониё саъй карда, ки дар ин рӯзи таърихӣ аз бузургнамоии нишонаҳои пирӯзӣ ва муваффақият худдорӣ кунад. Давлати Бритониё пеш аз зӯҳр дар Сондрланд дар шимоли Англис ташкили ҷаласа додааст; Ҷое, ки дар шаби Брекзит ба унвони аввалин нуқта дар Бритониё натиҷаи ҳампурсӣ дар ростои хурӯҷ аз Иттиҳодияи Аврупоро эълом карда буд. 

Ҳавохоҳони Брекзит қарор аст, ки дар ҷилави сохтмони парлумони Бритониё ҷашни бузург ба по кунанд, албатта бидуни маросими оташбозӣ. Зангҳои соати бурҷи Биг Бен низ ба садо дар нахоҳад омад. 

 Ба гуфтаи Содиқхон, шаҳрдори Лондон, Бритониё Аврупоро тарк мекунад аммо “Лондан ҳамеша шаҳре ҷаҳонӣ ва аврупоӣ боқӣ мемонд”. Ў хитоб ба ҳудуди як миллион шаҳрванди аврупоӣ, ки инак дар Лондон зиндагӣ мекунанд гуфт: “Шумо лондонӣ ҳастед. Шумо на танҳо аз назари иқтисодӣ балки аз назари фарҳангӣ ва иҷтимоӣ шаҳри моро ғанитар мекунед”.

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *