Зарбулаҷали Урдуғон ба Башор Асад дар бораи Идлиб
Ҳамлаи нерӯҳои Сурия ба Идлиб боиси афзоиши танишҳо бо Туркия шудааст. Раиси ҷумҳурии Туркия Башор Асадро ба вокуниши низомӣ таҳдид кард. Вазири хориҷаи Русия аз Туркия ба далели “адами пойбандӣ ба тааҳҳудот” ва “интиқоли террористҳо ба Либия” интиқод кард.
Танишҳо миёни Туркия ва Сурия рӯ ба афзоиш аст. Раҷаб Таййиб Урдуғон, раисҷумҳури Туркия, ба давлати Сурия ултимотум дод, ки нерӯҳои худро аз устони Идлиб хориҷ кунад. Урдуғон рӯзи чаҳоршанбе панҷуми феврал дар суханроние дар Анқара таъкид кард, ки агар нерӯҳои режими Асад дар моҳи феврал аз истгоҳҳои дидабонии Туркия дар ин минтақа ақибнишинӣ накунанд, нерӯҳои низомии Туркия вориди амал хоҳанд шуд.
Бино ба гуфтаи мақомҳои низомии Туркия рӯзи душанбе дар ҷараёни пешравии сарбозони артиши Сурия дар устони Идлиб ба манзури саркӯби шӯришиёни ин кишвар, ҳашт сарбози Туркия кушта шуданд.
Сипас ҳамлаи талофиҷуёнаи Туркия дар пайи амалиёти низомии нерӯҳои Сурия, мунҷар ба кушта шудани чандин сарбози сурӣ шуд.
Урдуғон рӯзи чаҳоршанбе аз “оғози давраи ҷадиде дар Сурия” сухан гуфт ва эълом кард, ки аз ин пас бидуни ҳушдори қаблӣ ба ҳар ҳамлаи ҳавоӣ ва заминӣ ба нерӯҳои Туркия дар Идлиб посух хоҳад дод. Ў гуфт: “Аз ин ба баъд нақзи оташбас тавассути онон (нерӯҳои сурӣ) мутақобилан бо посухи низомӣ мувоҷиҳ хоҳад шуд.”
Раисҷумҳури Туркия гуфт: “Мо ба ҳаққи мубориза бо терроризм дар ин кишвар [Сурия] ниёз дорем.” Ӯ афзуд: “Аз он ҷо, ки ҳамалоти гурӯҳҳои террористӣ тавассути кишварҳои тазминкунандаи амнияти ин минтақа мутаваққиф намешванд, поён додан ба ин ҳамалот тавассути худи мо иҷтинобнопазир аст.”
Урдуғон таъкид кард, ки интизори кишвараш аз Русия “дарки ҳассосияти Туркия дар заминаи Сурия” аст. Ў гуфт, ки Туркия моил ба “густариши ихтилофот бо Русия дар робита бо Сурия нест”.
Ҳамлаи низомӣ бо вуҷуди тавофуқ барои оташбас
Нерӯҳои Туркия дар маҷмӯъ 12 истгоҳи дидбонӣ дар устони Идлиб таъсис кардаанд. Идлиб охирин мақари шӯришиёни Сурия маҳсуб мешавад.
Дар ҷанги дохилии Сурия, ки нӯҳ сол аст идома дорад, шӯришиёни сурӣ аз сӯи давлати Туркия ҳимоят шудаанд. Нерӯҳои низомии Башор Асад бо кӯмаки воҳидҳои низомии русӣ соли гузашта вориди устони Идлиб шуданд.
Дар пайи тавофуқи Русия ва Туркия дар соли 2017-и мелодӣ қарор шуд, ки қисмати холӣ аз ҷанг дар ин минтақа эҷод шавад. Барқарории оташбас низ борҳо мавриди тавофуқи ҳар ду кишвар қарор гирифтааст.
Ҳадаф аз ин амалиёт ироаи кумакҳои инсонӣ ба оворагони ҷанги дохилии Сурия эълом шуда буд. Гумон меравад, ки дар ҳоли ҳозир ҳудуди се миллион нафар дар ин минтақа зиндагӣ мекунанд. Тибқи гузориши Созмони милали муттаҳид беш аз 500 ҳазор нафар аз сокинони ин минтақа аз оғози ҳамлаи низомии Асад ба самти марзҳои Туркия гурехтаанд.
Лавров: Адами пойбандии Туркия ба тааҳҳудоти муҳимм
Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия, рӯзи чаҳоршанбе дар мусоҳиба бо рӯзномаи “Российская газета” аз раҳбари Туркия хост, ки ба тавофуқҳо дар Сочӣ пойбанд бимонд.
Лавров гуфт Анқара натавонистааст чандин тааҳҳуди муҳиммро анҷом диҳад, ки барои оддисозии авзоъ дар устони Идлиб дар дидори сарони ду кишвар дар Маскав мавриди тавофуқ қарор гирифта буданд.
Вазири умури хориҷаи Русия афзуд Туркия натавонистааст шӯришиёи мусаллаҳи Сурияро, ки бо Туркия ҳамкорӣ мекунанд ва омодаи гуфтугӯ бо давлат ҳастанд аз “террористҳои Ҷабҳат-ун-Нусра” ҷудо кунад, ки таҳти ливои гурӯҳи “Ҳайат-уш-Шом” фаъолият мекунанд.
Лавров гуфт, ки мавриди дувум марбут ба хатароте мешавад, ки ба далели интиқоли садҳо тан аз шӯришиёни ин гурӯҳ ба Либия эҷод шудааст. Лавров Туркияро ба “интиқоли террористҳо аз Идлиб ба Либия барои ташдиди даргириҳо дар ин кишвар” муттаҳам кард.
Ин сиёсатмадори русӣ гуфт, ки кишвараш ба танҳоӣ наметавонд ин мушкилро ҳал кунад ва аз “омодагии Русия барои гуфтугӯ бо Туркия ва таҳаққуқи беқайду шарти тавофуқҳо дар бораи Идлиб” сухан гуфт.
Лавров афзуд: “Мо дар ин бора ба шарикои туркиёии худ гӯшзад кардем ва барои иҷрои комили маводи мавриди тавофуқи руасои ҷумҳури Русия ва Туркия мубориза хоҳем кард.”
Вазири умури хориҷаи Русия тасреҳ кард, ки кишвараш дар ҳоли ҷамъоварии иттилооти бештар дар бораи даргириҳои ахир дар устони Идлиб аст. Ў гуфт, ки Русия хоҳони иҷрои дақиқи тавофуқномаҳои Сочӣ дар бораи Идлиб дар солҳои 2018 ва 2019-и мелодӣ аст.