Рубрики Хабарҳо

«Русия 100 000 қурбонӣ аз басиҷиёнро дар назар гирифтааст»

Бо вуҷуди шикастҳои паёпай ва дарднок дар ҷабҳа ва талафоти сангини артиши Русия, Владимир Путин барномаи тасарруфи Киевро раҳо намекунад. Ў барои расидан ба ҳадафи худ омодааст то чанд соли дигар бидуни таваҷҷуҳ ба қурбониҳо ҷанг кунад. Расонаи мухолифи русӣ — “Важные истории” бо истинод ба ду манбаъе, ки ба ҳам рабте надоранд ва яке аз онҳо ба Ситоди кулли артиши Русияву дигаре ба ФСБ наздик аст, дар ин бора хабар медиҳад.

Ба гуфтаи манобеъ, раҳбарияти низомии Русия пешбинӣ мекунад, ки то тобистони соли оянда, талафот дар миён басиҷиён (мобилизатсияшудаҳо), ки бисёре аз онҳо бидуни омодагӣ ба ҷабҳа фиристода шудаанд, метавонад ба ҳудуд 100 000 нафар бирасад. 

“Дар сурати умум, тарҳ тақрибан чунин аст: феълан вақт ба даст овардану ва бо кумаки басиҷиён ҷабҳаро қувват бахшидан. Сипас, баҳорон шурӯъи нави ҳамлаҳо” — мегӯяд манбаъи наздик ба ФСБ. Ба гуфтаи вай, раҳбарияти сиёсӣ ва низомии Русия дарк мекунад, ки ин тарҳ хисороти сангинро дар пай дорад: “то баҳори соли оянда, талафоти куштаҳо ва захмиҳо (тибқи яке аз пешбиниҳо) метавонад ҳудуди 100 000 нафар бошад. Аммо касе аз ин парво надорад: ҷои онҳоро наваскарон, ки баҳор даъваташон шурӯъ мешавад, пур хоҳанд кард.» 

Ин мавзӯъ тавассути як манбаъи наздик ба Ситоди кулли артиши Русия низ таъйид шудааст: “ҳоло вазифа мустаҳкам ва қавӣ кардани хатти муқаддами ҷабҳа аст. Бинобар камбуди сарбозон, гоҳе вақтҳо дар хатти дувуми дифоъ аслан нафаре надоштем. Дар баъзе ҷоҳо то фосилаи 20 километрӣ холӣ буд. Ҳоло ин холигоҳҳо бо басиҷиҳо пур карда шудааст.” Ба гуфта ин манбаъ, то баҳори сол оянда, Вазорати дифоъи Русия қасд дорад 120 000 наваскарро омӯзиш диҳад, ки битавонанд барои ҷуброни басиҷиҳои қурбоншуда ба Укроин фиристода шаванд: “барои ҳамин Путин фармони басиҷи нисбиро бекор лағв намекунад.”

Дар поёни моҳи октябр, Муассисаи амрикоии мутолиоти ҷанг (ISW) ҳамчунин пешбинm карда буд, ки соли оянда раҳбарияти низомии Русия наваскаронро ба ҷабҳа эъзом хоҳад кард. ISW навишта буд: “то моҳ майи 2023, наваскарони дар тирамоҳ ҷалбшуда, ки як давра омӯзишии шашмоҳаро гузарондаанд, метавонанд ба теъдоди зиёде дар Укроин мавриди истифода қарор гиранд”. 

Ин воқеият, ки фиристодани басиҷиҳои омоданашуда ба ҷабҳа боиси афзоиши талафот мешавад, на танҳо тавассути коршиносон, балки тавассути размандагон низ ҳушдор дода мешавад. “Росташро бигӯям, ҳамаи онҳо дар онҷо (дар Укроин) хоҳанд мурд. Маъюб мешаванд ва мемиранд. Ин як артиши омоданашудааст! Барои мисол, ман барои муддат зиёд ҳамчун размандаи созишномавӣ хидмат кардам, худам ихтиёран ба ҷабҳа рафтам, аммо маъулм шуд, ки ҳанӯз омода набудаам. Дар рӯзи аввал ба ин натиҷа расидам, ки бузургтарин иштибоҳ дар зиндагиамро муртакиб шудаам,” — менависад “Медуза” ба нақл аз як сарбози созишномавӣ аз артиши Русия.

Ҷанг дар Укроин наздик ба як сол аст, ки идома дорад. Дар ин муддат, артиши Русия на танҳо ба ягон ҳадафи стратегии таҳоҷуми худ даст наёфт, балки мутаҳаммили чандин шикасти дарднок шуд: дар манотиқи Киев ва Харков, дар Лиман ва Херсон. Ба гуфтаи манобеъ “Важные истории” , талафоти ҷуброннопазири сарбозони Русия аз оғози ҷанг ба беш аз 90 ҳазор нафар расидааст. Дар авоили ноябр, генерал Марк Милӣ, раиси Ситоди муштараки артиши Иёлот муттаҳида, додаҳои мушобеҳеро баён кард: ба гуфтаи вай, Русия беш аз 100 ҳазор захмӣ ва кушта аз даст дод. 

Дар ҷараёни басиҷи тирамоҳӣ, вазорати дифоъи Русия ҳудуди 300 000 нафарро фаро хонд. Ин ба он маънист, ки агар бадтарин пешбиниҳои Кремл амалӣ шавад, то тобистони соли оянда, ҳар севум аз басиҷшудагон ё кушта мешаванд, ё асир ва ё маҷрӯҳ мешаванд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *