Рубрики Хабарҳо

Коҳиши таҳримҳои Венесуэла бо имзои тавофуқ миёни Мадуро ва мухолифон

Имзои дувумин тавофуқи марҳилаь миёни раисҷумҳури Венесуэла ва мухолифон андаке танишҳоеро, ки аз интихоботи соли 2019 то кунун ин кишварро фаро гирифта буд, камтар кардааст. Амрико эълом кард, ба ширкати нафтии “Шеврон» иыозатномаи фаъолияти дубора дар Венесуэла медиҳад. 

Дар Венесуэла, ки аз интихоботи соли 2019 то кунун гирифтори буҳрон аст ва бисёре аз кишварҳо Хуан Гуайдо, раҳбари опозисионро ба унвони раисҷумҳури ин кишвар ба расмият шинохтаанд, имзои дувумин тавофуқ миёни Мадуро ва мухолифони танишҳоро камтар кардааст. 

Давлати Венесуэла ва опозисиюн пас аз як сол музокироти худро аз сар гирифта ва тасмим ба ҳамкориҳои башардӯстона гирифтанд. Намояндагони ду тараф рӯзи шанбе 26 ноябр дар баробари хабарнигорон дар Мехико Сити тавофуқномае имзо карданд. 

Ин “дувимин тавофуқномаи марҳалаӣ барои ҳимояти иҷтимоӣ» роҳро барои озодии манобеъи Венесуэла дар хориҷ аз кишвар, ки ба далели таҳримҳои байналмилалии масдуд шуда буд, мекушояд. 

Пас аз имзои ин санад давлати Амрико билофосила эълом кард, маҳдудиятҳои эъмолшуда алайҳи ширкати нафтии “Шеврон” дар Венесуэларо коҳиш хоҳад дод. 

Як мақоми аршади давлати Иёлоти муттаҳида дар тамоси телефонӣ бо хабарнигорон гуфт, вазорати хазонадории ин кишвар барои ширкати “Шеврон” иыозатномаи муваққат содир кардааст. Тибқи ин муҷаввиз, ин ширкати амрикоӣ метавонад истихроҷи маводи хом дар Венесуэларо аз сар бигиранд. 

Вазорати хазонадорӣ эълом кард, давлати Амрико ин ҳақро барои худ маҳфуз медорад, ки дар сурати адами пойбандии Николас Мадуро, раисҷумҳури Венесуэла ба тааҳҳудоташ ин муҷаввизро ҳар замон, ки бихоҳад лағв кунад. 

Венесуэла, ки аз тарафи Мадуро идора мешавад солҳост дар буҳрони амиқи сиёсӣ, иқтисодӣ ва инсонӣ фурӯ рафтааст. 

Хуан Гуайдо, раҳбари мухолифони давлат дар авоили соли 2019 худро раисҷумҳури муваққати ин кишвар хонд ва талош кард, Мадуроро барандозад. 54 кишвар, аз ҷумла Амрико ва Олмон ӯро ба расмият шинохтанд, бо ин ҳол Мадуро аз қудрат канор накашид. 

Дар соли гузашта бо миёнҷигарии Норвегия, музокироте байни мухолифон ва давлати Венесуэла дар Мексика барпо шуд, ки зиёд тӯл накашид ва давлат баъд аз ду моҳ дар моҳи октябр ба он хотима дод. Далели ин тасмим истирдоди яке аз мӯътамидони Мадуро ба Амрико буд. 

Вазирони хориҷаи Амрико, Бритониё ва Канада ва ҳамчунин Жозеп Боррел, масъули сиёсати хориҷии иттиҳодияи Аврупо рӯзи шанбе аз шурӯъи муҷаддади музокироти дуҷониба ва тавофуқҳои башардӯстона истиқбол карданд. 

Онҳо дар баёнияи муштарак эълом карданд: “мо аз тарафҳо мехоҳем, бо ҳусни ният барои расидан ба тавофуқи комил талош кунанд то пойдевори интихоботи озод ва одилона дар соли 2024 ба манзури бозсозии ниҳодҳои демократик ва поёни буҳрони инсонӣ дар Венесуэла фароҳам шавад.”

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *