Рубрики Хабарҳо

Бархӯрди мустақими нерӯҳои Туркияву Сурия шурӯъ шудааст? (аксҳо)

Мақомоти низомии Туркияву Сурия аз даҳҳо захмиву кушта дар бархӯрди мустақими нерӯҳои ин ду кишвар хабар медиҳанд. Ҳамчунин расонаҳо аз вуруди бесобиқаи нерӯҳои турк ба хоки Сурия иттилоъ додаанд.

Дирӯз расонаҳо аз кушта шудани 5 сарбози турк ва захсӣ шудани 5 нафари дигар аз онҳо дар Идлиб бар асари ҳамлаи нерӯҳои режими Асад хабар дда буданд.

Имрӯз вазорати дифоъи миллии Туркия тайи баёнияе эълом кард: “дар чорчӯби қавонини таомул ва ҳаққи дифоъи машрӯъ ба ҳамлаи имрӯз режими Асад дар Идлиб посухи фаврӣ додем. 115 мавзеъи режими Асад ҳадаф қарор дода ва бино ба омори аввалия, 101 тан аз аносири онро аз пой даровардаем». 

Дар ин баёния ҳамчунин омадааст: 

“Билофосила пас аз ин ҳамла мавозеъи муҳоҷимонро шиносоӣ карда ва онҳоро ҳадаф қарор додем. Бар асоси баровардҳои аввалия ҳамчунин 3 тонк ва 2 хумпораандози мутааллиқ ба режими Асад мунҳадим шуда ва 1 фурванд болгарди ин режим низ маврид исобат қарор гирифтааст. 

Дар чорчӯби дифоъи машрӯъ, ҳамла ба мавозеъи режими Асад дар Идлибро идома хоҳем дод.” 

Имрӯз дар расонаҳо аксҳое аз танку тӯпҳои харобшудаи Туркия бар асари ҳамлаи режими Асад нашр шуда. Гуфта мешавад ин аксҳо ба ҳамлаи қаблӣ, яъне дар 3 феврал мутааллиқанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *