Рубрики Хабарҳо

Боздошти 42 нафар ҳини убури ғайриқонунии марзи Беларус ва Лаҳистон

Рӯзи якшанбеи 17 апрел 42 муҳоҷир кӯшиш карданд, ки аз Беларус ба Полша ғайриқонунӣ ворид шаванд. Дар миёни онҳо шаҳрвандони Куба ва Тоҷикистон низ будаанд.

Дар ин бора дафтари матбуоти хадамоти марзбонии Лаҳистон хабар медиҳад.

Шабу субҳи 18 апрел аллакай 32 маротиба чунин кӯшиш ба қайд гирифта шуда,  аз ҷумла як гурӯҳи 23-нафара дар маҳаллаи назди калисои Дубичи боздошт шудааст.

Марзбонони Лаҳистон панҷ нафарро барои кумак ба муҳоҷирони ғайриқонунӣ боздошт карданд. Инҳо ду шаҳрванди Ҳиндустон ва ҳамчунин шаҳрвандони Тоҷикистон, Беларус ва Украина мебошанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *