Рубрики Хабарҳо

Муомила бо падари гунаҳгор

Солҳои охир ибораҳое дар байни мардум, махсусан дар байни ҷавонон хеле чарх мезанад. Яке мегӯяд, падари ман намоз намехонад, оё ӯ  сазовори эҳтиром аст? Дувумин мегӯяд, ҳар вақто ба падарам пул додам, онро сарфи алкол мекунад, мешавад, ки ба ӯ ҳаргиз пул надиҳам? Дигаре мегӯяд, падарам ба хотири  намозхониам бо ман қаҳр аст. Ибораҳои дигари шабеҳи инҳо хеле зиёданд. 

Пеш аз ҳама бояд фаромӯш насозем, ки ҳукумати шӯравӣ бо он режими бехудоӣ, ҳафтод сол болои сари мардуми мо ҳукумрон буд. Мардумро ҳафтод сол таълим доду даъват кард, то дини Исломи худро фаромӯш созанд. Агарчӣ ҳукумати ҳафтодсолаи шӯравӣ эътиқоди мардумро аз дили мардум ба пуррагӣ решакан накарда бошад ҳам, бешак асарҳои исломситезии худро дар қалби аксарият ҷой дод. Дар шароити имрӯза аксари ҷавонон аз исломситезии падарон шикоят мекунем, аммо фамомӯш месозем, ки падарон бо кадом сабаб ба ин ҳол расиданд.

Шӯравӣ ҳафтод сол ба мағзи инсонҳо кор кард, то назарашон ба Ислом дигаргун гардад, мо бошем, мехоҳем дар як сол кулли назари бузургонро тағйир диҳем. 

Ҳар нафаре, ки аз падари худ шикоят дорад, ки падараш аз аҳли салоҳ нест, падараш олудаи гуноҳ аст, падараш арзандаи некии фарзандон нест, пеш аз ҳама ба қиссаи Иброҳими Халил нигоҳ кунад.

Қиссаи Иброҳим алайҳи саллом борҳо дар Қуръон зикр шудааст. Беҳтарин намунаи фарзанди солеҳро метавонем аз ин қисса бардошт кунем.

Бо вуҷуди он, ки Иброҳим паёмбари тавҳид буд, мардумро ба дини яктопарастӣ даъват мекард, дар айни замон падари Иброҳим Озар оташпараст, зардӯштӣ буд.  Дини фарзандашро инкор мекард, тамоми кӯшишашро сарф мекард, то Иброҳим аз дини яктопарастӣ баргардад. Иброҳими Халил бо падари кофари худ, бо падаре, ки сад дар сад оташпараст асту заррае дар вуҷудаш имон нест, чигуна муносибат кард?

Аллоҳ дар китобаш қиссаи даъвати Иброҳим падари кофарашро ин гуна васф мекунад:

يا ابتي اني قد جاءني من العلم ما لم ياتك فاتبعني اهدك صراطا سويا

Падарҷон, ба ман илми Раббоние расидааст, ваҳйи Илоҳӣ омадааст, ки ту аз он бехабар ҳастӣ, ба ту аз он илм нарасидааст, маро пайравӣ кун, туро ба роҳи рост роҳнамоӣ мекунам.

يا ابت اني اخاف ان يمسك عذاب من الرحمن فتكون للشيطان وليا

Падарҷон, ман барои ту метарсам, ман аз он метарсам, ки ба хотири хатогиҳоят, Аллоҳ туро азоб кунад ва ту ҳамнишину дӯсти шайтон гардӣ. Тамоми даъвати ман барои он аст, ки ту ҳидоят ёбӣ, наҷот ёбӣ, азоб накашӣ.

Бо ин ҳама меҳрубонӣ бо калимаи Абати, ки дар забони арабӣ услуби мулотифат падарҷонам аст, вақте Имроҳим падарашро даъват мекунад, падари Иброҳим дар посухи ин ҳама лутфу меҳрубонӣ чӣ мегӯяд:

اراغب انت عن الهتي يا ابراهيم لئن لم تنتهي لارجمنك واهجرني مليا

Эй Иброҳим, оё ту аз худоҳои ман рӯй мегардонӣ, агар ин даъватҳоятро бас накунӣ, туро сангсор мекунам, аз назди ман дур шав, бирав.

Озар ба тамоми он мулотифати Иброҳим бо дуруштӣ ҷавоб медиҳад, Иброҳимро аз наздаш таҳдидкунон меронад, аммо Иброҳим дар посухи он ҳама зулми падар мегӯяд:

قال سلام عليك ساستغفر لك ربي انه كان بي حفيا

Падарҷон, бароят амну салом таманно мекунам, ту имон наовардӣ, аммо ман бароят танҳо хубӣ мехоҳам, боз бароят аз Парвардигорам талаби мағфират мекунам, аз Аллоҳ мехоҳам, то туро бубахшад, ба рости, ки Ӯ Парвардигор меҳрубон аст, дуоҳои маро қабул мекунад. (сураи Марям оятҳои 43,47)

Албатта, сипас Аллоҳ ба Иброҳим хабар медиҳад, ки агарчӣ Озар падараш аст, вале ӯ имон наовард ва дар ҳаққаш талаби истиғфор набояд кард.

Аммо ба услуби даъвати Иброҳим нигоҳ кенед, бо тамоми фурӯтаниву меҳрубонӣ, бо тамоми самимияту ғамхорӣ падари худро чӣ гуна даъват кард.

Иброҳим метавонист бо як калима, ту кофир ҳастиву ман яктопараст гӯён падарашро тарк кунад, чӣ гунае, ки аксари ҷавонон падарам бенамоз аст гӯён, падарро тарк мекунанд, аммо Иброҳим паёмбар аст, парвардигораш ба Иброҳим омӯхтааст, ки падар агарчӣ оташпараст бошад ҳам, ӯ ҳаққи падарӣ дорад, ба ӯ дод назан, ӯро бо меҳрубонӣ даъват кун.

Яке аз дӯстон боре бо гиря нақл мекард. Мегӯяд, падару модарам аз шахсони замони шӯравӣ буданд. Модарам намоз намехонд падарам алкол менӯшид. Бо даъвати баъзе дӯстон ман каме аз ҳалолу ҳаром бохабар шудам. Фаҳмидам, ки алкол ҳаром аст, бенамозӣ гуноҳ аст ва дигарҳо. Аз рӯзе, ки аз ҳаром будани алкол бохабар гаштам, пайваста дар хона бо падару модар ҷангҷол мекардам. Гоҳе мешуд падарамро кош падари ман намебудӣ гӯён, таъна мезадам. Моҳҳо мегузашту дар хонаи мо талош давом мекард. Чӣ қадаре, ки ман бо ҷӯшу хуруш ҳалолу ҳаромро ба падару модар мегуфтам, ҳамон қадар онҳо нисбати диндорону ахлоқи ман нафрат пайдо мекарданд. Ҳеҷ тағйироте дар ахлоқашон надидам. Баръакс алоқаи духтариву падарии мо хеле заъиф шуда буд, эҳсос мекардам, ман падарамро дӯст намедорам, ӯ низ маро дигар мисли пештара дӯст намедорад. То ин ки ба яке аз ҷавонони таҳсилкарда ба шавҳар баромадам, он ҳам бо хоҳиши худам. Шавҳарам  маро барои таҳсил ба хориҷ бурд. Пас аз он, ки қиссаи даъвати Иброҳими паёмбар падари кофирашро хондам, пас аз он ки дар даъвати падарҷон гӯиҳои Иброҳиро аз Қуръони Карим хондаму дарк кардам, фаҳмидам, ки байни даъвати мани ҷоҳил ва даъвати солеҳону паёмбарон чӣ қадар фарқи бузург будааст. Ба падарам гирякунон, узрхоҳон нома навиштам, ту гунаҳгор нестӣ, ин манам, ки гуноҳ кардам, гуфтам, ҳамон рӯзе, ки номаамро падарам хонд ба ислоҳ гаштан, шурӯъ кард. Мушкили дар падари ман набудааст, мушкили дар услуби даъвати ман, тарзи фаҳмондани ман будааст, афсӯс, ки дер фаҳмидам.

Дар қиссаи Иброҳим бо падар чизи аҷиби дигаре аст.

Вақте Иброҳим, пас аз солҳо фарзанддор мешаванд, ба Иброҳим ваҳй мешавад, то писари ҷигарбандашон, Исмоили пас аз солҳои интизори таваллуд шудаашонро забҳ кунанд, гардан зананд. Иброҳим ба фарзанди ҷавонашон мегӯянд, писарам ба ман амр шуд, то туро қурбонӣ кунам. Исмоил дар ҷавоб чӣ мегӯяд, чаро, барои чӣ маро бояд бикушӣ? На, инҳоро аслан ба забон намеорад, барои он ки ӯ фарзанди ҳамон падар аст, ҳамон Иброҳиме, ки накӯкори падар буд, меҳрабони Озари зардушт буд. Исмоил дар посух ба падар мегӯянд:

يا ابت افعل ما تؤمر ستجدوني ان شاء الله من الصابرين

Падарҷон, ҳар он чие, ки ба ту амр шуд, онро бикун, агар бароят амр шуд, то маро бикушӣ, пас маро бикӯш, нигарон набош, иншоаллоҳ маро аз ҷумлаи собирон меёбӣ, ман доду фиғону норозигӣ намекунам, ман сабр мекунам, ба ту кӯмак мекунам. (сураи Соффот ояти 102)

Айнан бо ҳамон услуби падари Исмоил падарҷон гӯён ба падар посӯх мегӯяд. 

Уламо дар тафсири ин оятҳои карима мегӯянд, Иброҳим замоне падарҷон гӯён ба падари худ меҳрубонӣ мекард, ҳаққи падариро баҷо меовард, имрӯз он некии кардаашро аз фарзандаш Исмоил дида истодааст.

Ҳидояти падарҳо ба дасти мо нест, ҳамон гунае, ки ҳидояти Озар ба дасти Иброҳим набуд, аммо чизи дигаре ба дасти мо аст, некиҳое, ки дар ҳаққи падар мекунем аз Исмоилҳоямон ба мо бармегарданд. Ҳарчӣ кардем, бармедорем.

Муслимаи Аҳмадӣ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *