Рубрики Хабарҳо

Ҷузъиёти тоза аз солҳо ҷосусӣ аз Эрон ва даҳҳо кишвари дигар

Расонаҳои суисӣ ҷузъиёти бештаре аз ҷосусии созмонҳои иттилоотии Амрико ва Олмон аз Эрон ва беш аз сад кишвари дигарро фош карданд. Ин амалиёт бо истифода аз таҷҳизоти рамзгузории ширкати “KRYPTO”-и Суис чанд даҳа идома доштааст. 

Таҳқиқоти густурдаи рӯзномаи Вашингтон пост ва ду шабакаи телевизионии Олмон ва Суис (Швейтсария) (ZDF ва SRF), ки бахше аз натоиҷи он сешанбе 11 феврали 2020 мунташир шуд парда аз моҷарое бардошт, ки ба “амалиёти рубикон” маъруф буд ва дар дунёи ҷосусӣ бесобиқа хонда мешавад. 

Дар ин амалиёти Созмони иттилооти марказии Амрико (CIA) ва Ожонси иттилоотии федерали Олмони ғарбӣ бо истифода аз таҷҳизоти ширкати швейтсарияӣ “KRYPTO”, ки дар воқеъ як ширкати пӯшишӣ дар хидмати онҳо буда, чанд даҳа муваффақ ба рамзгушоӣ аз паёмҳои маҳрамонаи ҳукумати беш аз сад кишвар шудаанд. 

Ҷумҳурии исломӣ дар даврони ҷанги Эрону Ироқ ва Чилӣ дар давраи кудатои генерал Пиночет алайҳи давлати Салвадор Аланда аз ҷумлаи қурбониёни амалиёти муштараки созмонҳои ҷосусии Амрико ва Олмон будаанд. 

Бо таваҷҷуҳ ба “бетарафии”-и Суис, нақши ширкате аз ин кишвар, ки имкони ҷосусии густурда ва тӯлонимуддатро фароҳам карда бо ҳассосияти зиёде думбол мешавад. Шӯрои федеролии Суис таҳқиқ дар бораи ин моҷароро дар дастури кор қарор дода ва дархостҳо барои ташкили комиссияи вежое дар парлумон барои расидагӣ ба он афзоиш ёфтааст. 

Пойгоҳи хабарии “Уотсон”-и Суис дар гузорише, ки панҷшнбе 13 феврал мунташир шуд бо ишора ба таҳаввулоти ахир навишта, ки собиқаи таҳқиқ дар бораи ширкати “KRYPTO” ба даҳаи 90-и қарни бистум бозмегардад, аммо он чи тоза аст густурдагии абъоди ин моҷаро ва фаъолиятҳои ҷосусии Амрико ва Олмон дар ҷараёни муҳиммтарин рӯйдодҳои таърихӣ аз даҳаи ҳафтоди мелодӣ ба баъд аст. 

Ҷосусӣ дар рӯйдодҳои муҳими таърихӣ 

Феҳристи муҳиммтарин рӯйдодҳои таърихӣ, ки дар ҷараёни он созмонҳои ҷосусии Амрико ва Олмон бо истифода аз таҷҳизоти ширкати KRYPTO ба рамзгушоӣ аз паёмҳои маҳрамонаи кишварҳои мухталиф пардохтаанд бо воқеъаҳои Чилӣ дар 1973 оғоз мешавад. 

Дар соли 1973 генерал Августо Пиночет алайҳи раисҷумҳури мунтахаб ва чапгарои Чилӣ, Салвадор Аленде кудато кард ва қудратро дар даст гирифт. Нақши Созмони CIA дар ин кудато аз солиёни пеш ошкор шуда буд, аммо акнун мушаххас шуда, ки ин Созмон бо ёрии таҷҳизоти ширкати KRYPTO аз тамоми таҳаррукоти Аленде ба хубӣ иттилоъ доштааст. 

Сол 1976 низомиёни Аргентина қудратро дар даст гирифтанд ва шиканҷа ва озори мухолифонро оғоз карданд ва дар мавориде онҳоро аз ҳавопаймо ба дарё андохтанд. Созмонҳои ҷосусии Олмон ва Амрико ба рағми иттилоъи дақиқ аз ин ҷиноятҳо ҳеҷ иқдоме барои ифшогарӣ ва ҷилавгирӣ аз он накарданд. 

Соли 1978 Ҷими Картер, раисҷумҳури вақти Амрико дар Кемп Девид мизбони сарони Исроил ва Миср барои имзои қарордоди сулҳ миёни ин ду кишвар буд. Аз он ҷо, ки Миср монанди беш аз сад кишвари дигар барои рамзгузории паёмҳои худ аз дастгоҳҳои ширкати швейтсарияӣ истифода мекард, Картер дар тамоми муддат аз тариқи Созмони CIA дар ҷараёни мавозеъ ва тасмимҳои маҳрамонаи Миср қарор дошт. 

Ишғоли сафорати Амрико, ҷанги Эрон ва Ироқ 

Соли 1979 замоне, ки гурӯҳи мавсум ба донишҷуёни пайрави хатти имомӣ сафорати Амрико дар Теҳронро ишғол карданд ва 52 дипломат ва корманди сафоратро гаравгон гирифтанд, маъмурони иттилоотии Иёлоти муттаҳида аз тариқи таҷҳизоти ширкати KRYPTO, ки дар даврони паҳлавӣ харидорӣ шуда буд паёмҳое рамзгузоришудаи фаровонӣ аз Эронро рамзгушоӣ мекарданд. 

Пойгоҳи хабарии “Уотсон”-и Швейтсария менависад суъистифода аз таҷҳизоти ширкати KRYPTO дар ҷараёни ҷанги ҳаштсола миёни Эрон ва Ироқ низ идома дошт ва Созмони иттилоотии Амрико иттилооти маҳрамонаи зиёдеро, ки аз ин тариқ ба даст оварда буд, дар ихтиёри Ироқиҳо қарор дод. 

Соли 1982 низомиёни Аргентина ҷазоири Фолкленди Бритониёро ишғол карданд ва бо ин кишвар вориди ҷанг шуданд. Дар ин моҷаро низ Созмони иттилоотии Амрико ба баракати таҷҳизоти ширкати суисӣ аз фаъолияти нерӯҳои аргентинагӣ матлаъ мешуд ва иттилооти худро дар ихтиёри муттаҳидаш Бритониё қарор медод. 

Маргарет Тэтчер, нахуствазири вақти Бритониё бо истифода аз ин иттилоот фармони ҳамла ба як киштии аргентинагиро содир кард, ки дар ҷараёни он беш аз 300 сарбоз кушта шуданд. 

Сол 1986 дар пайи инфиҷори бомбӣ дар як диско дар Берлин, ки низомиёни амрикоӣ аз муштариёни аслии он буданд, се нафар кушта шуданд. Иттиҳоми анҷоми ин бомбгузории мутаваҷҷеҳи давлати Либия буд аммо дар мавриди он итминоне вуҷуд надошт. Аз он ҷо, ки диктатори собиқи Либия, Муаммар Қаззофӣ яке аз муштариёни ширкати KRYPTO буд Созмони CIA хеле сареъ ба дахолати ин кишвар дар бомбгузорӣ пай бурд ва мутобиқи он раисҷумҳури вақтии Амрико Роналд Рейгон фармони як ҳамлаи талофиҷуёна ба Либияро содир кард. 

Аз ибтидои даҳаи 90-и мелодӣ нишонаҳо ва гузоришҳое дар мавриди суъистифодаи созмонҳои ҷосусии Амрико ва Олмон аз таҷҳизоти рамзгузории ширкати KRYPTO фош шуд ва шуморе аз кишварҳо қарордодҳои худ бо ин ширкатро лағв карданд. 

Боздошти ҳамкори KRYPTO дар Теҳрон ба иттиҳоми ҷосусӣ 

Дар Ҷумҳурии Исломӣ низ аз соли 1992 суъизанҳое дар мавриди таҷҳизоти ширкати суисӣ вуҷуд дошт, ки ба боздошти Ҳонс Буҳлер (Нans Вühler), ҳамкори ин ширкат ба иттиҳоми ҷосусӣ ва зиндонӣ карданаш барои беш аз 9 моҳ мунҷар шуд. Бо ин ҳама Эрон то чанд сол баъд ҳамчунон аз ин таҷҳизот истифода мекардааст. 

Ба гузориши расонаҳои суисӣ, асноди тоза ифшошуда ҳокӣ аст, ки Ожонси иттилооти федерали Олмон барои озодии ҳамкори ширкати KRYPTO ҳудуди як миллион доллар ба унвони васиқа пардохт кардааст. 

Ин боздошт ба “Амалиёти рубикон” зарбаи сахте зад. Бисёре аз кишварҳо яке баъд аз дигар истифода аз таҷҳизоти рамзгузории ширкати суисиро мутаваққиф карданд ва Созмон иттилоотии Олмон соли 1993 ба ҳамкории худ бо он хотима дод. 

Ҳонс Буҳлер, ки рӯзномаи Вашингтон пост ӯро яке аз беҳтарин фурӯшндагони ширкати суисӣ мехонд, як моҳ пас аз озодӣ аз зиндони Эрон аз кор барканор шуд ва дар пайи шикояти ширкати KRYPTO ба иттиҳоми зарба задан ба эътибори ширкат муҳокима ва дар додгоҳи бадавӣ маҳкум шуд. Дар ниҳоят ду тараф хориҷ аз додгоҳ ба тафоҳум расиданд ва парванда хотимаёфта эълом шуд. 

Огоҳии мақомоти суисӣ аз моҷаро? 

Он замон манобеъи расмӣ дар Швейтсария дар мавриди ҳамкории ширкати KRYPTO бо дастгоҳҳои иттилоотӣ изҳор беиттилоӣ мекарданд. Натоиҷи таҳқиқоте, ки ба тозагӣ мунташир шуда ва аз ҷумла бар асноди рафъи табақабандишудаи Созмон CIA муттакӣ аст, хилофи ин иддаоро нишон медиҳад. 

Шабакаи телевизионии ZDF гузориш медиҳад, ки дар ибтидои даҳаи 90-и мелодӣ иддае аз мақомҳои суисӣ аз ҳамкории ширкати KRYPTO бо созмонҳои иттилоотии Амрико ва Олмон бохабар буданд ва ҳозир шуданд дар мавриди он сукут кунанд. 

Қатъи ҳамкории Олмон бо “Амалиёти рубикон” фақат ба далели боздошти ҳамкори ширкати KRYPTO дар Теҳрон набуд. Ин иттифоқ андаке пас аз поёни даврони ҷанги сард, фурӯпошии девори Берлин ва ваҳдати ду Олмон рух дод. 

Бинобар гузоришҳо Олмони муттаҳид дар он даврон нигарон буд, ки ҳампаймонони аврупоияш, ки бисёре аз онҳо аз таҷҳизоти ширкати суисӣ истифода мекарданд аз ин моҷаро хашмгин шаванд ва ин мавзӯъ бар равобити сиёсӣ ва иқтисодии ду тараф таъсири манфӣ бигузорад. 

Ҳамкори ширкати суисӣ дар Теҳрон зоҳиран пеш аз боздошт аз ҳамкории ин ширкат бо созмонҳои ҷосусии Амрико ва Олмон иттилоъе надоштааст. Ў, ки он замон 51 сола буд соли 2018 даргузашт ва наметавонд дар мавриди ифшогариҳои ҷадид изҳори назар кунад. Ширкати KRYPTO ду соли пеш ба таври расмӣ мунҳал шуд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *