Рубрики Хабарҳо

Гурӯҳи аввали аз Чин баргаштагон ба хонаҳояшон рафтанд

Мақомоти Тоҷикистон гурӯҳи аввали шаҳрвандонро, ки аз Чин баргашта ва зери назорати пизишкон буданд, ба хонаҳояшон ҷавоб додаанд. Ба иттилои хабаргузории “Азия-Плюс”, рӯзи 14-уми феврал 88 нафар аз бемористони касалиҳои сироятии шаҳри Душанбе рухсат шуданд. Ин афрод ду ҳафта пеш аз Чин баргашта буданд. Дар миёни онҳо шаҳрвандони Чин низ ҳастанд.

Дар Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯянд, то имрӯз тақрибан 900 нафареро, ки аз Чин омадаанд, дар бемористону осоишгоҳҳо ҷой кардаанд. Онҳо бояд 14 рӯз муҳлати карантинро сипарӣ кунанд.

Як донишҷӯи тоҷик, ки аз аввали ин моҳ дар бемористони касалиҳои сироятии шаҳри Хуҷанд зери муоинаи пизишкон қарор дорад, рӯзи 14-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, қарор аст, онҳоро фардо ба хонаҳояшон ҷавоб диҳанд.

Ин ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ афзуд, рӯзи 1-уми феврал ӯ ва нӯҳ ҳамдарсаш дар яке аз донишгоҳҳои Чин, тариқи Екатеринбург ба Хуҷанд омаданд ва аз фурудгоҳ рост ба бемористон бурда шуданд. Ба гуфтаи ӯ, дар Бемористони маризиҳои сироятии Хуҷанд ҳудуди 50 нафар зери муоина қарор доранд.

Рӯзи чаҳоршанбе бар асари ин вирус дар Чин дар як рӯз 242 нафар ҷон бохтанд. Шумораи умумии қурбониён ҳоло дар Чин ба 1347 нафар расидааст. Ҳоло 60 ҳазор нафар дар саросари ҷаҳон ба вируси корона гирифтор шудаанд.

Ин вирус дар оғоз дар шаҳри Вуҳани Чин сабт шуд ва ба як бӯҳрони ҷиддии тандурустӣ дар саросари ҷаҳон табдил ёфт ва ба дигар кишварҳо, аз ҷумла, ҳамсояҳои Чин низ сироят кард.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *