Дар вокуниш ба тасмими тозаи Толибон дар бора манъи кори занон дар муассисаҳои ғайрдавлатӣ, Созмони ҳимоят аз кӯдакон, Шӯрои паноҳандагони Норвеж ва Муассисаи хайриявии Шведсия фаъолияташонро дар Афғонистон мутаваққиф карданд. Ин созмонҳо дар баёнияи муштарак гуфтанд, ки бидуни кормандони зан наметавонанд ба таври муассир ба афрод ниёзманд кумак кунанд.
Гуфтанист, рӯзи шанбе, 24 декабр, Толибон ба муассисаҳои ғайридавлатии дохилӣ ва хориҷии фаъол дар Афғонистон дастур доданд, ки фаъолияти кормандони занро то «амри баъдӣ» мутаваққиф кунанд.
Далели ин тасмимро Вазорати иқтисоди Толибон, “адами риояти пӯшидани ҳиҷоб” ва дигар қавонини ин гурӯҳ номидааст.
Дар мактуби ирсоли ба муассисаҳо аз ҷумла омадааст “Вазорати иқтисод бар асоси масъулияте, ки дорад, ба тамом муассисот ҳидоят медиҳад, ки то амри сонӣ кори тамоми кормандони унос (зан), ки дар бахшҳои марбутаашон ифои вазифа мекунандро таваққуф диҳанд”.
Вазири иқтисоди Толибон Қорӣ Динмуҳаммад Ҳаниф ҳушдор додааст, ки дар сурати иҷро нагардидани ин фармон, иҷозаи кори муассисаҳо лағв хоҳад шуд.
Ин тасмими нави Толибон ба вокуниҳи тунди байналмиллалӣ мувоҷеҳ шуд.
Раҳбарон се созмони фавқуззикр дар ин баёнияи муштарак гуфтаанд, ки аз августи 2021, ки Толибон қудратро дар Афғонистон ба даст гирифтаанд, ин созмонҳо бидуни ҳузури заноне, ки умури ин ниҳодҳоро пеш мебурданд, натавонистаанд ба миллионҳо афғони ниёзманд дастрасӣ дошта бошанд.
Дар ин баёния омадааст: фаротар аз таъсир (ин тасмим) бар ироаи кумакҳои зарурӣ, ин амр дар замони як буҳрони иқтисоди азим, бар ҳазорон шуғл таъсир хоҳад гузошт.
Дар поёни ин баёния таъкид шуда, ки ин се созмон барномаҳояшонро дар Афғонистон мутаваққиф мекунанд ва мехоҳанд занон ва мардон ба таври баробар дар расондани кумакҳои зарурӣ ин ниҳодҳо ба мардум Афғонистон саҳим бошанд.
Ин тасмим ҳамчунин эътирозҳое дар дохили зуди ҳукумати Толибон ба бор овардааст.
Амирхон Муттақӣ, вазири хориҷаи Толибон дар нишасти “Пешгирӣ аз ҷароими молиётӣ” дар Кобул гуфт, ки Толибон ба унвони ҳокимони Афғонистон масъулият дорад ба мардуми Афғонистон хидмат кунад, зеро ба гуфтаи ӯ “мардум ошиқ чеҳра”-и ин гурӯҳ нестанд ва хидмат мехоҳанд.
Вазири хориҷаи Толибон афзуд, ки чолиши мавҷуд дар кишвар бояд ҳал шавад.
Ҳамзамон мулло Абдулғанӣ Бародар, муовини сарвазири Толибон, ки ӯ низ дар ин нишаст сӯҳбат мекард, гуфт: «ба ҳеҷ сурат мардум набояд аз ҳеҷ гуна ҳуқуқ — ҳуқуқи мусаллам ва собиташон маҳрум шаванд.»
Аммо ин ду узви аршади раҳбарии Толибон дар бораи мамнуъияти кор ва таҳсили духтарон дар донишгоҳҳо ҳеҷ ишорае накарданд.
Шумори дигаре аз аъзои Толибон, аз ҷумла Анас Ҳаққонӣ, аз аъзои калидии шабакаи Ҳаққонӣ аз ин тасмим ибрози норизоиятб кардаанд.
Дар ҳамин ҳол, то кунун ба таври расмӣ ҳеҷ касе аз аъзои Толибон дар ин бора мухолифат накардааст.
Дар бархе вилоятҳои Афғонистон занон дар эътироз ба ин ду тасмими Толибон тазоҳурот карданд, аммо ба вокуниши тунди Толибон мувоҷеҳ шуда ва ҳатто қимате аз онҳо боздошт гаштанд.