Categories Хабарҳо

Вируси коруно: Чаро ду хабарнигор дар Вуҳон нопадид шудаанд?

Ин ду, шаҳрванд-хабарнигоре ҳастанд, ки ҳадафашон интиқоли “ҳақоиқ”-и  иттифоқотӣ буд, ки дар Вуҳон ҷараён дорад, яъне маркази аслии шуйӯъи вируси коруно дар Чин. 

Онҳо аз дохили шаҳре, ки иртиботаш ба хотири карантин бо бақияи кишвар қатъ шудааст гузоришҳои ҷолибе мефиристоданд ва акс ва видео дар шабакаҳои иҷтимоӣ мунташир мекарданд. 

Аммо ҳоло ангор об шудаанд ва дар замин фурӯ рафтаанд. 

Фэн Бин ва Чэн Кюсю тасмим гирифта буданд, ки аз маркази устони Ҳубэй гузориш таҳия кунанд ва ҳамаи донистаҳои худ дар бораи буҳрони мавҷуд дар Вуҳонро бо бақия дунё ба иштирок бигузоранд. 

Видеоҳое, ки мунташир карда буданд ҳазорон бор дида шуда буд. Аммо муддате аст, ки чизи ҷадиде дар каналҳояшон мунташир нашудааст ва касоне, ки корҳояшонро думбол мекарданд аз сарнавишташон эҳсоси нигаронӣ мекунанд. 

Фэн Бин  кист? 

Фэн Бин тоҷири аҳли Вуҳон аст, ки тасмим гирифта буд ба манзури “гузориши вазъияти воқеӣ” ва бо ваъдаи “талоши ҳаддиаксарӣ” гузоришҳои тасвирӣ таҳия кунад. 

Ӯ баъдан муддаӣ шуд, ки он гузоришҳо боис шуда буд, ки баъд аз бозгашт ба Чин мавриди азияти мақомот қарор бигирад ва ниҳоятан садояш хомӯш шавад. Тамоми ҳисобҳои корбарии ӯ дар шабакаҳои иҷтимоии чинӣ, ки бино бар гузоришҳо беш аз ҳафтсад ҳазор узв доштанд баста шуданд. 

Аммо садояшро натавонистанд барои ҳамеша сокит кунанд. 

Ӯ дар моҳи октябр ҳисоби корбарии ҷадиде дар Ютуб дуруст кард, ки ҳоло ҳудуди чаҳорсад ҳазор узв дорад. Теъдоди пайравонаш дар твиттер ҳам беш аз дусаду шаст ҳазор нафар аст. 

Ӯ дар авохири январ тасмим гирифт, ки ба Вуҳон сафар кунад ва аз вазъияти рӯ ба вахомати он ҷо гузориш бифиристад. 

Ӯ дар нахустин видеои худ дар Ютуб гуфт, ки “ман аз дурбин барои мустанадсозии ҳақоиқ дар ҷараён истифода хоҳам кард. Ман қавл медиҳам, ки воқеиятро пинҳон накунам.” 

Ӯ ба бемористонҳои мухталифи Вуҳон сар зад, вазъиятро баррасӣ кард ва бо беморон ба гуфтугӯ нишаст. 

Оқои Чэн медонист, ки ин кораш хатарнок аст. Ў дар авоили моҳи феврал ба Ҷон Содурс, хабарнигори Би-Би-Си, гуфтааст, ки намедонад то чӣ вақт метавонад ба кораш идома диҳад. 

Ба гуфтаи ӯ “сонсури сахте ҳоким аст ва ҳисобҳои корбарии мардумро дар сурати интишори мӯҳтавои сойти ман мебанданд.” 

Сипас дар рӯзи 7 феврал видеое дар твиттераш мунташир шуд, ки модараш дар он эълом мекард, ки як рӯз мешавад, ки хабаре аз ӯ нест. Ҳисоб твиттери ӯ дар даст яке аз дӯстонаш аст. 

Баъдан дӯсташ Шу Сёуденг дар видеои дигаре дар ютиуб муддаӣ шуд, ки ӯро ба зӯр қарнтин кардаанд. 

Мақомот чӣ мегӯянд? 

Мақомоти чинӣ дар ин замина сукут ихтиёр кардаанд. Ҳеҷ иттилоияе дар бораи маҳалли ин ду фард ба шакли расмӣ мунташир нашудааст ва мушаххас нест, ки агар карантин шуда бошанд чӣ замоне иҷозаи хурӯҷ пайдо хоҳанд кард. 

Потрик Пун, пажӯҳишгари Созмони афви байналмилал мегӯяд ҳанӯз маълум нест, ки ин ду нафар “тавассути полис боздошт шудаанд ё дар каркнтини иҷборӣ ба сар мебаранд.” 

Ба ақидаи ӯ “ҳади ақал” интизоре, ки аз мақомот меравад ин аст, ки бо аъзои хонаводаи онҳо тамос гирифта шавад. 

Оқои Пун ба Би-Би-Си гуфтааст “мақомоти чинӣ бояд хонаводаҳоро дар ҷараён бигузоранд ва ба ин ду нафар иҷоза диҳанд, ки бо вакилҳои мӯътамадашон тамос бигиранд. Агар чунин нашуд, метавон ҳадс зад, ки хатари шиканҷа ё бадрафтории дигаре онҳоро таҳдид мекунад.” 

Ба чӣ далел нопадид шудаанд? 

Пекин дасти дарози дар саркӯби фаъолоне дорад, ки садоишонро баланд мекунанд. Аз тарафи дигар, дӯст дорад нишон диҳад, ки дорад бар ин беморӣ ғалаба мекунад. 

Лизо аҷиб нест, ки ба гуфтаи яке аз пажӯҳишгарони дидбони ҳуқуқи башар, давлати Чин дар ҳоли ҳозир “ба ҳамон андоза барои сокит кардани интиқодот талош мекунад, ки барои мутаваққиф кардани шуйӯъи вирус.”

Доктор Ли Внлёнг, ки дар авохири моҳи декабр нисбат ба ин вирус ҳушдор дода буд дар идома барои худдорӣ аз пахши “назароти ғалат” таҳти фишор қарор гирифт. Ў ниҳоятан ба ин вирус мубтало шуд ва ҷонашро аз даст дод. 

Марги ӯ мавҷи бесобиқа аз хашмро ба ҳамроҳ дошт ва ба қиёми интернетӣ мунҷар шуд. Мақомоти чинӣ, ки интизори чунин вокунишеро надоштанд, саъй карданд ҳар гуна назари интиқодӣ дар бораи марги доктор Лиро сонсур кунанд. 

Ёчиу Вонг, пажӯҳишгари дидбони ҳуқуқи башар, ба Би-Би-Си гуфтааст, ки “мақомоти чинӣ собиқаи зиёде дар озор ва боздошти шаҳрвандоне доранд, ки ҳақоиқро бармало мекунанд ё даст ба интиқод аз давлат мезананд – мисли замони шуйӯъи бемории Сорс дар соли 2003, зилзилаи Винчвон дар соли 2008, тасодуфи қатораи Винжу дар соли 2011 ва инфиҷори химиёвии Тёнҷин дар соли 2015.” 

Ӯ бо ин ҳол мегӯяд, ки Чин бояд аз “оини таҷрибиёт дарс бигирад ва бифаҳмад, ки озодии иттилоот, шаффофият ва эҳтиром ба ҳуқуқи башар на танҳо монеъи шикаст додани ин вирус намешавад, балки онро тасҳил низ мекунад. Мақомоти чинӣ бо нопадид кардани ин ду нафар ба худашон латма мезананд.” 

Дар веб-сайти хабарии чинии Вибу, танҳо чанд назар вуҷуд дорад, ки аз ин ду нафар ном мебаранд ва ба назар мерасад, ки онҳо ҳам ба зудӣ тавассути сонсурчиҳои ҳавосҷами чинӣ пок хоҳанд шуд. 

Ба гуфтаи яке аз ин назарҳо “таърихро бознависӣ мекунанд. Явош явош ҷавре мешавад, ки ангор аслан касе ба номи Чэн Кюсю вуҷуд надоштааст.”

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *