Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Паймони миллии Тоҷикистон шоми дирӯз, 24 сентябр дар як пахши мустақим аз канали ютубии шахсиаш дар мавриди ҷалби тоҷикон, чи шаҳрванди Русия ва чи ғайри он суханронӣ кард. Дар ин суханронӣ, ки ҳудуди як соат тӯл кашид ӯ ба суолу дархостҳои мардум дар бораи ин ки бо вазъияти пешомада чи бархӯрде дошта бошанд, посух гуфт.
Кишварҳои диктотурӣ ҷой барои зиндагӣ кардан нестанд
Раҳбари мухолифини тоҷик гуфт қаблан ҳам вақте мушкил ба муҳоҷирин пеш меомаду ба ӯ муроҷиат мекарданд, ҳамеша тавсия медод, ки кишварҳои диктотурӣ мисли Русияву Тоҷикистон ҷой барои зиндагӣ кардан нестанд. “Онҳое, ки худшиносанду дар кишварҳои диктотурӣ зиндагӣ мекунанд ду роҳ доранд: агар имкони мубориза ҳаст мубориза мекунанду ҳукуматро тағйир медиҳанд ва озодона зиндагӣ мекунанд, агар имкон нест, ҳиҷрат мекунанд.”
Муҳиддин Кабирӣ гуфт нақшаи басиҷ дар Русия асосан аз ҳисоби майдамиллатҳо ва муҳоҷирони шаҳрвандигирифта иҷро карда хоҳад шуд. “Омори як моли гузашта нишон мдеиҳад, ки ҳар рӯз наздики 400 шаҳрванди Тоҷикистон шиносномаи русӣ гирифтанд, ки аксарашон ҷавонону мардони то 50-60 солаанд. Инҳо бо сарфи вақту маблағи зиёд шаҳрвандӣ гирифтанд ва ҳоло бояд ба ҷанг бираванд. Махсус додани шаҳрвандии Русияро осон карда буданд, то имрӯз аз ин шаҳрвандони нав истифода кунанд” — таъкид кард ӯ.
Ин ҷанг ҷанги мо нест
Раҳбари Паймони миллӣ аз тоҷикони муқими Русия, чи шаҳрвандии ин кишварро доранд чи на, даъват кард аз ширкат дар ҷанги Русияву Укроин худдорӣ кунанд ва тасреҳ кард “аввалан ин ҷанг ҷанги мо нест, сониян оқибати бисёр баде дорад, ки ӯ кушта шудан аст ё барои ҳамеша ҷинояткор шудан. Ҳар касе дар ин ҷанг ширкат кард хилофи қонунҳои Тоҷикистон ва байналмиллалӣ амал кардааст ва дар кулли дунё ҷинояткор маҳсуб хоҳад шуд”.
Раҳбари мухолифини тоҷик мавқеъи ҳукумати Тоҷикистон нисбати ин ҷангро низ бо шиддат интиқод кард ва бо “ғуломи ҳалқабардӯши Русия” номидани Эмомалӣ Раҳмон гуфт ҳукумати ӯ ҷуръат намекунад ҳатто дар сатҳи як вазорат ва ё Додситонии кулл ҷуръат надорад мардумро аз ширкат дар ин ҷанг манъ кунад, чи расад ба сатҳи худи раисҷумҳур. “Аз номи сафорат эълон мекунанд, ки ба ҷанг наравед, то аз як тараф ба ҷомеъаи ҷаҳонӣ нишон диҳанд, ки мо ҳам шаҳрвандонамонро манъ кардем, аз тарафи дигар ба Русия гӯянд, ки мо маҷбур будем, бинобар ин на дар сатҳи вазорат, балки аз номи сафорат чунин эълон кардем.”
Дар ҳамин ҳол Кабирӣ ба ин назар аст, ки дар Тоҷикистон бархе мақомот таблиғоте байни мрадум барои ширкат дар ҷанг бурда истодаанд. “Тибқи маълумоте, ки мо дастрас кардем бархе афсарони баландрутба аз ҷавонони тоҷик даъват карда истодаанд, ки аз тарафи Русия дар ин ҷанг ширкат кунанд ва ба онҳо ваъдаи даромади зиёду шаҳрвандии Русия медиҳанд”.
Ӯ бо хитоб ба тоҷикони муқими Русия, ки шаҳрвандии Русияро ба даст оврадаанд гуфт “барои шаҳрвандӣ ва шиносномаи кишваре, ки дилхоҳ мақомоташ ҳар гоҳ хост метавонад онро бекор кунад, ҷони худро ба хатар наандозед”. Ва бо шиддат аз оӯҳониён мусалмоне, ки ширкат дар ин ҷангро муҷоз медонанд интиқод кард ва аз мардум даъват кард фиреби муфтиҳову уламои дарбориро нахӯранд.
«Ҳукумат бояд тоҷиконеро, ки дар дар ҷанг ширкат кардан намехоҳанд аз Русия хориҷ кунад»
Раҳбари ПМТ аз ҳукумати Тоҷикистон талаб кард билофосила як гурӯҳи корӣ дар назди сафорати Тоҷикистон дар Маскав таъсис дода шуд, ба ҳамаи шарҳрвандоне, ки ба ҷанг чи бо таблиғ ва чи маҷбурӣ ҷалб карда мешаванд, кӯмаки ҳуқуқӣ расонанд.
Ҳамчунин даъват кард аз ҳар шаҳри бузурги Русия, ки имкони парвоз ҳаст, парвозҳо ташкил карда шуда, шаҳрвандонеро, ки мехоҳанд аз Русия хориҷ шаванд, ба Тоҷикистон баранд. “Шояд бигӯед, ки ҳавопаймо намерасад. Ҳазорҳо ҳавопаймои Русия бинобар таҳримҳо бекор хобидаанд ва мунтазиранд, ки касе иҷора гирад. Иҷора гиред ва шабонарӯзӣ парвоз ташкил кунед” — таъкид кард ӯ.
Кабирӣ ҳамчунин аз волидони муҳоҷирин дар Тоҷикистон хост аз ҳукумат талаб кунанд фарзандонашонро баргардонанд. Ва аз худи муҳоҷирин даъват кард аз ҳукумати Русия ва сафорати Тоҷикистон ҳуқуқҳои худро талаб кунанд ва аз рафтан ба ҷанг даст кашанд.
Раҳбари Паймони миллӣ хабар дод ин созмон бо созмонҳои байналмилал дар иртибот аст ва аз онҳо хостааст то ба тоҷиконе ҳам, ки аз ҷанг дар Русия фирор мекунанд, кӯмак кунанд. «Ин кори мо замоне натиҷа медиҳад, ки худи шумо даст ба кор шавед ва ҳақи худро талаб кунед» — гуфт ӯ.
Шакли пурраи суханронии Муҳиддин Кабириро инҷо метавонед бубинед: