Рубрики Хабарҳо

Ҳизби ҳоким аз дебат бо ҲСДТ тарсид?

Намояндаи ҳизби ҳокимӣ Халқӣ-демократӣ ба мунозираи  пешазинтихоботӣ бо намояндаи Ҳизби сотмиал демократӣ ҳозир нашудааст. Ҳарчанд ҲХДТ расман ширкат дар мунозираро қаблан тасдиқ карда будааст. 

Даври дуюми мунозира ё дебати пешазинтихоботӣ, ки Радиои Озодӣ дар Душанбе ташкил кардааст, рӯзи 19 феврал бидуни ширкати намояндаи Ҳизби ҳокими халқии демократии Тоҷикистон баргузор шуд. Танҳо номзади ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон Шокирҷон Ҳакимов ба студия ҳозир шуда, намояндаи ҳизби ҳоким аз ширкат худдорӣ кардааст.

Тибқи иттилоъи сойти  Радиои Озодӣ, қарор буд дар даври дуввуми дебат, ки имсол бо ҳадафи ошноии беҳтари интихобкунандҳо бо барномаву ҳадафҳои ҳизбҳои сиёсии муддаии курсии парлумони Тоҷикистон ташкил шудааст, намояндаи ду ҳизби мухталифи сиёсӣ – Ҳизби ҳокими халқии демократӣ ва Ҳизби сотсиал-демократӣ ширкат кунанд. Радиои Озодӣ ҲХДТ-ро нахуст ба таври хаттӣ даъват карда ва онҳо дар оғоз розӣ шуданд, ки дар ин нишаст иштирок кунанд, вале баъд ширкат дар мунозираро рад кардаанд.

Дар ситоди интихоботии Ҳизби ҳокими халқии демократии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтаанд, ки дар сурати ба баҳс даъват шудани ҳама намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ онҳо омодаанд ба ин нишаст намояндаи худро фиристанд. Баъди ин дигар ҳизбҳои кисагӣ ҳам даъвати ширкат дар мунозираро рад кардаанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *