Рубрики Хабарҳо

Тоҷикистону САҲА чорабиниҳои зидди маводи мухаддир барпо мекунанд

Тоҷикистон ва Созмони Амният Ҳамкории Аврупо лоиҳаи “Нақшаи чорабиниҳои муштараки Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе бо Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон барои соли 2020” – ро ба имзо расониданд

Шерхон Салимзода раиси Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Флорин Разбергер раиси бахши сиёсии – низомии дафтари барномаи Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар Душанбе ин тарҳро имзо карданд. 

Бино бар иттилои Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон, нақшаи мазкур аз омӯзиш ва тайёр намудани тренерҳои касбӣ аз ҳисоби кормандони ҷавони Агентӣ дар самти муборизаи қочоқи маводи мухаддир, баргузории чорабиниҳои зиддинашъамандӣ барои паст кардани сатҳи нашъамандӣ ва вобастагӣ тавасути муносибати пурарзиш, таваҷҷуҳ ба шароит ва гуруҳҳои осебпазир ва дигар барномаҳои оммавӣ иборат мебошад.

Ҷонибҳо амалишавии Нақшаи мазкурро бо манфиати ҷомеа шуморида иброз доштанд, ки татбиқи он ҳарчи зудтар ба роҳ монда шавад.

Шерхон Салимзода дар идомаи маросим гуфт, вурӯд ва тавзеъи маводи мухаддири нав ва маводи равонгардон ба кишвар нигаронкунандааст.

Раиси Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ба  Флорин Разбергер раиси бахши сиёсӣ – низомии дафтари барномаи Созмони амнияти ҳамкории Аврупо дар бораи вазъияти маводи мухаддир дар Тоҷикистон , минтақа ва ҳамчунин иқдомҳои иҷрошудаи давлат барои кантроли вруди маводи мухаддири нав ба кишвар, пешгири аз эътиёд ва тарвиҷи шеваи зиндагии солим дар байни мардум гузориш дод.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *