Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, зимни ҷамъомад бахшида ба 27 – солагии таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳ хостори ироаи сабукӣ ба хидматкардаҳо дар артиш ҳангоми қабул ба кору таҳсил шуд ва таъкид намуд, ки фарзандони вакилону вазирон бояд дар навбати аввал хидмат кунанд
Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки зимни қабул ба вазифаҳои масъули давлатӣ, адои хизмати ҳарбӣ ҳамчун сифати асосӣ ва мусбати хислатномаи довталабон ба назар гирифта шавад.
Ин дастури раисҷумҳур дар ҳолест, писарбузургаш Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе бидуни хидмати ҳарбӣ дорои рутбаи генералӣ мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон зимнан супориш дод, ки барои онҳое, ки адои хидмати ҳарбӣ кардаанд, имтиёзҳои муайян, дар навбати аввал, ҳангоми қабул ба муассисаҳои таҳсилоти олии ҳарбии дохил ва хориҷи мамлакат, бидуни озмун шомил гардидан ба коллеҷу литсейҳо ва аз рӯи ихтисос бо ҷойи кор таъмин шудани онҳо муқаррар карда шаванд”.
Раисиҷумҳур афзуд, ҳар як сарбоз дар давраи хизмати ҳарбӣ илова ба гузаштани курсҳои махсуси тахассусӣ, инчунин, касбу ҳунарҳои гуногун, аз ҷумла ронандагиву дуредгарӣ, кафшергару сохтмончӣ, устои барқ ва таъмири автомашинаҳо ва забонҳои хориҷиро низ омӯзад, то ин ки баъди хизмат, роҳи фардои зиндагии худро пайдо карда тавонад.
Инчунин раисиҷумҳур бо зикри вазъияти мураккаб дар минтақа ба Ҳукумати мамлакат супориш дод, ки шумораи захираи сафарбарӣ, яъне афсарону сарбозони эҳтиётро аз 110 ҳазор ба 300 ҳазор нафар зиёд намояд.