Раиси ситоди артиши Исроил аз омодагӣ барои тарҳи барномаҳои амалиёти ҷадид ба манзури муқобила бо барномаи ҳастаии Эрон хабар дод.
Авив Кухови, раиси ситоди артиши Исроил бахши аъзам суханони худ дар нишасти маҷозии маркази мутолиоти амнияти миллии ин кишварро ба Эрон ихтисос дод.
Вай дар бораи эҳтимоли бозгашти давлати Ҷо Байден ба қарордоди ҳастаии Эрон мавсум ба “Барҷом”, гуфт: Бозгашт ба тавофуқи ҳастаӣ 2015 ё тавофуқномаи мушобеҳ, ки мавориде дар он беҳбуд ёфта, дуруст нест.
Кухови ҳамчунин дар бораи барномаи ҳастаӣ Эрон изҳор дошт: мумкин аст Эрон тасмим бигирад ба сурати махфиёна ё таҳрикомез бомби (ҳастаӣ) тавлид кунад. Ба воситаи ин таҳлили бунёдӣ, ба (артиши Исроил) дастур додаам, ки барномаҳои амалиётӣ илова бар барномаҳои феълӣ омода кунанд. Дар ҳоли баррасии ин тарҳҳо ҳастем ва соли оянда онро тавсия хоҳем дод.
Вай зимни ишора ба он ки тасмими иҷро ё адами иҷроии тарҳҳои мазкур бар уҳдаи давлати Исроил хоҳад буд, гуфт: Аммо лозим аст ин тарҳҳо омодаи иҷро бошанд.
Гуфтанист Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико 2018 аз тавофуқи ҳастаӣ бо Эрон ва гурӯҳи 5+1 мавсум ба “Барҷом” , ки дар соли 2015 имзо шуда буд хориҷ ва таҳримҳои Амрико алайҳи Эронро дубора вазъ кардааст. Пас аз он Эрон эълом карда, ки аз бархе тааҳҳудоти барҷомии худ хориҷ мешавад.