Рубрики Хабарҳо

$20 млн дар як моҳ дар савдои Тоҷикистону Ӯзбекистон ғайб зад

Аз тиҷорати байни Тоҷикистону Ӯзбекистон дар моҳи январи соли ҷорӣ наздик ба $20 млн ғайб задааст. Фарқи маълумоти омории ду кишвар қариб ду баробаранд.

Тибқи маълумоте, ки Агентии омори назди президентии Тоҷикистон пешниҳод кардааст, моҳи аввали соли ҷорӣ гардиши молӣ байни Тоҷикистону Ӯзбекистон $22,8 млн-ро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2 баробар бештар аст.  

$3,6 млн-и тиҷорати дутарафаро содироти Тоҷикистон ба Ӯзбекситон ва $19,2 млн-и онро воридоти молу маҳсулот аз Ӯзбекистон ташкил медиҳад.

Аммо Кумитаи давлатии омори Ӯзбекистон маълумоти дигарро ироа мекунад, ки нишон медиҳад гардиши мол байни ду кишвар қариб ду баробар бештар аз он аст, ки ҷониби Тоҷикистон нашр кардааст. Тибқи иттилоъи ҷониби Ӯзбекистон гардиши мол байни ду кишвар дар моҳи январи соли ҷорӣ  $41,3 млн-ро ташкил додааст. $30 млн-и он ба содироти Ӯзбекситон ба Тоҷикистон рост омада, ба маблағи $11,3 млн молу маҳсулоти Тоҷикистон ба ҳамсоякишвар ворид шудааст. 

Ин тафовут омори ду кишвар бори аввал нест. Агентии омори назди президентии Тоҷикистон гардиши мол байни ду кишвар дар соли 2019-ро $362 млн эълом кард, аммо Кумитаи давлатии омори Ӯзбекистон онро $135 млн бештар нишон медиҳад ва мегӯяд Тоҷиикистону Ӯзбекистон ба маблағи $497 млн доду ситад кардаанд.

Қаблан ҳамин гуна маълумоти фарқкунанда дар тиҷорати байни Тоҷикистону Чин садо дода буд: Оҷонсии омор ва хадамоти гумрукии Тоҷикистон ҳаҷми додугирифти мол бо Чин дар соли 2018-ро ҳудуди $651 млн гуфтанд, аммо Эмомалӣ Раҳмон эълон кард ин ҳаҷм $2 млрд-ро ташкил медиҳад.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон зимни мулоқоташ бо ҳамтои чинии худ Си Ҷинпин гуфт “мубодилаи мол миёни кишварҳои мо соли гузашта тақрибан 2 миллиард долларро ташкил кард”. 

Кадоме аз ин ду омор дурӯғ аст, дарк кардан чандон мушкил нест:

1. Қаблан худи Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо кормандони гумрук, андоз ва бонкҳо бо роҳи қочоқ ворид шудани ҳаҷми асосии амволи воридшаванда ба Тоҷикистонро эътироф карда буд;

2. Аз ҳаҷми гардиши мол байни Тоҷикистону Чин на танҳо Эмомалӣ Раҳмон, балки Си Ҷинпин ҳам огоҳ аст ва имкони дурӯғ гуфтани раисҷумҳури Тоҷикистон дар ҳузури ҳамтои чиниаш баробар ба сифр мебошад.

Ин бори аввал нест, ки дурӯғи мақомот ифшо мешавад. Ҳанӯз дар соли 2013 Агентии омор ҳаҷми гардиши мол байни Тоҷикистону Чинро $631 млн. эълон крада буд, ки ҳамагӣ $84 млн.аш ба содироти Тоҷикстон ба Чн рост меояд. Он замон ҳам шояд касе ба ин рақамҳо диққат намедод, агар дар охири ҳамон сол сафири Тоҷикистон дар Чин Рашид Алимов маълумоти омории ҷониби Чинро эълон намекард.

Тибқи гуфтаи сафир, гардиши мол байни ду кишвар дар 11 моҳи соли 2013 $1 млрд. 672 млн.ро ташкил додааст. $1 млрд.586 млн.и он воридот ва $85,6 млн. ба содирот рост омадааст. Он замон фарқи оморҳо 2,5 маротиба буд, ҳоло бошад беш аз 3 маротиба. Яъне иштиҳои коҷоқчиён хеле бузургтар шудааст.

Соли гузашта ҳаҷми умумии савдои хориҷии Тоҷикистон, тибқи омори расмӣ, $4,4 млрд-ро ташкл дода буд. Аммо бо назардошти маълумоти ахири Кумитаи омори Ӯзбекситон ва “ифшосозии” ахири Раҳмон мешавад гуфт, ки ҳаҷми тиҷорати хориҷӣ на камтар аз $6 млрд будааст. Ин ҳам агар воридот аз кишварҳои дигар пурра қонунӣ буда қоҷоқ вуҷуд надошта бошад, ки бовар карданаш душвор аст. Ҳади ақал аз қочоқ тавассути Афғонистон худи раисҷумҳур хабар дода буд. Дар сурати вуҷуди қочоқ дар ҳамин ҳаҷм, савдои хориҷии Тоҷикистон ҳудуди $13 млрд-ро ташкил дода, наздик ба $9 млрд-и он бо роҳи қочоқ ворид мегардад.

Бо роҳи қочоқ ворид шудани ин миқдор мол ба ин маънист, ки буҷаи Тоҷикистон солона беш аз $2 миллиардро аз аст медиҳад. Ёдовар мешавем, ки буҷаи Тоҷикистон соли гузашта $2,4 млрд-ро ташкил дода буд.

Худи Эмомалӣ Раҳмон аз ин дуздии бузурги буҷаи давлат комилан огоҳ аст ва ҳатто онро дар ҳамон вохӯрии фавқуззикр “нанотехнологияи тоҷикӣ” унвон карда буд.Ӯ ҳамчунин аз огоҳ буданаш аз ду роҳи қочоқи мол дар ҳаҷми зиёд хабар дода гуфта буд: “Ду роҳи қочоқ вуҷуд дорад. Якум вақте як мошин мегузарад, камера сабт мекунад.  Рақамҳои мошини гузаштагиро гирифта дар мошинҳои дуюму сеюм насб мекунад. Дар асл ду мошин гузашт, аммо як мошин сабт мекунанд. Роҳи дигар вақте дар дидбонгоҳ мол ворид мешавад, дар терминал бо соҳиби мол забон як карда, арзиши онро дигар мекунанд ва чи хеле хоҳанд нарх мегузоранд”.

Дар ҳоле, ки кишвар дар бӯҳрони шадиди иқтисодӣ қарор дорад, худи раисҷумҳур ҳамасола даҳҳо бор аз ҳамтоёни хориҷиашу созмонҳои молиявии хориҷӣ қарз мепурсад ва аз ин дуздии пули буҷа огоҳ аст, чаро то ҳол касе ҷазо нагирифтааст ва қочоқ идома дорад?

Тибқи ҳисоби коршиносон, 70 дарсади молҳои бо роҳи қочоқ воридшаванда ба Тоҷикистон ба наздикони раисҷумҳур таъаллуқ дорад. Духтару домодҳои ӯ воридоти тамоми молҳои талаботи аввалу дуввумро монополия кардаанд ва касе ҳақи ворид кардани ин гуна молҳоро надорад.  

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *